Омрико ҷузъиёти иҷроии тавофуқи Женевро мунташир кард

  • 17 Январ, 2014
Кохи СафедImage copyrightReuters
Image caption Тавофуқи Женев, ки аз он ба унвони "Барномаи иқдоми муштарак" ёд мешавад, дар пайи музокироти Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, шомили Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон 24 ноябр ба даст омад

Кохи Сафед хулосае аз мароҳили иҷроӣ шудани тавофуқи ҳастаӣ бо Женев миёни Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як"-ро дар ихтиёри Кунгреи Омрико қарор додааст.

Ин матн таърихи озодсозии бахше аз дороиҳои Эрон дар муқобили таваққуфи ғанисозии 20-дарсадӣ ва қадамҳои шафффосози дигаре аз сӯйи Теҳронро мушаххас кардааст.

Ин матн, ки нусхае аз он рӯзи панҷшанбеи 16 январ (26 даймоҳ) рӯйи вебсойти Муассисаи сулҳи Кунгреи Омрико қарор гирифта, нишон медиҳад дар моҳҳои оянда беш аз чаҳор милёрд дулор аз дороиҳои масдудшудаи Эрон дар қистҳои 550 ва 450-милюндулорӣ дар баробари таъаҳҳуди Эрон ба муфодди ин тавофуқ ба Теҳрон мунтақил мешавад.

Ҳамзамон нишонаҳое вуҷуд дорад, ки пас аз дидори чаҳоршанбешаби Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, бо сенотурҳои демукроти Кунгре, ҳимоятҳо аз тарҳи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон, ки тавассути теъдоде аз сенотурҳо матраҳ шуда буд, коҳиш ёфтааст.

Оқои Убомо таҳдид карда буд, ки чунин тарҳеро дар сурати тасвиб вету хоҳад кард.

Тавофуқи Женев, ки аз он ба унвони "Барномаи иқдоми муштарак" ёд мешавад, дар пайи музокироти Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, шомили Омрико, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса ва Олмон дар 3 озар (24 ноябр) ба даст омад.

Бар асоси матне аз ин тавофуқ, ки пештар дар расонаҳо мунташир шуда буд, қарор аст Эрон ба муддати шаш моҳ баъзе аз барномаҳои атумии худро маҳдуд ва имкони бозрасии густардатарро фароҳам кунад.

Ва тарафи муқобил низ аз вазъи таҳримҳои ҷадид алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон худдорӣ варзад ва аз фишори таҳримҳо дар баъзе заминаҳо бикоҳад.

Дар матни мунташиршудаи ҷадид омадааст, ки Эрон мутаъаҳҳид аст пас аз интишори гузориши ҷадиди Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ тамомии фаъъолиятҳои худ дар иртибот бо ғанисозии 20-дарсадиро мутаваққиф кунад.

Ҳамзамон, Эрон бояд амалиёти "рақиқсозии" ниме аз захираи урониюми 20-дарсадии худро оғоз кунад, то ҷое ки ин мавод дигар қобилияти "ғанисозии муҷаддадро" надошта бошанд.

Гузориши ҷадиди Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, ки қарор аст рӯзи 20 январ (30 даймоҳ) эълом шавад, охирин ҷузъиёт дар бораи барномаи ҳастаии Эронро мавриди ишора қарор хоҳад дод.

Image copyrightREUTERS
Image caption Эрон ҳанӯз ба ҷузъиёти мунташиршуда аз сӯйи Кохи Сафед вокунише нишон надодааст

Ҳамчунин, бино бар ин матн, Эрон мутаъаҳҳид мешавад, то сохти сонтрифюжҳои ҷадидро мутаваққиф кунад ва талоше барои ҷойгузин кардани сонтрифюжҳои ҷадид бо онҳо, ки аз кор уфтодаанд, накунад ва ба ин тартиб, дар поёни шаш моҳи замони иҷроии тавофуқи Женев Эрон захираи ҷадиде аз сонтрифюжҳои ҷадид нахоҳад дошт.

Таваққуфи таъмин ё сӯхтрасонӣ ва такмили реоктури Арок, таваққуфи талошҳо барои пешбурди барномаи ҳастаӣ, таваққуфи сохти маҷмӯъаҳои ҷадиди ҳастаӣ, талош накардан барои эҳдоси ҳар гуна муҷтамаъи фароварии сӯхт ва нигоҳ доштани фаъъолиятҳои ғанисозӣ дар сатҳи панҷ дарсад, аз умдаи муфодди матни мунташиршуда тавассути давлати Омрикост.

Дар идомаи ин матн ҳам Эрон бояд мутаъаҳҳид шавад, ки барои шаффофсозии ҳарчи бештар ва исботи иҷроӣ шудани таъаҳҳудоташ иқдом кунад ва роҳкорҳои дар назар гирифташуда барои амалӣ шудани гомбагоми ин тавофуқномаро ба иҷро гузорад.

Дар баробар, аъзои Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" мутаъаҳҳид шудаанд таҳримҳо алайҳи содироти маҳсулоти петрушимӣ ва воридоти маҳсулоти марбут ба санъати худравсозии Эронро муъаллақ кунанд ва таҳримҳо алайҳи хариду фурӯши тило ва филиззоти гаронбаҳо тавассути Эрон дар бозори ҷаҳониро бо шароите лағв кунанд.

Лағви маҳдудиятҳо барои таъмин ва воридоти қитаъоти ядакии ҳавопаймоҳои мусофирбарӣ, таваққуфи талошҳо барои коҳиши хариди нафти Эрон дар бозорҳои ҷаҳонӣ, тасҳили маҷории бонкӣ ва молӣ барои интиқоли арз ба хориҷ аз Эрон ва барои мавориде чун арзҳои донишҷӯӣ ё хариди дору низ аз ҷумлаи таъаҳҳудоти кишварҳои Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" аст.

Ин кишварҳо ҳамчунин ба ислоҳи созукорҳои Иттиҳодияи Урупо дар иртибот бо муҷаввизи пардохтҳо ва гардиши молӣ, ва ҳамчунин пардохти ҳудуди чаҳор милёрду 200 милюн дулор аз даромадҳои масдудшудаи Эрон дар тайи шаш моҳ замони иҷроии тавофуқоти Женев мутаъаҳҳид шудаанд.

Эрон ҳанӯз ба ҷузъиёти мунташиршуда аз сӯйи Кохи Сафед вокунише нишон надода, аммо пас аз поёни даври ахири музокироти коршиносии Эрон ва кишварҳои Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" дар ҳафтаи гузашта (20 даймоҳ) ду тараф аз натоиҷи он ибрози ризоят карда ва гуфтанд, ки дар ин бора ба тавофуқе расидаанд, ки бояд дар пойтахти ин кишварҳо ҳам таъйид шавад.

Матолиби муртабит