Зариф: Ихтилофоти дохилии 5+1 монеъи умдаи расидан ба натиҷа буд

  • 22 Ноябр, 2013
Image caption Зариф ва Аштун - ҳар ду тарафи музокира бояд ба ҳассосиятҳои даҳсола таваҷҷуҳ кунанд

Рӯзи ҷумъаи 22 ноябр севумин рӯз аз музокироти ҳастаии Эрон бо нишасти дуҷонибаи Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ва Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷаии Иттиҳодияи Урупо ба намояндагӣ аз гурӯҳи 5+1 оғоз шуд, аммо пас аз муддате ду тарафи машварат ба манзури машварат бо ҳайъатҳои намояндагии худ музокиротро мутаваққиф ва ба баъд мавкул карданд.

Пештар вазири хориҷаи Эрон дар мусоҳиба бо хабарнигори Воҳиди марказии хабар гуфта буд, ки "дар даври гузашта монеъи умда барои расидан ба натиҷа, ихтилофоти дохилӣ дар байни аъзои 5+1 буд."

Вай дар айни ҳол афзуд, ки "ҳатман ҳанӯз ҳам табиъӣ аст, ки вақте шаш кишвар бо дидгоҳҳои мухталиф ва бо мавозеъ ва манофеъи мутафовит вориди музокира мешаванд, илзоман дидгоҳҳояшон яксон набошад."

Оқои Зариф дар мавриди даври ҷадиди музокирот гуфт, ки "шояд тавониста бошанд миқдоре бештари ин дидгоҳҳоро ба ҳам наздик кунанд."

Вазири хориҷаи Эрон дар ин мусоҳиба дар мавриди ҷавви музокирот гуфт, ки "эътиқод дорем, ки ҳуқуқи мардуми Эрон дар муъоҳида ва ҳуқуқи байналмилал комилан шиносоӣ шуда, вале лозим аст аъзои 5+1 ба ин ҳуқуқ эҳтиром бигузоранд ва аз эҷоди фишор бар мардуми Эрон ба далели эъмоли ҳуқуқашон худдорӣ кунанд."

Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ таъкид доштаанд, ки бахше аз хостҳои мундариҷ дар мусавваботи шӯрои ҳуккоми Ожонси Байналмилалӣ ва Шӯрои Амнияти Созмони Милал бахусус илзоми Эрон ба таълиқи ғанисозии урониюм бо ҳуқуқи кишварҳои имзокунандаи Паймони Манъи Густариши Ҷангафзори Ҳастаӣ, Эн-пи-тӣ, муғойират дорад.

Image caption Дар музокироти Женев тарафи муқобил нисбат ба иродаи воқеъии Ҷумҳурии Исломӣ дар дастёбӣ ба тавофуқ хушбинтар будааст.

Дар муқобил, Шӯрои Ҳукком ва Шӯрои Амният бо ин истидлол, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои чандин сол бидуни иттилоърасонӣ ва назорати Ожонси Байналмилалӣ ба фаъъолиятҳои атумӣ пардохта ва муртакиби нақзи таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби муъоҳидаи Эн-пи-тӣ шудааст, таъкид доштаанд, ки лозим аст то касби итминони ҷаҳонӣ аз сулҳомез будани моҳияти ин барномаҳо, ҷанбаҳое аз онҳо, бахусус ғанисозии урониюм мутаваққиф шавад.

Ғанисозии урониюм яке аз муҳимтарин мавориди ихтилофи назар ва омили нокомии музокироти ҳастаӣ ва кишварҳои 5+1 ба намояндагӣ аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ будааст.

Воҳиди марказии хабар дар гузорише дар мавриди рӯзи дувуми нишасти Женев гуфтааст, ки"манобеъи огоҳ аз маҳалли музокирот натоиҷи даври дувуми музокиротро хушбинона тавсиф кардаанд."

Пештар ба нақл аз Аббоси Ароқчӣ, сарпарасти музокироти ҳастаии Эрон, гузориш шуда буд, ки музокироти ду рӯзи гузашта ба натиҷа нарасидааст. Дар айни ҳол, муҳимтарин нукта дар се давраи музокираи Женев дар муқоиса бо нишастҳои ҳастаии Эрон тайи чанд соли гузашта ин буда, ки ҷомеъаи байналмилалӣ нисбат ба омодагии воқеъии Ҷумҳурии Исломӣ барои ҳаллу фасли парвандаи атумӣ аз роҳи музокира ибрози хушбинии бештаре кардааст.

Талош барои тавофуқ

Рӯзи севум аз музокроти Женев-3 бо нишасти дуҷонибаи оқои Зариф бо Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо ба намояндагӣ аз Гурӯҳи 5+1 оғоз шудааст.

Image caption Гурӯҳҳое дар Эрон хостори пофишорӣ бар сари мавозеъ ва иҷтиноб аз мусолиҳа ҳастанд

Даври қаблии музкоироти ҳастаии Эрон мавсум ба Женев -2 барои рӯзҳои 8-9 ноябр барномарезӣ шуда буд, аммо бо вуруди вазирони хориҷаи аксари кишварҳои 5+1 ва ҳузури вазири хориҷаи Эрон як рӯзи дигар тамдид шуд.

Агарчи тарафҳои музокира дар мавриди муҳтавои гуфтугӯҳо ҷузъиётеро матраҳ намекунанд, аммо гуфта шуд, ки дар даври қаблии музокирот, пешнависи тафоҳумномае бо ҳимояти Иёлоти Муттаҳида матраҳ ва эҳтимолан бо назари мусоъиди Эрон мувоҷеҳ шуда буд, аммо зоҳиран ба далели мавзеъгирии Фаронса, тағйироте дар он сурат гирифт, ки монеъ аз тасвиби ин шуд.

Гуфта мешавад, ки ба далели нокомии қаблӣ хонуми Аштун то замоне ки ҳусули тавофуқномае байни ду тарафи феълӣ ба назар нарасад, аз вазирони хориҷаи кишварҳои 5+1 барои ҳузур дар Женев даъват ба амал нахоҳад овард.

Бархе манобеъи хабарӣ аз вуҷуди дастикам ду матни пешнавис барои баррасии ширкаткунандагон сухан гуфта ва афзудаанд, ки яке аз ин пешнависҳо тавассути Эрон таҳия шудааст.

Илова бар муҳтавои куллии пешнависи тавофуқнома, ҷумлабандии он низ мавриди баҳс будааст. Бархе нозирон гуфтаанд инъикоси густардаи расонаӣ ва мавзеъгириҳои сиёсӣ дар мавриди барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ тайи даҳ соли гузашта боъиси ҳассосияти афкори умумии мардум на танҳо дар Эрон, балки дар кишварҳои ғарбӣ нисбат ба ин мавзӯъ шудааст.

Дар натиҷа, ҳар ду тарафи музокира бояд илова бар дастёбӣ ба дастикам бахше аз ҳадафҳои худ бояд матнеро дар ихтиёри афкори умумии кишварҳои худ қарор диҳанд, ки ҳатто агар ба маънии эъломи "пирӯзӣ" дар ин мубодилаи даҳсола набошад, дастикам ба дастёби ба бахше аз хостаҳои онҳо таъбир шавад.

Ба ҳамин далел, ҷумлабандии муносиби тавофуқномаи эҳтимолӣ ҳам аҳаммияти сиёсии фаровон дорад.

Матолиби муртабит