Дифоъи Борок Убомо аз тавофуқ бо Эрон

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, аз тавофуқи миёни Эрон ва Гурӯҳи 5+1 дар Женев дифоъ кардааст.
Оқои Убомо бо изъон ба ин ки ҳанӯз мавонеъи зиёде бар сари роҳ вуҷуд дорад, хотирнишон карда, ки "мавозеъи тунд ва хатту нишон кашидан "барои Теҳрон роҳи таъмини амнияти Омрико нест."
Тавофуқи шашмоҳа дар Женев рӯзи якшанбе ба коҳиши бархе фаъъолиятҳои ҳастаии Эрон дар баробари коҳиши бархе таҳримҳои байналмилалӣ мунҷар шуд.
Ин тавофуқ дар маҷмуъ мавриди истиқбол қарор гирифтааст ба истиснои нахуствазири Исроил, ки онро иштибоҳе таърихӣ хондааст.
Бархе сенотурҳои омрикоӣ низ гуфтаанд дар ин тавофуқ он тавр ки бояд, Эрон таҳти фишор қарор нагирифта ва таҳдид кардаанд, ки ба дунболи таҳримҳои тоза хоҳанд рафт.
Раиси ҷумҳурии Омрико гуфтааст "Барои аввалин бор дар як даҳаи гузашта Омрико тавониста ҷилави пешрафти барномаи ҳастаии Эронро бигирад ва бахшҳои калидии барномаи ҳастаии Эронро ба ақиб биронад."
Ба гуфтаи оқои Убомо дастрасии бесобиқаи нозирони байналмилалӣ ба таъсисоти ҳастаии Эрон кумак хоҳад кард, ки "ҷилави дастёбии Эрон ба таслиҳоти ҳастаӣ гирифта шавад."
Раиси ҷумҳурии Омрико, ки дар Сонфронсиску суҳбат мекард, дар айни ҳол гуфта алорағми чолишҳои ҷиддии боқимонда байни ду тараф "наметавон дарро ба рӯйи диплумосӣ баст. Наметавон роҳи ҳалли сулҳомез барои мушкилоти ҷаҳониро хат кашид. Наметавонем худамонро даргири даври бепоёни хушунат кунем. Мавзеъгирии тунд ва хатту нишон кашидан аз назари сиёсӣ шояд осон бошад, аммо амнияти моро таъмин намекунад."
Оғози раванди коҳиши таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо
Вилиём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, гуфта интизор меравад тавофуқномаи Женев то поёни моҳи январ амалӣ шавад.
Бар асари таълиқи ҷузъии таҳримҳо Эрон ба ҳудуди ҳафт милёрд дулор пул барои махориҷи муъайян дастрасӣ хоҳад дошт, агарчи ҳудуди 1000 милиёрд дулор дороиҳои арзии он кишвар ҳамчунон ба далели таҳримҳо қобили дастёбӣ нестанд.
Оқои Ҳейг таъкид кардааст 7 милиёрд дулори мавриди баҳс дар тавофуқи Женев якҷо ба Эрон дода намешавад ва ин иттифоқ зарфи шаш моҳ меафтад.
Дар ҳамин ҳол Луран Фобиус, вазири умури хориҷаи Фаронса, ба шабакаи яки родиюи Фаронса гуфтааст барои ин кор ниёз ба тасмими куллии Урупост ва барои коҳиши муваққатии бахше аз ин таҳримҳо ин тасмимгирӣ эҳтимолан зарфи чандин ҳафта анҷом мешавад.
Пештар Бинёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфта буд, ки базудӣ тимеро ба раёсати мушовири амнияти милли худ барои музкоира бо мақомоти Омрико дар мавриди тавофуқи Эрон ва Гурӯҳи 5+1 ба Вошингтун эъзом мекунад.
Оқои Нетонёҳу дар ҷамъи аъзои ҳизби Ликуд афзуд дар гуфтугӯи телефунӣ бо Борок Убомо мувофиқат шуда, ки зарфи рӯзҳои оянда гурӯҳеро ба раёсати мушовири амнияти миллӣ барои музокира бо мақомоти омрикоӣ дар мавриди тавофуқи ниҳоӣ бо Эрон ба Омрико эъзом кунад.
Ба гуфтаи нахуствазири Исроил "ин тавофуқ бояд як натиҷа дошта бошад ва он ҳам аз байн бурдани тавоноии низомии атумии Эрон аст."
Ба ҷуз Омрико, Бритониё, Фаронса, Олмон ва ҳамчунин Чину Русия, ки бо Эрон ба тавофуқ даст ёфтаанд ва онро "дастоварди таърихӣ" медонанд, кишварҳои дигар низ аз ҳусули ин тавофуқ ибрози ризоият кардаанд, бавижа ҳамсоягони Эрон, аз ҷумла Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Баҳрайн ба истиқболи ин тавофуқ рафтаанд.
Ҳарчанд Арабистони Саъудӣ аз рақибони умдаи минтақаии Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо эҳтиёт аз ин тавофуқ истиқбол кардааст.
Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ бомдоди якшанбеи 24 ноябр дар Женев ба тавофуқе дар бораи барномаи ҳастаии Эрон расиданд.
Мутобиқи ин тавофуқи шашмоҳа Эрон таъаҳҳуд карда, ки ғанисозии урониюми худро маҳдуд кунад ва тарафи муқобил низ мутаъаҳҳид шудааст, ки зимни таълиқи маҳдуди бахше аз таҳримҳо то шаш моҳ ҳеҷ таҳрими тозае алайҳи Эрон вазъ накунад.
Ин тавофуқ пас аз солҳо ихтилофи назар ва чандин давр музокира ҳосил шуд.
