Убомо таҳрими эҳтимолии Эрон дар Сеноро 'вету хоҳад кард'

  • 20 Декабр, 2013
Сено
Image caption Чанд сенотури омрикоӣ барои тасвиби таҳримҳои тоза алайҳи Эрон тарҳе омода кардаанд

Сухангӯйи Кохи Сафед гуфтааст, ки агар Сено таҳримҳои ҷадидеро алайҳи Эрон ба тасвиб бирасонад, Борок Убомо, раисҷумҳур, мусаввабаи Сеноро "вету" хоҳад кард.

Ҷей Корнӣ, сухангӯйи Кохи Сафед, ба хабарнигорон гуфт, ки давлат борҳо ба Кунгре гуфтааст, ки мақтаъи кунунӣ вақти муносибе барои таҳримҳои ҷадид нест.

Бисту шаш сенотури омрикоӣ тарҳеро барои таҳрими бештари санъати нафти Эрон омода кардаанд. Сенотурҳои аршади демукрот ва ҷумҳурихоҳ дар миёни имзокунандагони ин тарҳ ҳастанд.

Дар айни ҳол, 10 нафар аз руасои кумитеҳои Сено бо тасвиби таҳримҳои ҷадид мухолифат кардаанд.

Рӯзномаи "Вошингтун Пуст" аз қавли як мақоми аршади Кохи Сафед навиштааст, ки тасвиби таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон эҳтимоли вуҷӯъи ҷангро тақвият мекунад.

Давлати Борок Убомо дар ҳафтаҳои ахир бадафаъот аз Кунгре хостааст, ки аз таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон худдорӣ кунад.

Эҳтимоли тасвиби таҳримҳои ҷадид тавассути Кунгре дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Муҳаммадризо Боҳунар, аз намояндагони барҷастаи муҳофизакори маҷлиси Эрон, гуфтааст мумкин аст маҷлис давлатро ба расондани ғанисозии урониюм ба сатҳи 60 дарсад мулзам (водор) кунад.

Ғанисозии урониюм яке аз масоили конунии мавриди ихтилоф будааст ва мутобиқи тавофуқи Женев, Эрон урониюми ғанишудаи худ дар сатҳи 20 дарсадро хунсо мекунад ва ҳаҷми урониюми ғанишудаи панҷдарсадиро ҳам маҳдуд нигоҳ медорад.

Азсаргирии музокироти фаннӣ

Дар айни ҳол, Эрон ва кишварҳои Гурӯҳи “Панҷ ба иловаи як” музокироти худ дар бораи барномаи ҳастаии Эронро дар сатҳи коршиносӣ аз сар гирифтаанд.

Ин даври музокирот, ки дар Женев баргузор мешавад, барои рӯшан шудани равандҳои иҷроии маҳдудияти барномаи ҳастаии Эрон ва рафъи бахшҳое аз таҳримҳои вазъшуда алайҳи Эрон аст.

Гуфтугӯҳои Эрон ва қудратҳои ҷаҳон дар бораи ин равандҳои иҷроӣ пас аз қарор гирифтани 19 ширкати ҷадид дар феҳристи таҳримҳои Омрико мутаваққиф шуд.

Яке аз диплумотҳои ғарбӣ ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст, ки ба рағми тавофуқи куллӣ дар Женев расидан ба тавофуқ бо Эрон бар сари равандҳои иҷроӣ мумкин аст “бисёр душвор” бошад.

Дар Эрон бархе аз муҳофизакорон аз муҳтавои тавофуқи дастгоҳи диплумосии Ҳасани Рӯҳонӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ибрози нигаронӣ мекунанд.

Рӯзи ҷумъа Алиакбари Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атумии Эрон, бо шаш нафар аз мароҷеъи тақлиди шиъа дидор карда ва ба онҳо дар бораи музокироти ҳастаӣ итминони хотир додааст.

Матолиби муртабит