Тавофуқи Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ ва вокунишҳо ба он

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳон пас аз солҳо музокира ба тавофуқе шашмоҳа расидаанд, ки қадами аввал барои тавофуқи ниҳоӣ дар бораи ҷанбаҳои мавриди муноқишаи барномаи атумии Эрон аст.
Дар 4 рӯзи гузаштаи Омрико, Бритониё, Фаронса, Олмон, Русия ва Чин музокироте фушурда бо Эрон доштанд. Ин музокирот аз 2 рӯзи пеш бо ҳузури вузарои умури хориҷаи ин кишварҳо анҷом шуд.
Ин тавофуқ вокунишҳоеро дар доихили Эрон, минтақа ва ҷаҳон ба дунбол доштааст.
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил тавофуқномаи Женев миёни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳониро "иштибоҳе торихӣ" тавсиф кард.
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил дар поёни нишасти кобинаи он кишвар дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки Исроил иҷоза намедиҳад Эрон ба таслиҳоти ҳастаӣ даст пайдо кунад. Нахуствазири Исроил бар зарурати идомаи фишор бар Эрон таъкид кард.
Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил дар нишасти имрӯзи кобинаи он кишвар гуфт, ки Исроил ба тавофуқи бадастомада пойбанд нахоҳад буд ва ҳаққи дифоъи худро ҳифз хоҳад кард.
Оқои Нетонёҳу ҳамчунин гуфт: "Имрӯз ҷаҳон ба маконе хатарноктар табдил шуда, ба ин далел ки хатарноктарин режим дар дунё гоме муҳим дар ҷиҳати касби хатарноктарин таслиҳот дар ҷаҳон бардоштааст."
Лурон Фобиюс, вазири умури хориҷаи Фаронса гуфтааст, ки тавофуқи Женев ҳаққи Эронро барои доштани барномаи энержии ҳастаии сулҳомез ба расмияти мешиносад, аммо дастрасӣ ба силоҳи ҳастаиро манъ мекунад.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия тавофуқномаи Женевро як муваффақият хонд, аммо дар айни ҳол ҳушдор дод, ки ин аввалин гом аз раванде тулонӣ ва душвор аст.
Ҷимӣ Кортер, раиси ҷумҳури Омрико дар даврони инқилоби Эрон гуфтааст "итминон дорам ки акнун пас аз 35 соли хусумат ва беэътимодӣ як мавқеъияти торихӣ барои бозсозии равобит фароҳам шудааст."
Муҳаммад Албародеъӣ, мудири кулли пешини Ожонси байналмилалии энержии атумӣ: "Инсоф, эътимодсозӣ, эҳтиром ва гуфтугӯ калиди ҳаллу фасли ҳар ихтилофе аст."
Арабистони Саъудӣ танҳо давлате аст, ки ба ҳамроҳи Исроил аз тавофуқи Эрон бо Ғарб ибрози нигаронӣ кардааст. Як мақоми давлатии Арабистони Саъудӣ гуфтааст "Ҳанӯз ҳамаи ҷузъиётро намедонем, аммо давлати Саъудӣ дар хусуси музокирот бо Эрон нигарон буда ва аз барқарории тавофуқ бо Эрон нохушнуд аст. Алон нигаронӣ дар бораи таҳдидот дар ин минтақа зиёд аст."
Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз тавофуқи Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ истиқбол кард.
Хабаргузории расмии Имороти Муттаҳидаи арабӣ, ВОМ, гуфта: "Давлати ин кишвар умедвор аст, ки ин тавофуқ ба тавофуқе доимӣ мунҷар шавад, ки битавонад сабот дар минтақаро ҳифз карда ва монеъ аз бурузи таниш ва хатари таксири силоҳҳои ҳастаӣ шавад."
Хабаргузории давлатии Сурия гуфтааст, ки ин кишвар аз тавофуқномаи Женев истиқбол карда ва онро "тавофуқномае торихӣ" хондааст.
Вазорати умури хориҷаи Покистон дар баёнияе гуфтааст Покистон ба унвони "як кишвари ҳамсоя ва бародари Эрон" ҳамеша бар аҳамияти ёфтани як роҳҳи ҳали сулҳомез таъкид доштааст. Ин баёния идома медиҳад, ки бояд аз даргирӣ ва рӯёрӯӣ дар хусуси барномаи ҳастаии Эрон иҷтиноб шавад, чун рӯёрӯӣ метавонад минтақаро бесабот кунад.
Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом дар Эрон ва аз муҳимтарин ҳомиёни Ҳасани Рӯҳонӣ аз тавофуқи Женев истиқбол кардааст.
Оқои Ҳошимии Рафсанҷонӣ гуфтааст: "Мувпффақияти имрӯз моро аз махмасаи бузурге наҷот дод ва акнун мардум эҳсоси роҳатӣ мекунанд. Ҳарчанд ки барои ниҳоӣ шудани қарордод замони зиёде боқӣ мондааст."
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар номае ба оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари ин кишвар навиштааст, ки "дастоварди қатъии тавофуқи аввалия [бо қудратҳои ҷаҳонӣ] ба расмият шинохта шудани ҳуқуқи ҳастаии Эрон ва ҳаросат аз дастовардҳои ҳастаии фарзандони ин марзу бум будааст ва дар канори он бо таваққуфи раванди таҳримҳои золимона бахше аз фишорҳои ғайриқонунӣ дар таҳримҳои якҷониба бардошта ва фурӯпошии созмони таҳрим оғоз шудааст."
Оятуллоҳ Хоминаӣ ҳам дар посух аз ҳайати музокиракунанда ташаккур карда ва навиштааст ки ин тавофуқ метавонад "пояи иқдомоти ҳушмандонаи баъдӣ қарор гирад".
Раҳбари Эрон бар лузуми "истодагӣ дар баробари зиёдахоҳиҳо" таъкид кардааст.
