Назарот: "Тавофуқи Эрон ва гурӯҳи 5+1 ба суди минтақа ва ҷаҳон аст"

Бисёре аз коршиносон ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон аз тавофуқи ба даст омадаи Эрон ва гурӯҳи 5-1 бар сари барномаи атумӣ пас аз солҳои тӯлонии музокира миёни ин кишварҳо истиқболи гарм карданд.
Ба гуфтаи онҳо ин тавофуқ аввали кор аст ва барои рафъи комили он ҳанӯз моҳҳои зиёде музокирот анҷом хоҳад ёфт. Бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсии тоҷик гуфтанд, ки тавофуқи ахир метавонад ба ҳалли мушкили Сурия, кишвари дигари Ховари миёна низ таъсири мусбӣ гузорад.
Ин дар ҳолест, ки дар даҳаи ахир Эрон, яке аз шарикони наздики Тоҷикистон маҳсуб шуда ва коршиносон ба нақши он кишвар дар рушди иқтисодии Тоҷикистон таъкид мекунанд.
Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби Кумунисти Тоҷикистон
Ман фикр мекунам, ки ин қадами бисёр хубе барои таъмини амният дар минтақаи Шарқи Наздик ва Миёна аст, зеро чигунагии увзоъи минтақа ба Омрико ва кишварҳои ғарбӣ вобастагии шадид дорад. Эрон борҳо таъкид бар он дошт, ки намехоҳад бамби ҳастаӣ тавлид кунад ва мақсад аз барномаҳои атумии вай бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ аст. Зеро нуфуси он кишвар дар ҳоли зиёд шудан аст ва захоири нафт ва гоз ҳам ба таври ҳамешагӣ боқӣ намемонад, ки Эрон тавонад аз истифодаи он мардумашро бо маводди сӯхтӣ таъмин кунад. Аз ин рӯ Эрон ниёзманди энержӣ аст ва мақомоти он кишвар аз чандин даҳа бад ин сӯ қасд доранд нерӯгоҳҳои атумӣ бисозанд.
Ман фикр мекунам, ки бидуни нерӯи атумӣ Эрон бо мушкилоти фаровон дучор мешавад ва дастрасӣ ба тавофуқ бар сари барномаҳои ҳастаӣ, ки Эрон дар он ба маъмурони Ожонси байналмилалии энержии атумӣ иҷозаи боздид аз таъсисоти Натанз ва Фурду медиҳад ва ҳамчунин худ низ бо дарҳои боз муваффақ ба истифода аз энержии атумии лозима бароаш хоҳад шуд.
Аз сӯйи дигар ташаннуҷ дар ин минтақа, яъне Шарқи Наздик низ то андозае ба таъодул хоҳад омад ва таъсири мусбати ин тавофуқот ба амнияти минтақаи мо низ ҳоҳад расид. Аз ҷумла фаъъолияти гурӯҳҳои тундрави мазҳабӣ ба монандаи Ҳизб-уттаҳрир камранг мешавад. Тавофуқи ҷадид дар сулҳу суботи Афғонистон, кишвари наздики Эрон низ нақши хуберо иҷро хоҳад кард.
Усмон Солеҳ, масъули бахши ҲХДТ
Ман ба ростӣ дар мавриди ба мувофиқа расидани кишварҳои шашгона ва Эрон дар Женева хеле хушбин ҳастам. Воқеъан ҳам як қадами ҷиддӣ ва қатъие миёни Эрон ва ин кишварҳо дар мавриди муносиботи Эрон бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба пеш гузошта шуд. Фикр мекунам, ки баъзе сабукиҳо (содагиҳо) низ дар мавриди таҳримҳо хоҳад шуд. Ва як чизи муҳим ин аст, ки Эрон тавонист ҳуқуқи таҳқиқоти ҳастаии осоиштаро барои тавлиди нерӯи барқ аз тариқи истифодаи энержии атумиро ҳифз кард ва метавонад онро идома диҳад.
Дирӯз ки Президенти Омрико низ изҳор кард, ки идома додани таҳримҳо дар қиболи Эрон ба суди ҷомеъаи ҷаҳонӣ нахоҳад буд. Ва ҳамчунин бо пешрафт дар мавриди муносибати ҷомеъаи ҷаҳонӣ бо Эрон мавзӯъи бӯҳрони Сурия ҳам метавонад, ҳалли худро пайдо кунад.
Аз сӯйи дигар Эрон давлатест, ки бо кишвари мо муносибатҳои густарда дорад ва бо содда шудани таҳримҳо муносибатҳои иқтисодии миёни кишвари мо низ таҳкими бештар хоҳад ёфт. Шояд имкон дорад, ки аз захираҳои энержии он кишвар ба Тоҷикистон низ, ки дар ин замина бо мушкилот рӯбарӯ аст, суде расад.
Ҳамчунин Эрон, ки дар рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон ҷойгоҳи хосе дорад, метавонад сармоягузорӣ ба иқтисоди моро бештар кунад. Ва бавижа расидан ба тавофуқоти комил миёни Эрон ва кишварҳои ғарбӣ барои барномаҳои атумии он кишвар роҳро барои самроягузорони эроние, ки маболиғи онҳо ба сабаби эъломи таҳримҳо баста буданд, боз мекунад.
Давлат Усмон, коршиносои иқтисодӣ
Бубинед, тӯли чанд соли ахир масъалаи ҳастаии Эрон минтақаи Шарқи Наздик ва Миёнаро дар як вазъияти сардаргумкунанда қарор додааст, яъне ҳар лаҳза имкони ба вуҷуд омадани як муноқишаи хеле хатарнок, миёни кишварҳои Ғарбӣ, бавижа Исроил ва Эрон аз мадди назар дур набуд. Ва суди тавофуқоти бадастомада қабл аз ҳама мардуми минтақаро аз вазъияти равонии номаълум берун мекунад.
Ва дуввум ин ки шояд гӯянд, ки Эрон даҳ доду як гирифт, вале фикр мекунам, ки барои Эрон ки дар як вазъи ногувори иқтисодӣ қарор дорад ин ҳам барои аз инзиво берун омадан як қадами хуб ва аввал аст.
Ва барои кишварҳое, ки ин корро анҷом доданд, масалан Иттиҳоди Урупо ки бо ҳисоби иқтисоддонҳо солиёна 32 миллиорд дулор хисороти тиҷорӣ дорад ва Урупо низ дар вазъи бӯҳрони иқтисодӣ қарор дорад, ин тавофуқ барои онҳо низ имконоти судовар дорад.
Дар маҷмӯъ ин тавофуқ барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ дастоварди мусбат аст ва ин тавофуқ имкони ҳалли масъалаи Сурияро низ сареъ мекунад ва ба ин масъала таъсири ҷиддӣ хоҳад дошт. Кумакунандагони аслии сиёсӣ ба Сурия, Русия, Эрон ва Чин ҳастанд. Аз ҳамин лиҳоз барои ҳалли сиёсии қазияи Сурия ин тавофуқ хеле муҳим аст.
Муҳамадалӣ Ҳайит, муъовини ҲНИТ
Ман фикр мекунам, ки имзои созишшномае, ки миёни Омрико ва кишварҳои урупоӣ ва Эрон сурат гирифт, беҳтарин дастоварди дипломутики Эрон аст. Ва аслан истифода аз нерӯи ҳастаӣ барои пешрафти иқтисоди Эрон, ҳаққи ҳалоли мардуми Эрон аст ва он дар раванди музокироти баъдӣ ва ҳамчунин муносиботи миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон саҳми худро хоҳад гузошт.
Барои ба даст омадани ин тавофуқ раиси ҷумҳурии ҷадиди Эрон то андозае нақш дошт, вале нақши калидиро раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон ва диплумотҳои он кишвар ифо карданд.
