Гуфтугӯҳои коршиносии Эрон ва Гурӯҳи 5+1 мутаваққиф шуд

Гуфтугӯҳои коршиносии Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як", ки дар пойтахти Утриш ҷараён дошт, аз дишаб мутаваққиф шуда, аммо ба гуфтаи Иттиҳодияи Урупо, "базудӣ" аз сар гирифта хоҳад шуд.
Тими коршиносии Эрон шаби панҷшанбеи 21 озар (12 декабр) пас аз чаҳор рӯзи гуфтугӯҳои фишурда бо намояндагони Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ҷаласаи музокиротро тарк кард ва ба Теҳрон бозгашт.
Дар ҷаласоти Виян тимҳои коршиносии Эрон ва "Панҷ ба иловаи як" бар сари ҷузъиёт ва нукоти фаннии тавофуқномаи Женев музокира мекунанд, то ба гуфтаи Аббоси Ароқчӣ, сарпарасти музокироти ҳастаии Эрон, "меконизми иқдомоте, ки ҳар ду тараф бояд анҷом диҳанд", мушаххас шавад.
Дар музокироти Виян теъдоде аз мудирони Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ низ ба унвони нозир ширкат доштанд.
Дар ҳамон ҳол, шомгоҳи гузашта Вазорати дороии Омрико 19 фард ва ширкати эронӣ ва хориҷиро ба феҳристи таҳримҳо алайҳи Эрон изофа кард.
Бино бар баёнияи рӯзи панҷшанбеи Вазорати дороии Омрико, ширкатҳои Эйваз Текник, Морӯ Санъат, Нигин Партав Ховар, Саноеъи ҳавоии Қудс ва Созмони саноеъи ҳавоии Эрон таҳрим шудаанд.
Ширкати Мид Уйл Осиё, ширкати Санго Тонкер, ки дар Сангопур ба сабт расидаанд, ва ширкати Ферлонд, ки гуфта шуда дар интиқоли тонкер ба тонкери нафти Эрон фаъъолият доштааст, низ таҳрим шудааст.
Бар асоси тавофуқномаи Женев, ки моҳи гузашта байни Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ имзо шуд, Эрон таъаҳҳуд кард, ки бахше аз фаъъолиятҳои ҳастаии худро мутаваққиф кунад ва дар иваз дар шаш моҳи оянда таҳриме алайҳи ин кишвар эъмол нашавад.
Аббоси Ароқчӣ имрӯз гуфт, ки таҳримҳои ҷадид "хилофи рӯҳи" тавофуқномаи Женев аст ва афзуд, ки Эрон "дар ҳоли арзёбии шароити мавҷуд ва иттихози аксулъамали муносиб" аст.
Хабаргузории Меҳр аз қавли як манбаъи мутталеъ навиштааст, ки ҳайъати коршиносии Эрон музокиротро ниматамом гузошта, чун таҳримҳои ҷадид "хилофи масири тавофуқот" будааст.
Аз сӯйи дигар, хабаргузории ИСНО аз қавли як узви ҳайъати музокиракунандаи Эрон бо Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" хабар дод, ки ҳайъати коршиносии Эрон барои "машварат бо Теҳрон" музокиротро мутаваққиф кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Мойкл Мон, сухангӯйи Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, иллати таваққуфи музокиротро "печидагии мавзӯъоти фаннӣ" дониста ва гуфтааст, ки бояд кори бештаре дар ин заминаҳо анҷом шавад.
Ба гуфтаи оқои Мон, намояндагони кишварҳои ҳозир дар гуфтугӯҳо бояд бо мақомоти давлатҳои худ машварат кунанд ва интизор меравад гуфтугӯҳо базудӣ аз сар гирифта шавад.
Мақомоти эронӣ дар бораи аз сар гирифта шудани гуфтугӯҳо расман изҳори назар накардаанд, аммо ИСНО аз қавли як узви дигари ҳайъати музокиракунандаи Эрон эҳтимол дода, ки музокирот мумкин аст имрӯз аз сар гирифта шавад.
