Ҷузъиёте аз тавофуқи Эрон ва гурӯҳи 5+1 дар Женев

Бар асоси тавофуқи сиёсӣ миёни вузарои умури хориҷаи Эрон ва давлатҳои мавсум ба 5+1 (Омрико, Русия, Чин, Фаронса, Бритониё ва Олмон) бо ҳузур ва ҳамоҳангии масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, давлатҳои тарафи музокираи Эрон мутаъаҳҳид шудаанд, ки:
- то шаш моҳи оянда таҳрими ҷадиде дар хусуси барномаи таҳқиқоти ҳастаии Эрон эъмол накунанд
- содироти нафти Эронро аз тариқи тангтар кардани ҳалқаи таҳримҳо ба сатҳе пойинтар аз мизони содироти феълӣ коҳиш надиҳанд
- бархе таҳримҳои харид ва фурӯши тилло ва фулуззоти қиматиро муъаллақ кунанд
- таҳрими саноеъи худравсозии Эрон ва ҳамчунини содироти маҳсулоти петрушимии Эронро муъаллақ кунанд
- бозрасии эманӣ ва таъмироти ҳавопаймоҳои ширкатҳои мусофирбарии эрониро тасҳил кунанд
- 400 миллиюн дулор аз дороии Эронро барои пардохти шаҳрияҳои донишҷӯёни эронӣ дар донишгоҳҳои хориҷӣ озод кунанд
- хариди маводи ғизоӣ, доруӣ ва таъсисоти пизишкӣ тавассути давлати Эронро тасҳил кунанд
Дар ҳамини ҳол ба мӯҷиби баёнияе, ки тавассути дафтари матбуъотии Кохи сафед содир шуда, давлати Эрон дар музокироти Женев мутаъаҳҳид шудааст, ки дар тӯли шаш моҳи оянда
- ғанисозии урониюми болои панҷ дарсадро мутаваққиф кунад
- захоири урониюми ғанишуда байни панҷ то 20 дарсадро "хунсо" кунад
- ҳеҷ сонтрифюжи ҷадиде дар таъсисоти атумии худ вориди мадор накунад
- ниме аз сонтрифюжҳои мавҷуд дар таъсисоти Натанз ва се чаҳоруми сонтрифюжҳои мавҷуд дар таъсисоти Фурдуро ғайрифаъъол кунад
- тавлиди сонтрифюжҳои ҷадидро ба таъвизи дастгоҳҳои азкоруфтода маҳдуд кунад
- ба теъдоди таъсисоти ғанисозии урониюми мавҷуд наафзояд
- мизони захоири урониюми ғанисозишуда дар ҳадди 3.5 дар садро дар тӯли шаш моҳи оянда афзоиш надиҳад, бад-ин тартиб урониюми ғанишудаи бештар аз захоири мавҷуд бояд ба уксиди урониюм табдил шавад
- фаъъолият дар таъсисоти Арокро муъаллақ кунад, чӣ дар хусуси сӯхти реоктур ва чӣ дар хусуси интиқоли оби сангин
- ба маъмурони Ожонси байналмилалии энержии атумӣ иҷозаи боздиди рӯзона аз таъсисоти Натанз ва Фурду бидиҳад ва ҳамчунин иҷозаи боздид аз таъсисоти тавлиди қатаъоти сонтрифюж, таъсисоти сохт ва нигаҳдории сонтрифюж ва ҳамчунин боздид аз маъодини урониюми кишвар
- иттилоъоти мавриди дархости Ожонси байналмилалии энержии атумӣ дар хусуси реоктури Арокро дар ихтиёри ожонс бигзорад ва имкони боздиди мураттаб аз таъсисоти Арокро тасҳил кунад
Дар музокироти Женев тавофуқ шуд, ки Эрон ва гурӯҳи 5+1 як кумиссиюни муштарак таъсис кунанд, ки назорати Ожонси байналмилалии энержии атумӣ аз таъсисоти атумии Эронро тасҳил кунад ва ба посухгӯии Эрон ба саволоти ожонс дар хусуси абъоди эҳтимолии низомии барномаи таҳқиқоти ҳастаии он кишвар кумак кунад.
Дастоварде маҳдуд барои Эрон
Тасҳилоти ироашуда ба Эрон дар музокироти Женев маҳдуд ҳастанд. Эрон дар асари таълиқи ҷузъии таҳримҳо ба ҳудуди ҳафт милёрд дулор пул барои махориҷи муъайян дастрасӣ хоҳад дошт, аммо ҳудуди 100 милёрд дулор дороиҳои арзии он кишвар ҳамчунон ба далели таҳримҳо қобили дастёбӣ нестанд.
Эрон дар тӯли шаш моҳи оянда наметавонад содироти нафти худро афзоиш диҳад. Идомаи таҳримҳои нафтӣ дар шаш моҳи оянда ба маънои зарбае муъодили 30 милёрд дулор ( панҷ миллиёрд дулор дар моҳ) ба иқтисоди Эрон дар муқоиса бо соли 2011 (пеш аз таҳримҳои нафтӣ) аст.
Баёнияи дафтари матбуъотии Кохи сафед ҳикоят аз он дорад, ки Эрон дар тӯли шаш моҳи оянда танҳо ба ҳудуди 4,2 милёрд дулор аз пули ҳосил аз содироти нафтии худ дастрасӣ хоҳад дошт ва наздик ба 15 милёрд дулори дигар, ки аз фурӯши нафт ҳосил хоҳад шуд ба ҳисобҳои хориҷӣ ворез мешавад, ки давлати Эрон ба онҳо дастрасии озод надорад.
Дар тули ин муддат таҳрими бонки марказӣ ва дигар бонҳои эронӣ идома хоҳад дошт, маҳдудиятҳои пӯшиши бимаӣ ба Эрон побарҷо мемонанд ва таҳримҳои марбут ба киштисозӣ ва киштиронӣ ҳамчунон боқӣ хоҳанд монд.
Инак Эрон ва гурӯҳи 5+1 бояд дар тӯли шаш моҳи оянда дар хусуси имкони расидан ба як тавофуқи ниҳоӣ гуфтугӯ кунанд. Давлатҳои ғарбӣ гуфтаанд, ки дар сурати адами тавофуқи ниҳоӣ таҳримҳои мавҷудро афзоиш хоҳанд дод.
