Зариф: Ба ин гурӯҳ эътимод надорем, аммо музокира мекунем

Вазири умури хориҷаи Эрон арзёбии худ аз музокирот ва тавофуқномаи Женевро ташреҳ карда ва таъкид варзида, ки ин тавофуқнома дар сурати адами ризоияти тарафайн қобили бозгашт аст.
Муҳаммадҷаводи Зариф бо ҳузур дар барномаи "Ду ним соъат"-и шабакаи Хабари телевизиюни Ҷумҳурии Исломӣ, бо ташреҳи наҳваи дастёбӣ ба тавофуқи ахир бо Гурӯҳи 5+1, аз нозирони дохилӣ хостааст, то дар гузориши натиҷаи ин музокирот таҳти таъсири арзёбии тарафи муқобил қарор нагиранд.
Оқои Зариф гуфт дар ҳар музокирае ду тараф ба бахше аз хостаҳои худ даст меёбанд ва бо изҳори ин назар, ки дар музокироти Женев, тарафи муқобил ба манзури касби ҳимояти афкори умумӣ ногузир буда натиҷаи музокиротро муваффақияте барои худ қаламдод кунад, гуфт: "Бархе авқот дӯстони мо он чиро ки ба унвони печиши хабарӣ ё талош барои муҳандисии хабар аз сӯйи бозигарон ва кунишгарони мухталиф анҷом мешавад, бо воқеъиёт қотӣ ва тасаввури дигаре эҷод мекунанд."
Оқои Зариф афзуд, ки санади мавриди тавофуқ дар музокироти Женев, ки "барномаи иқдоми муштарак" ном гирифта шомили эъломи мавзеъи Омрико ва шомили тамомии назароти он кишвар нест ва дар натиҷа омрикоиён мебоист онро тавҷеҳ ва тафсир кунанд ва афзуд "ба ҳамин андоза ҳам ин санад мавзеъи мо нест, зеро агар қарор буд мавзеъи мо бошад, мо баёнияе медодем ва бинобар ин музокирае сурат намегирифт."
Пас аз эъломи тавофуқномаи Женев, бархе мунтақидони дохилӣ бо истинод ба суханони мақомоти омрикоӣ дар мавриди дастёбӣ ба аҳдофи он кишвар дар музокираи Женев гуфтанд, ки изҳороти ҳайъати музокиракунандаи эронӣ дар мавриди муваффақият дар ин музокирот бо арзёбии омрикоиён таъоруз дорад ва дар натиҷа, изҳороти тарафи эронӣ дар мавриди дастёбӣ ба муваффақиятро мавриди тардид қарор доданд.
Вазири умури хориҷа гуфт, ки тавофуқи бадастомада шомили иқдомоти ду тараф тайи шаш моҳи оянда, аз ҷумла лағви бархе аз таҳримҳои вазъшуда тавассути Иттиҳодияи Урупо ва таваққуфи бархе аз иқдомоти Омрико барои ҷилавгирӣ аз содироти нафт ва муъомилоти бонкии Эрон аст ва ба ҷараён андохтани ин иқдомот мусталзами замон аст ва эҳтимолан муқаддамоти иҷрои ин бахш аз тавофуқнома то авохири соли мелодии ҷорӣ фароҳам хоҳад омад. Эрон низ барои иҷроӣ кардани мавориде, ки қабул кардааст, ба замон ниёз дорад.
Вай гуфт, ки мабнои санаде, ки мавриди тавофуқ қарор гирифта, пешниҳодҳое аст, ки ӯ дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаъи Умумӣ ва дар нахустин ҷаласаи музокироти Женев ироа дода буд ва интизор дорад тайи шаш моҳи оянда тавофуқи ниҳоӣ ба даст ояд ва музокирот барои дастёбӣ ба ин манзур аз авосити соли ҷории мелодӣ оғоз шавад. Оқои Зариф ёдовар шуд, ки "иқдомоти марҳилаи ниҳоӣ ҳамон тавре, ки дар санад вуҷуд дорад, рафъи ҳамаи таҳримҳост, чи таҳримҳои Шӯрои Амнияти Созмони Милал ва таҳримҳои якҷонибаи Омрико ва чи таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо ва дигар таҳримҳое, ки кишварҳои мухталиф алайҳи Эрон ба иҷро гузоштаанд.
Вазири хориҷа дар ин маврид таъкид варзид, ки музокира барои лағви таҳримҳо ба ин маънӣ набуда, ки Ҷумҳурии Исломӣ ин таҳримҳоро қонунӣ донистааст.
Тавофуқ ба таъаҳҳуд
Вазири хориҷаи Эрон дар ташреҳи "вожаҳои гом ба гом ва дусӯя", ки дар матни тавофуқнома омадааст, гуфт, ки бояд иқдомоти ду тараф мутавозин бошад ва ҳар иқдоме, ки як тараф анҷом медиҳад, бо иқдоме аз тарафи муқобил мутавозин шавад ва раванди ҳалли ин масъала дар мароҳили пай дар пай сурат гирад ба наҳве, ки "ҳама эҳсос кунанд, ки манофеъ ва дидгоҳҳои машрӯъи онҳо таъмин мешавад."
Оқои Зариф бори дигар таъкид кард, ки санади музокироти Женев "таъаҳҳуди ҳуқуқӣ" барои тарафайн эҷод намекунад, балки шомили иқдомоти довталабонаи ду тараф аст ва"пас аз шаш моҳ ё ҳатто дар миёни шаш моҳ агар ҳар як аз тарафҳо эҳсос кунад, ки тарафи муқобил пойбанд нест, қобили бозгашт аст.
Вазири хориҷаи Эрон, бахусус таъкид кард, ки агар мушоҳида шавад, ки кунгреи Омрико таҳти фишори дохилӣ, таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Эрон тасвиб карда, маълум мешавад, ки дар иҷрои тавофуқнома муваффақ набудаанд ва дар натиҷа "зарурате нахоҳад дошт, ки мо ин иқдомотро анҷом диҳем." Вай ёдовар шуд, ки тибқи қавонини Иёлоти Муттаҳида раиси ҷумҳурии он кишвар метавонад монеъ аз тасвиби таҳримҳои ҷадид аз сӯйи кунгре шавад ва агар чунин накунад, "раиси ҷумҳурии Омрикоро посухгӯ ва масъул медонем."
Дар мавриди иқдомоте, ки бар асоси тавофуқномаи Женев аз Эрон интизор меравад, вазири умури хориҷа таъкид кард, ки ғанисозии урониюм идома меёбад ва дар мавриди таваққуфи ғанисозии урониюми 20-дарсадӣ ҳам гуфт, ки фаъъолият дар ин замина ба далели худдории кишварҳои хориҷӣ аз таҳвили сӯхт ба реоктури атумии Эрон оғоз шуда буд ва тайи солҳои гузашта миқдори кофӣ сӯхт барои ин манзур таҳия шудааст.
Ишораи оқои Зариф ба сӯхти реоктури таҳқиқотии Теҳрон аст, ки дар даҳаи 1960 тавассути Иёлоти Муттаҳида эҷод шуд. Сӯхти ғайриқобили истифода дар мавориди дигар тайи солҳои баъд ҳамвора таҳвили Эрон мешуд, аммо дар соли 1388 Маҳмуди Аҳмадинажод, раиси ҷумҳурии вақт, кишварҳои хориҷиро ба коршиканӣ муттаҳам кард ва эълом дошт, ки дастури тавлиди урониюми 20-дарсадиро дода ва ҳадафи онро худкифоӣ дар сӯхти реоктурҳои ҳастаии Эрон унвон кард.
Мухолифони барномаи ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ ибрози нигаронӣ карда буданд, ки ҳадаф аз ин иқдом идомаи ғанисозӣ то дастёбӣ ба урониюм бо хулуси лозим барои сохти бумби атумӣ аст, ҳарчанд мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора вуҷуди барномае барои тавлиди ҷангафзорҳои ҳастаиро такзиб кардаанд.
Оқои Зариф гуфтааст, ки бар асоси тавофуқи суратгирифта ғанисозии урониюм бо хулуси пойин идома хоҳад дошт ва таъкид варзид, ки худи ӯ ҳам ҳаргиз нагуфтааст, ки фаъъолият дар ин замина коҳиш меёбад, ҳарчанд ибрози омодагӣ кардааст, ки дар мавриди абъоди он музокира кунад.
Вазири хориҷаи Эрон дар ин барномаи телевизиюнӣ гуфт, ки вуруд ба музокира нишонаи "худбоварӣ" аст ва эъломи мавзеъ ба ҷои музокира масъалаеро ҳал намекунад. Вай дар айни ҳол гуфт, ки суханони раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ "мабнӣ бар ин ки ба ин гурӯҳ эътимод надорем, ҳамеша овезаи гӯши мост ва инро ба онҳо низ мегӯем, ҳарчанд ин беэътимодӣ боъис намешавад музокира ва тафоҳум накунем."
