Таъкиди Иттиҳодияи Урупо бар таълиқи таҳримҳо алайҳи Эрон

Иттиҳодияи Урупо эълом кардааст дар сурате ки Эрон бо "ҳусни ният" ба таъаҳҳудоташ дар чорчӯби тавофуқи атумии Женев амал кунад, ин иттиҳодия низ бар асоси он тавофуқ бахше аз таҳримҳоро алайҳи Эрон ба ҳолати таълиқ дархоҳад овард.
Ин хабар дар ҳоле эълом шуд, ки Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, гуфтааст рӯзи сешанбе дар Бруксел бо Аббоси Ароқчӣ, муъовини ҳуқуқӣ ва байналмилали вазири умури хориҷаи Эрон, ки дар музокироти ҳастаӣ нақши муҳимме дорад, дидор хоҳад кард.
Шӯрои вазирони Иттиҳодияи Урупо дар ҷаласаи рӯзи душанбеи ин ниҳод дар Бруксел аз хонуми Аштун др мавриди раванди музокироти ҳастаӣ бо Эрон гузориш дарёфт кардааст.
Ин шӯро сипас тайи як баёнияи расмӣ аз тавофуқи Женев истиқбол ва эълом кард: "Дар шароити кунунӣ иҷрои сареъи тадобири довталабона тавассути ду тараф масъалае калидӣ аст."
Ин баёния меафзояд: "Эрон бояд таъаҳҳудоташро бо ҳусни ният иҷро кунад ва шӯро низ мутаъаҳҳид мешавад, ки гомҳои лозимро бардорад ва он бахш аз таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо, ки дар барномаи иқдоми муштарак омадааст, пас аз иҷрои таъаҳҳудоти Эрон ва таъйиди Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ ва бар асоси тавсияи Котрин Аштун, намояндаи аршади Иттиҳодияи Урупо, ба ҳолати таълиқ дарояд."
Котрин Аштун низ гуфт, ки музокироти ҳайъатҳои коршиносии Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як", ки дар Вияни Утриш, мақарри Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, дар ҷараён буд ва мутаваққиф шудааст, аз сар гирифта хоҳад шуд.
Хонуми Аштун раванди музокиротро бисёр ҳассос тавсиф кард ва гуфт: "Мусаллам аст, ки ҳамвора гуфтаем муҳим аст, аммо аз анҷоми иқдомоте, ки ин равандро ба таъхир бияндозад, худдорӣ кунем."
Хонуми Аштун афзуд: "Эрон бояд бо ҳусни ният ба таъаҳҳудоташ амал кунад. Шӯро низ ба навбаи худ мутаъаҳҳид аст гомҳои лозимро бардорад, то он бахш аз таҳримҳои Иттиҳодияи Урупоро, ки дар барномаи иқдоми муштарак мушаххас шудааст, ба ҳолати таълиқ дароварад."
Моҳи пеш дар Женеви Суис ва пас аз музокироте фишурда байни Эрон ва қудратҳои бузург Эрон пазируфт, ки пешрафти баъзе аз бахшҳои ҳассоси барномаи атумияшро мутаваққиф кунад, аз ҷумла сонтрифужҳои пешрафтаи тоза насб накунад.
Дар муқобил, Омрико ва муттаҳидонаш мутаъаҳҳид шуданд, ки тайи як раванди шашмоҳа бахше аз таҳримҳои феълиро муъаллақ кунанд ва таҳрими тозае алайҳи ин кишвар вазъ накунанд, то бо идомаи гуфтугӯҳо роҳе барои ҳаллу фасли ҷомеъи муноқишаи ҳастаӣ пайдо шавад.
Ройзаниҳои Омрико
Бо ин ҳол, Вазорати дороии Омрико эълом кардааст, ки Дейвид Куҳен, муъовини вазири дороии ин кишвар дар умури терурисм ва иттилоъоти молӣ, ин ҳафта дар мавриди иҷрои таҳримҳои иқтисодии байналмилалӣ алайҳи Эрон ба чанд кишвар аз ҷумла Олмон, Бритониё, Туркия ва Исроил сафар мекунад.
Вазорати дороии Омрико рӯзи панҷшанбеи гузашта 19 фард ва ширкати эронӣ ва хориҷиро ба феҳристи таҳримҳо изофа карда буд.
Мақомоти Вазорати умури хориҷаи Эрон ин иқдомро бар хилофи рӯҳи тавофуқномаи Женев тавсиф карда буданд. Баъзе аз расонаҳои Эрон таваққуфи музокироти ҳайъатҳои коршиносии атумии Эрон ва қудратҳои бузург дар Виянро ба таҳримҳои Омрико нисбат дода буданд.
Аз сӯи дигар, Чок Ҳейгел, вазири дифоъи Омрико, низ рӯзи душанбе бо ҳамтои исроилияш Муше Яъалун, дар бораи чанд мавзӯъ, аз ҷумла Эрон, гуфтугӯ кард.
Бино бар баёнияи Пентогун, вазири дифоъи Омрико дар суҳбаташ бар таъаҳҳуди Омрико ба ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба силоҳи ҳастаӣ таъкид кард.
Эрон бо радди иттиҳомоти Омрико ва муттаҳидонаш тамоми ҷавониби барномаи ҳастаии худро сулҳомез медонад.
Ҳамзамон, Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар як кунферонси хабарӣ дар Ню-Йурк тавофуқи Женевро аз дастовардҳои муҳимми диплумотики соли ҷорӣ хондааст.
Оқои Бон гуфт: "Яке дигар аз нуқоти барҷастаи соли 2013 тавофуқи моҳи гузашта миёни Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" дар мавриди барномаи атумии Эрон буд. Умеди ман ин аст, ки ин тафоҳуми аввалия як тавофуқи ҷомеъ дар мавриди ҳамаи нигарониҳои боқимондаро ба дунбол дошта бошад."
Дабири кулли СММ афзуд: "Ман ҳамчунин аз Эрон мехоҳам бо Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ комилан ҳамкорӣ кунад. Ман ҳамчунин аз тамоюли давлати Эрон барои беҳбуди равобит бо ҷомеъаи ҷаҳонӣ истиқбол мекунам, беҳбуде, ки метавонад бар масоили мухталиф таъсир бигзорад.
