'Тавофуқи Женев аз коҳиши содироти нафти Эрон монеъ мешавад'

  • 21 Декабр, 2013
Баъидинажод
Image caption Мудири кулли идораи халъи силоҳи Вазорати умури хориҷии Эрон дар музокироти Женев ҳозир будааст

Як диплумоти аршади эронӣ, ки дар музокирот бо Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" ҳузур дошта, мегӯяд, ки тавофуқи Женев аз коҳиши мизони содироти нафти Эрон ба 800 ҳазор бушка дар рӯз монеъ мешавад.

Ҳамиди Баъидинажод, мудири кулли идораи умури халъи силоҳ дар вазорати умури хориҷаи Эрон, ба ИСНО, хабаргузории донишҷӯёни Эрон, гуфтааст, ки бар асоси тавофуқи Женев қарор аст мизони феълии содироти нафти хоми Эрон ҳифз шавад.

Дар ҳоли ҳозир коршиносони Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" дар Женев саргарми музокира дар бораи иҷрои тавофуқи Женев ҳастанд. Оқои Баъидинажод риёсати ҳайъати эрониро ба уҳда дорад ва гуфтааст иҷрои тавофуқи Женев нимаи январи 2013 ё ҳадди аксар ибтидои ҳафтаи севуми он оғоз мешавад.

Содироти феълии нафти Эрон: 'як милюн бушка дар рӯз'

Бар асоси таҳрими Омрико қарор буд содироти нафти Эрон ба таври пилаконӣ (зина ба зина) коҳиш ёбад, аммо ба гуфтаи оқои Баъидинажод, густариши ин иқдом аз сӯйи давлати Омрико бар асоси тавофуқи Женев мутаваққиф хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ин диплумоти эронӣ, мизони содироти нафти Эрон дар ҳоли ҳозир як милюн бушка дар рӯз аст.

Пеш аз таҳримҳо Эрон чаҳорумин содиркунандаи умдаи нафт дар ҷаҳон номида мешуд ва рӯзона дар ҳудуди ду милюну 500 ҳазор бушка нафти хом содир мекард.

Мудири кулли идораи халъи силоҳи Вазорати умури хориҷаи Эрон гуфтааст, ки аз ҳамон ибтидои музокироти Женев бар сари ин ки Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" дар бахши иқдомоти мутақобил бояд ба коҳиши таҳримҳои нафтӣ ҳам бипардозад, ихтилофи асосӣ вуҷуд доштааст.

Бавижа, ба гуфтаи ӯ, омрикоиҳо мегуфтанд, ки ин мавзӯъ дар чорчӯби таҳримҳои Кунгре аст ва давлати Омрико бидуни назар ва касби мувофиқати Кунгре наметавонад дар ин замина иқдоме анҷом диҳад.

Оқои Баъидинажод ба ИСНО гуфт: "Мо ба Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" мегуфтем агар бар рӯйи ин мавзӯъ вориди музокира нашаванд, тавофуқе шакл нахоҳад гирифт. Дар ниҳоят, бо исрори Эрон бахше аз таҳримҳои нафтӣ, ки тасмим дар хусуси он дар навъи ҳамоҳангӣ бо Кунгре дар ҳавзаи ихтиёроти раиси ҷумҳурии Омрико қарор дорад, дар чорчӯби иқдомоти мутақобили 5+1 қарор гирифт."

Бар асоси гуфтаи ин мақоми эронӣ, ба далели ин ки дулори Омрико дар таҳрим аст, авоиди (даромадҳои) молии ҳосил аз фурӯши нафт бо арзҳои дигар, аз ҷумла юру, ба ҳисоби бонкҳои Эрон ворез хоҳад шуд.

Бар асоси ин тавофуқ, бо вақфаи (танаффуси) шашмоҳа дар бахше аз барномаи атумии Эрон, ҳамчун ғанисозии 20-дарсадӣ, кишварҳои узви Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" бахше аз таҳримҳо, аз ҷумла афзоиши таҳримҳои нафтӣ ва муъомилоти филиззоти гаронбаҳоро, таълиқ мекунанд.

Кишварҳои музокиракунанда бо Эрон мутаъаҳҳид шудаанд, ки дар ин муддат таҳрими тозае алайҳи Эрон вазъ нашавад.

Матолиби муртабит