Муъовинони вузарои хориҷаи Эрону Омрико музокира мекунанд

Қарор аст рӯзи панҷшанбе муъовинони вузарои хориҷаи Эрон ва Омрико дар Женев бо ҳузури муъовини Қотрин Аштун дар бораи ҷузъиёти иҷрои тавофуқи ҳастаӣ музокира кунанд.
Эрон ва Омрико таъйид кардаанд, ки Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазири умури хориҷаи Эрон, ва Венбӣ Шермен, муъовини вазири умури хориҷаи Омрико, қарор аст рӯзи панҷшанбеи 9 январ (19 даймоҳ) дар Женев бо ҳузури Ҳелго Ишмит, муъовини Котрин Аштун, дар бораи тавофуқи Женев музокира кунанд.
Дар ҳамин ҳол, диплумотҳои ғарбӣ мегӯянд фаъъолиятҳои таҳқиқӣ дар бораи сонтрифужҳои ҷадиди пешрафта яке аз мавориди ихтилофи назари Эрон ва кишварҳои узви Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" аст.
Хабаргузории Руйтерз аз қавли диплумотҳо гузориш дода, ки мавзӯъи сонтрифужҳои ҷадид эҳтимолан аз мавориде аст, ки дар музокироти рӯзи панҷшанбе ба баҳс гузошта мешавад.
Ҳафтаи пеш оқои Ароқчӣ ба хабаргузории расмии Эрон гуфта буд чанд мавриди ихтилофи назар дар бораи тавофуқномаи Женев боқӣ монда, ки "бояд дар сутӯҳи сиёсӣ баррасӣ шавад."
Ду ҳафта пеш Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атумии Эрон, хабар дода буд, ки насли ҷадиди сонтрифужҳо дар ҳоли сохт аст, аммо то қабл аз ин ки ба тавлиди анбӯҳ бирасанд, бояд тамоми тестҳоро рӯйи онҳо анҷом дод.
Ӯ пештар ҳам эълом карда буд, ки Эрон иттилоъоти насли ҷадиди сонтрифужҳояшро дар ихтиёри Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ қарор додааст.
Мувофиқатномаи ҷомеъи подмон (NPT), ки Эрон бар асоси он иттилоъоти насли ҷадиди сонтрифужҳояшро дар ихтиёри ожонс қарор дода, бахше аз муқаррароти назоратии ин созмон аст.
Эрон дар ҳоле иттилоъоти тоза дар бораи насли ҷадиди сонтрифужҳояшро дар ихтиёри ожонс қарор дода, ки ду бозраси ин ниҳод ба даъвати Эрон барои боздид аз таъсисоти атумии Арок вориди ин кишвар шуда буданд.
Эрон мегӯяд ду маркази ғанисозии урониюм дар Ферду ва Натанз дорад.
Исроил ва Ғарб дар бораи фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон бадгумон ҳастанд ва дар бораи абъоди низомии эҳтимолии он ибрози нигаронӣ мекунанд.
Эрон ҳамвора ин иттиҳомро рад карда ва гуфта, ки сирфан дар пайи тавлиди барқ ва дигар истифодаҳои сулҳомез аст.
Вазъияти сонтрифужҳо дар тавофуқи Женев
Диплумотҳои ғарбӣ ба Руйтерз гуфтаанд, ки тибқи тавофуқи Женев Эрон иҷоза дорад ба фаъъолиятҳои таҳқиқ ва тавсеъа бипардозад, вале ҳамчунин аз насби сонтрифужҳои ҷадид манъ шудааст, магар барои ҷойгузин ё таъмир кардани сонтрифужҳои фарсуда.
Руйтерз дар айни ҳол аз қавли як мақоми давлатии аршад дар Эрон оварда, ки Теҳрон бояд мутмаин шавад ба ҳаққаш барои таҳқиқ ва тавсеъа эҳтиром гузошта мешавад.
Тавофуқи Женев, ки барои он унвони "Барномаи иқдоми муштарак" интихоб шуда, дар пайи музокироти Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, шомили Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон дар 3 озар (24 ноябр) ба даст омад.
Бар асоси матне аз ин тавофуқ, ки дар расонаҳо мунташир шуда, қарор шуда Эрон ба муддати шаш моҳ баъзе аз барномаҳои атумии худро маҳдуд ва имкони бозрасии густардатарро фароҳам кунад ва тарафи муқобил низ аз вазъи таҳримҳои ҷадид алайҳи Ҷумҳурии исломӣ худдорӣ варзад ва аз фишори таҳримҳо дар баъзе заминаҳо бикоҳад.
Интизори ду тараф ин буда, ки тайи ин шаш моҳ шароит барои дастёбӣ ба тавофуқ бар сари ҳаллу фасли доимии парвандаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ фароҳам шавад, ба наҳве, ки Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" дар мавриди сулҳоез будани фаъъолиятҳои атумии Эрон итминон ҳосил кунад ва иқдомоти лозимро барои лағви таҳримҳои байналмилалӣ ва якҷониба ба иҷро гузорад.
Таъйини ҷузъиёти ин тавофуқ ва наҳваи иҷро шудани он ба уҳдаи гурӯҳи коршиносон қарор гирифт.
Дар ҳафтаҳои гузашта музокироти фаннӣ дар ин бора дар ҷараён будааст.
