Интиқоди шадиди оятуллоҳ Хоминаӣ аз Омрико ва Исроил соъоте пеш аз оғози музокироти Женев

  • 20 Ноябр, 2013
Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ дар ҷамъи басиҷиён

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон соъоте пеш аз оғози даври тозае аз музокироти атумии миёни Эрон ва гурӯҳи панҷ ба иловаи як дар Женев дар ҷамъи басиҷиён суханронӣ кардааст.

Раҳбари Эрон дар ин суханронӣ ба шиддат аз Исроил интиқод карда ва гуфта "оё низоми исломӣ ба дунболи ҷанг бо дигарон аст. Ҷумлае, ки аз даҳони саги ҳори наҷиси минтақа, яъне режими саҳюнистӣ шунида мешавад, ки Эрон таҳдиде барои ҷаҳон аст. Таҳдиди ҷаҳон онҳое, ҳастанд, ки ҷуз шарр чизе барои дунё надоштаанд, монанди ҳамин режими номашруъ."

Исроил аз замони баргузории даври пешини музокироти атумӣ хоҳони ҷилавгирӣ аз анҷоми ҳар гуна тавофуқе бо Эрон шуда ва нахуствазири ин кишвар ин мавзуъро борҳо ва аз ҷумла дар дидори ахираш бо раиси ҷумҳури Фаронса унвон кардааст.

Ҳимоят аз гурӯҳи музокиракунанда ва интиқод аз Омрико

Раҳбари Эрон зимни ҳимоят аз гурӯҳи музокиракунандаи атумии кишвараш бар риояти хутути қирмизҳо таъкид карда ва гуфтааст: "Як қадам аз ҳуқуқи ҳастаии миллат набояд ақибнишинӣ шавад."

Оқои Хоминаӣ ба суханронии чанд ҳафта пеши худ ва ба коргирии иборати нармиши қаҳрамонона дар он суханронӣ ишораи карда ва гуфта "иддае нармиши қаҳрамононаро даст бардоштан аз ормонҳо ва ақибнишинӣ аз усул таъбир карданд, инҳо хилоф ва бадфаҳмӣ буд. Нармиши қаҳрамонона монуври ҳунармандона ва истифода аз равишҳои мутанаввеъ барои дастёбӣ ба мақсуд аст."

Раҳбари Эрон гуфтааст "мо мехоҳем бо ҳамаи миллатҳо робита дошта бошем. Ҳатто мо бо миллати Омрико ҳам душманӣ надорем, мо бо давлати Омрико ва истикбор мушкил дорем ва мубориза мекунем, истикбор як вожаи қуръонӣ аст, имрӯз раъси истикбор давлати Омрико аст."

Оқои Хоминаӣ дар ин суханронӣ гуфта "касе нагӯяд фалон кор дар замони фалон раиси ҷумҳури Омрико сурат гирифт, ҳама яке ҳастанд, дар баробари низоми Ҷумҳурии Исломӣ як сиёсат доранд, иштибоҳи онҳо ин аст, ки миллати Эронро нашинохтаанд."

Оятуллоҳ Хоминаӣ дар идома гуфтааст, ки "дар ҷанги иқтисодӣ, низомӣ ва ҳар майдони дигаре бояд дар муқобили душман истод ва пушт ба душман накард, то ирода ва азми шумо бар душман ғолиб шавад ва он вақт пирӯзӣ аз они шумост ва ин ваъдаи илоҳӣ аст."

Бар хилофи ағлаби суханрониҳои раҳбари Эрон, ки дар мақари ӯ дар Ҳусайнияи имом Хумайнӣ анҷом мешавад, ин суханронӣ дар мусаллои имом Хумайнӣ дар маркази шаҳри Теҳрон баргузор шудааст .

Матолиби муртабит