Ароқчӣ: Сатҳи ғанисозӣ қобили музокира аст, асли он на

Дувумин рӯзи гуфтугӯҳои ҳастаии Женев бо музокираи Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, оғоз шудааст.
Аббос Ароқчӣ, диплумоти аршади эронӣ ва аз аъзои ҳайъати музокиракунандаи Эрон, ки барои музкоира бо Гурӯҳи 5+1 дар Женев ба сар мебарад, гуфт асли ғанисозии урониюм барои Эрон қобили муқзокира нест, аммо метавон дар бораи ҳаҷм, сатҳ ва маҳалли ғанисозии урониюм музокира кард.
Оқои Ароқчӣ гуфтааст, ки фуқдони эътимоди лозим муҳимтарин монеъи пешрафти музокирот аст ва Эрон то тардидҳояш бартараф нашавад, вориди музкоироти ҷиддӣ нахоҳад шуд.
Ӯ гуфтааст 5+1 дар даври қаблии гуфтугӯҳо мавзеъи воҳиде надоштааст ва Эрон итминон надорад, ки "равиши музокираи онҳо солим ва мунтаҳо ба натиҷа аст."
Эрон ва панҷ кишвари узви доими Шӯрои Амнияти Созмони Милал ба изофаи Олмон аз дирӯз даври ҷадиде аз гуфтугӯҳо бар сари барномаи ҳастаии Эронро дар Женев оғоз карданд. Ба натиҷа нарасидани даври қаблии гуфтугӯҳо умдатан ба мавзеъи сахти Фаронса нисбат дода шуд.
Аббос Ароқчӣ гуфтааст, ки тарафи музокираи Эрон дар ин даври гуфтугӯҳо Котрин Аштун аст.
"Тафсири Эн-пи-тӣ"
Оқои Ароқчӣ гуфтааст, ки лағви бахше аз таҳримҳои нафтӣ ва бонкӣ алайҳи Эрон яке аз гомҳои аввалияи мавриди интизори Эрон аст. Ӯ ҳушдор додааст, ки: "Тафосир ва ихтилофи назарҳо дар бораи Эн-пи-тӣ дар шароити кунунӣ чандон кумаккунанда нест."
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида, дирӯз гуфт масъалаи ғанисозии урониюми Эрон дар марҳилаи аввали гуфтугӯҳо ҳал нахоҳад шуд.
Оқои Керрӣ гуфтааст ҳаққи ғанисозии урониюм ба сароҳат дар муъоҳидаи Манъи Густариши Таслиҳоти Ҳастаӣ, Эн-пи-тӣ, наомадааст ва ин ки кишваре таҳти қавонин иқдом ба ғанисози бикунад ё на, вобаста ба музокирот аст.
