Баррасии таҳримҳои бештар алайҳи Эрон дар кунгреи Омрико 'ба таъвиқ афтод'

  • 20 Ноябр, 2013

Дар остонаи даври ҷадиди музокироти ҳастаии Эрон ва кишварҳои 5+1 дар Женев, Борок Убомо дар дидор бо шуморе аз сенотурҳои соҳибнуфуз бори дигар аз онон хостааст дар баррасии таҳримҳои бештар алайҳи Эрон даст нигаҳ доранд.

Ба назар мерасад ройзаниҳои давлати Омрико дар рӯзҳои гузашта барои пешгирӣ аз ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон ба натиҷа расидааст ва ин таҳримҳо дастикам зарфи рӯзҳои оянда ба баррасӣ гузошта нахоҳанд шуд.

Дидори раиси ҷумҳурии Омрико бо аъзои аршади сено аз ҳар ду ҳизби демукрот ва ҷумҳурихоҳ дар Кохи Сафед, беш аз ду соъат тӯл кашид.

Боб Куркер, сенотури ҷумҳурихоҳ, ки аз ҳомиёни ин таҳримҳои музоъаф буд, пас аз дидор бо Борок Убомо гуфт, ки бо мухолифати раҳбари аксарияти демукроти сено, имкони вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Эрон дар қолаби тамомшудаи лоиҳаи буҷети дифоъии Омрико вуҷуд надорад ва дастикам то пас аз таътилоти "рӯзи шукргузорӣ" дар Омрико, яъне то ҳудуди ду ҳафтаи дигар, имкони он нест, ки таҳрими ҷадиде алайҳи Эрон вазъ шавад.

Ба ин тартиб, баррасии таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон ба моҳи ояндаи мелодӣ ва эҳтимолан пас аз рӯшан шудани ҳосили музокироти пеширӯ мавкул мешавад.

Дар рӯзҳои гузшта бархе аз аъзои кунгре бо ибрози тардид дар натиҷабахш будани сиёсати давлати Омрико барои музокира бо Эрон, пайгири иқдоми фаврӣ барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон буданд.

Онон аз ҷумла пешниҳод дода буданд ин таҳримҳо ба лоиҳаи дифоъии Иёлоти Муттаҳида афзуда шавад, ки зарфи рӯзҳои оянда ба саҳн меояд.

Пас аз пайгириҳои Кохи Сафед ва вазорати умури хориҷаи Омрико, кумитаи умури бонкии сено ҳамчунон мусаввабаи Маҷлиси намояндагони Омрико барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эронро дар дастури кор нагузошта ва имкони афзудани ин таҳримҳо ба мутаммами лоиҳаи дифоъӣ низ баста шудааст.

"Фурсат барои диплумосӣ"

Қарор аст Эрон ва кишварҳои 5+1дар рӯзҳои оянда ва имрӯз (чаҳоршанбеи 20 ноябр) дар Женев аз сар гирифта шавад.

Даври қаблии ин гуфтугӯҳо дар бораи барномаи ҳастаии Эрон ду ҳафта пеш сурат гирифт ва вазирони хориҷаи Эрон ва кишварҳрои узви ин гурӯҳ ба истиснои Чин дар он ҳозир шуданд.

Бо ин ҳол, ин нишаст ба имзои тавофуқ мунҷар нашуд ва барои даври баъдии музокирот қарор гирифта шуд.

Дар рӯзҳои гузашта давлати Омрико борҳо аз кунгреи Иёлоти Муттаҳида хоста буд таҳрими тозае алайҳи Эрон вазъ накунад, то фурсат шавад дар ин бора аз масири диплумотик амал шавад.

Кохи Сафед дар ин бора ҳушдор дода буд, ки ташдиди таҳримҳо дар мақтаъи феълӣ гузинаҳои пеширӯро ба ҳамлаи низомӣ маҳдуд мекунад.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои умдаи ҳомии Исроил пайгири вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Эрон будаанд.

Бархе аз ҳамҳизбиҳои Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, аз ҳизби демукрот низ ҳомии ин таҳримҳои ҷадид ҳастанд.

Тарҳи ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ аз Маҷлиси намояндагони Омрико раъй гирифт ва ҳадафи он қатъи комили содироти нафту гози Эрон аст, акнун мунтазири тасвиб дар сенои Омрикост.

"Мавзеъи сахттар"

Дар ҳамин ҳол, асри рӯзи сешанбе (19 ноябр) шаш тан аз сенотурҳои соҳибнуфуз аз ҳар ду ҳизби умдаи Омрико аз Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷа, хостанд ки мавзеъи сахттаре дар қиболи Эрон бигирад.

Чорлз Шумер, Роберд Менендез ва Боб Кейсӣ аз демукротҳо ва Ҷон Мак Кейн, Линзӣ Гроҳом ва Сузон Колинз аз ҷумҳурихоҳон дар нома ба оқои Керрӣ навиштаанд, ки пеш аз сабук шудани таҳримҳои иқтисодӣ ибтидо Эрон бояд барномаи ҳастаии худро ҷамъ кунад.

Ин шаш сенотур ба мавзеъгириҳои тунд алайҳи Эрон шинохта мешаванд ва се тан аз онон дар ҷаласаи субҳи сешанбе бо Борок Убомо ҳузур доштанд.

Ҳарчанд кунгреи Иёлоти Муттаҳида метавонад ҷилави музокироти ҳастаӣ бо Теҳронро бигирад, вале давлати Омрико ҳушдор додааст, ки талош барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон метавонад боъис шавад ин музкоирот ноком бимонад.

Матолиби муртабит