Убомо: Омрико ва Исроил як ҳадафро дунбол мекунанд

  • 25 Ноябр, 2013
Image caption Тавофуқи Женев муваффақияте барои диплумосии гуфтугӯи президент Убомо ба шумор меравад

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, дар гуфтугӯи телефунӣ бо Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, ба ӯ итминони хотир дода, ки Омрико ва Исроил як ҳадафро дунбол мекунанд ва он ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ аст.

Ҷош Эрнест, сухангӯйи Кохи Сафед, рӯзи якшанбеи 24 ноябр ба хабарнигорон гуфт: "Президент Убомо имрӯз ба Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, телефун зад, то дар бораи марҳилаи аввали тавофуқи 5+1 бо Эрон бар сари барномаи ҳастаии ин кишвар гуфтугӯ кунад. Ду раҳбар бар ҳадафи муштаракашон, ки мумониъат аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ аст, таъкид карданд."

Оқои Эрнест гуфт Кохи Сафед бадбинии Тел-Овив нисбат ба мақосиди Эронро дарк мекунад ва қасд дорад фавран бо Исроил машварат кунад, то ба роҳи ҳалли ҷомеъ ва дарозмуддате барои аҳдофи ҳастаии Эрон даст пайдо кунад.

Ба гуфтаи оқои Эрнест, президент Убомо дубора таъкид кардааст Омрико ва Исроил ба ҳадафи муштаракашон мутаъаҳҳид ҳастанд ва тавофуқи баамаломада маҳдуд ва муваққатӣ аст ва то вақте побарҷо хоҳад буд, ки Эрон ба таъаҳҳудоташ амал кунад.

Ин гуфтугӯи телефунӣ талоше барои беҳбуди равобити давлати президент Убомо бо Исроил талаққӣ мешавад, ки бавижа пас аз тавофуқи Эрон ва 5+1 чандон гарм арзёбӣ намешавад.

Бо ин ки раиси ҷумҳурии Омрико аз тавофуқи Женев истиқбол кард ва гуфт ин тавофуқ "монеъ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ" мешавад, нахуствазири Исроил гуфт наметавонад сокит бимонад, то режиме, ки мехоҳад Исроилро нобуд кунад, ба абзоре муҷаҳҳаз шавад, ки битавонад ба ҳадафаш бирасад.

Ин изҳорот дар замоне матраҳ шуд, ки фош шуд Эрон ва Иёлоти Муттаҳидаи Омрико аз моҳи март дастикам панҷ навбат машғули музокироти сиррӣ дар сутӯҳи олӣ будаанд ва давлати Борок Убомо онҳоро аз муттаҳидони аслии худ, аз ҷумла Исроил, пинҳон нигаҳ дошта буд.

Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ бомдоди якшанбе 24 ноябр дар Женев ба тавофуқе шашмоҳа расиданд мабнӣ бар ин ки Эрон ғанисозии урониюмро маҳдуд кунад ва тарафи муқобил низ бо таълиқи маҳдуди бахше аз таҳримҳо, то шаш моҳ ҳеҷ таҳрими тозае алайҳи Эрон вазъ накунад.

Исроил, ки борҳо барномаи ҳастаии Эронро хатаре алайҳи мавҷудияти худ муъаррифӣ карда ва аз зарурати сахтгирӣ бо Эрон гуфтааст, батундӣ аз тавофуқи Женев интиқод кард ва Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил, онро "иштибоҳе таърихӣ" хонд.

Ин дар ҳолест, ки Кохи Сафед муътақид аст тавофуқи Эрон ва 5+1 Исроил ва Ховари Мёинаро амнтар хоҳад кард ва коршиносон муътақиданд расидан ба ин тавофуқ мавқеъияти президент Убоморо ба унвони сиёсатмадоре, ки тавони ҳалли мушкилоти байналмилалиро дорад, маҳкамтар кардааст.

Image caption Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон, дар бозгашт аз Женев ба Теҳрон бо истиқболи мардум рӯбарӯ шуд

Аммо раиси ҷумҳури Омрико ҳанӯз бояд намояндагони тарафдори Исроилро дар кунгре ба дурустии сиёсатҳояш мутақоъид кунад.

Ин намояндагон, ки аз ҳар ду ҳизб ҳастанд, изҳори тардид кардаанд Эрон тавофуқи бадастомадаро риъоят кунад ва ба гуфтаи Морк Морлдел, хабарнигори Бибисӣ дар Вошингтун, президент Убомо барои мутақоъид кардани онҳо кори душворе дар пеш дорад.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дар гуфтугӯ бо телевизиюни давлатии Эрон гуфт: "Ғарбиҳо дарёфтанд, ки роҳи бурунрафт аз ин буҳрони сохтагӣ, ки дар робита бо парвандаи ҳастаии Эрон эҷод шуда, иҷрои таъаҳҳудот аст, зимни ин ки ин имкон барои мо вуҷуд дорад, ки тамоми фаъъолиятҳоямон барои эътимодсозиро ба ҳолати қаблӣ бозгардонем; дар сурати адами пойбандии кившарҳои узви 5+1 ба таъаҳҳудоташон роҳ барои иқдомоти ҷойгузин боз аст."

Оқои Зариф гуфт, ки "забони эҳтиром" танҳо забонест, ки бояд барои таъомул бо миллати Эрон ба кор гирифта шавад.

Ба гуфтаи вазири хориҷаи Эрон, амал ба тавофуқоти аввалия то қабл аз поёни соли масеҳӣ ва дар як сайри шашмоҳа оғоз хоҳад шуд ва Эрон омода аст аз ҳамин фардо барои тавофуқи ниҳоӣ музокира кунад.

Ӯ изҳори умедворӣ кард дар тавофуқи ниҳоӣ ҳама фишорҳо ва таҳримҳо рафъ шавад ва барноми ҳастаии Эрон монанди соири кишварҳои узви Паймони Манъи Густариши Силоҳи Атумӣ (Эн-пи-тӣ) ба расмият шинохта шавад.

Матолиби муртабит