'Ҳимояти афкори умумӣ' дар Омрико аз тавофуқи Женев

  • 27 Ноябр, 2013
Image caption Ҷон Керрӣ ва Ҷавод Зариф пас аз тавофуқ: Ин тавофуқи аввалия барои шаш моҳ аст.

Натоиҷи як назарсанҷӣ мегӯяд аксари омрикоиҳо аз тавофуқи ҳастаии ахир байни Эрон ва кишварҳои 5+1 ҳимоят мекунанд ва бо иқдоми низомии Иёлоти Муттаҳида алайҳи Эрон ҳатто дар сурати шикасти ин тавофуқи бесобиқа мухолиф ҳастанд.

Дар ин назарсанҷии муассисаи Ипсуз ва хабаргузории Руйтерз, 44 дарсад аз посухдиҳандагон гуфтаанд аз тавофуқе, ки бомдоди якшанбеи 24 ноябр дар Женев сар гирифт, ҳимоят мекунанд. Дар муқобил, 22 дарсад бо он мухолиф ҳастанд.

Тибқи натоиҷи ин назарсанҷӣ, агар ҳам тавофуқи Женев ва масири диплумотик шикаст бихӯрад, фақат 20 дарсад аз омрикоиҳо дар ҳол ҳозир бо тавассули гузинаи низомӣ алайҳи Эрон мувофиқ ҳастанд.

Дар сурати шикасти тавофуқи аввалия дар Женев, 49 дарсад хоҳони афзоиши таҳримҳо ва 31 дарсад низ ҳамчунон диплумосиро тарҷеҳ медиҳанд.

Эрон ва кишварҳои Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон дар тавофуқи аввалия дар Женев, дар бораи вазъи маҳдудиятҳои бештар барои фаъъолияти ҳастаии Эрон ва аз он сӯ бархе тахфифҳо дар ҷузъиёти таҳримҳо тавофуқ кардаанд ва гуфтаанд, ки барои расидан ба тавофуқе ҷомеъ ва ниҳоӣ дар бораи фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон зарфи шаш моҳи оянда талош мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, ин назарсанҷӣ мегӯяд 43 дарсад аз омрикоиҳо муътақид ҳастанд барномаи ҳастаии Эрон барои дастёбӣ ба бумби атумӣ аст.

Исроил ва Ғарб ба барномаи ҳастаии Эрон бадгумон ҳастанд ва мегӯянд эҳтимолан абъоди низомӣ ҳам дорад.

Теҳрон ҳамвора ин иттиҳомро рад кардааст.

Ҳусни назари омрикоиҳо дар бораи Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳид,а дар ҳафтаҳои гузашта ба хотири иҷрои пурмасъалаи қонуни ислоҳи бима ва саломати умумӣ нузул кардааст.

Бо ин вуҷуд, ин назарсанҷии ахир дар бораи тавофуқ бо Эрон, ҳокӣ аз ҳимояти афкори умумӣ аз оқои Убомо аст.

Дар ин назарсанҷӣ 65 дарсад гуфтаанд агар амнияти миллии Омрико ба таври мустақим таҳдид нашавад, бо ҳар гуна мудохилаи низомии Иёлоти Муттаҳида дар Ховари Миёна мухолиф ҳастанд. Дар ин бора посухи 21 дарсад мусбат будааст.

Муассисаи Ipsos ва хабаргузории Руйтерз мегӯянд ин назарсанҷӣ, ки дар ду рӯзи гузашта ва аз 591 нафар анҷом шуда то 5 дарсад қобили таъмим ба кулли ҷомеъаи Омрикост.

Ба нафъи ҷилавгирӣ аз иқдоми кунгре

Image caption Давлати Омрико борҳо аз кунгре хостааст феълан таҳримҳои тозае алайҳи Эрон вазъ накунад

Натоиҷи ин назарсанҷӣ дар бораи бемайлии афукори умумии Омрико ба гузинаи низомӣ метавонад ба Борок Убомо дар фишор бар кунгреи Иёлоти Муттаҳида барои ҷилавгирӣ аз вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Эрон кумак кунад.

Дар ҳафтаҳои гузашта давлати Омрико борҳо аз кунгреи Иёлоти Муттаҳида хоста буд таҳрими тозае алайҳи Эрон вазъ накунад, то фурсат шавад дар ин бора аз масири диплумотик амал шавад.

Кохи Сафед дар ин бора ҳушдор дода буд, ки ташдиди таҳримҳо дар мақтаъи феълӣ гузинаҳои пеширӯро ба ҳамлаи низомӣ маҳдуд мекунад.

Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои умдаи ҳомии Исроил пайгири вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Эрон будаанд.

Бархе аз ҳамҳизбиҳои Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, аз ҳизби демукрот низ ҳомии ин таҳримҳои ҷадид ҳастанд.

Пас аз пайгириҳои давлати Омрико, кунгре ҳанӯз ба иқдоми тозае дар ин бора даст назадааст.

Тарҳи ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон, ки дар моҳи июли соли ҷорӣ аз маҷлиси намояндагони Омрико раъй гирифт ва ҳадафи он қатъи комили содироти нафту гози Эрон аст, акнун мунтазири тасвиб дар сенои Омрикост.

Дар ҳафтаҳои гузашта бархе аз аъзои кунгре бо ибрози тардид дар натиҷабахш будани сиёсати давлати Омрико барои музокира бо Эрон пайгири иқдоми фаврӣ барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Эрон буданд.

Бо ин ҳол, бархе аз аъзои кунгреи Омрико дар пайи тасвиби таҳримҳои тозае алайҳи Эрон, ки дар сурати тахаттии Теҳрон аз тавофуқи аввалия дар Женев лоизмулиҷро шаванд.

Матолиби муртабит