Баррасии азсаргирии кори 10 реоктури атумӣ дар Жопун

  • 8 Июл, 2013

Гардонандагони нерӯгоҳҳои ҳастаии Жопун хоҳони аз саргирии фаъолияти 10 реоктури ҳастаии ин кишвар таҳти қавонини ҷадиди вазъшуда пас аз фоҷеъаи Фукушимо шудаанд.

Созмони муқаррароти ҳастаии Жопун эълом карда, ки арзёбии ин ки ҳар як аз ин реоктурҳо бо меъёрҳои ҷадид мутобиқанд ё на дастикам шаш моҳ ба тул меанҷомад.

Раванди арзёбӣ шомили ин аст ки реоктурҳо дар муқобили савонеҳи шадид, зилзила, суномӣ ва ҳамалоти терруристӣ эман ташхис дода шаванд.

Ду солу ним пеш дар паии зилзилаҳои 9 риштерӣ, суномии шадиде савоҳили Жопунро дар ҳам кӯбид. Иртифоъи амвоҷи ин суномӣ ба беш аз 14 метр мерасид. Нерӯгоҳи Фукушимо мутаъаллиқ ба ширкати барқи Тукию ба шиддат аз ин суномӣ садама дид ва нашти маводи радиюоктиви он ба ҳадде буд, ки онро дувумини фоҷеъаи атомии бузург пас аз Чернубил медонанд.

Image caption Истифода аз энержии атумӣ мунтақидони зиёде дорад

Ба ҷуз 2 реоктур ҳамаи нерӯгоҳҳои ҳастаии Жопун пас аз фоҷеъаи Фукушимо таътил шудаанд ва ҳассосияти умумии болое нисбат ба эмании таъсисоти ҳастаӣ дар Жопун ба вуҷуд омадааст.

Давлати ҳокими ҳизби либероли демукрот ба нахуствазирии Шинзу Обе бисёр муштоқ аст, ки бо азсаргирии кори реоктурҳои атумӣ, ки пештар як сеюми барқи Жопунро таъмин мекарданд, битавонад қимати рӯ ба афзоиши энержиро пойин биёварад.

Назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки аксари жопуниҳо хоҳони адами иттакои кишварашон ба энержии ҳастаӣ ҳастанд ва бо азсаргирии кори реоктур мухолифанд.

Дар муқобил давлат мегӯяд, ки бо истифода аз энержии ҳастаӣ метавон ҳазинаи болои сӯхтро пойин овард.

Ҳодисаи Фукушимо асари бузурге бар сиёсатҳои энержии ҳастаӣ дар сатҳи ҷаҳон гузоштааст.

Аз ҷумла Олмони пас аз ин иттифоқ 8 реоктур аз 19 реоктури худро баст ва эълом кард, ки дар як даҳаи оянда кулли нерӯгоҳҳои ҳастаии худро таътил мекунад.

Матолиби муртабит