"Эрон ва Омрико аз моҳҳо пеш машғули музокироти сиррӣ буданд"

Хабаргузории Осcушиэйтед Пресс бо таъкид бар манобеъи эъломнашуда мегӯяд, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз моҳи март дар сутӯҳи олӣ машғули музокироти сиррӣ будаанд.
Бино ба гузориши Оссушиэйтед Пресс ин музокирот дастикам дар панҷ навбат ва дар Умон анҷом гирифтаанд ва давлати Борок Убомо онҳоро аз муттаҳидони аслии худ, аз ҷумла Исроил пинҳон нигаҳ дошта буд.
Оссушиэйтед Пресс мегӯяд, ки ин амр метавонад ихтилофи назари кишварҳои 5+1, мушаххасан мавзеъи мутафовити Фаронса дар даври қаблии музокироти Женевро тавзеҳ диҳад.
Ин гузориш мегӯяд, ки як навбат аз музокирот дар давраи раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод анҷом гирифт ва Борок Убомо шахсан дастури анҷоми онҳоро содир карда буд.
Ба гуфтаи Оссушиэйтед Пресс ҳалқаи бисёр кучаке аз мақомҳои омрикоӣ дар ҷараёни музокираи сиррӣ бо Эрон будаанд.
Оссушиэйтед Пресс иқдоми давлати Борок Убомо дар ин музокироти сиррии иддаъоиро як "фишори сангини диплумотик" хондааст.
Равобити Эрон ва Омрико пас аз солҳо таниш дар моҳҳои ахир каме беҳбуд ёфтааст ва вазирони умури хориҷаи ду кишвар пас аз беш аз се даҳа бо якдигар дидор карда ва руасои ҷумҳур низ бо якдигар телефунӣ суҳбат карданд.
Илова бар ин, Омрико ва Эрон дар қолаби тавофуқе, ки бомдоди рӯзи якшанбе (24 ноябр) ба анҷом расид, таъаҳҳудоти мутақобиле ба якдигар додаанд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ду бор ба сурати барномарезишуда дар музокироти Женев ҳозир шуд.
