Раҳбари Эрон: Душмании Омрико дар музокирот рӯшан шуд

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, имрӯз, панҷшанбеи 19 дай (9 январ) гуфт: "Яке аз баракоти музокирот ин буд, ки душмании Омрико бо Эрон ва эронӣ ва ислом барои ҳама рӯшан шуд."
Ӯ ба мақомҳои давлатӣ тавсия кард, ки ҳарчанд барои ҳалли "масоили берунӣ" талош мекунанд, вале набояд "чашм ба берун" бидӯзанд.
Оятуллоҳ Хоминаӣ гуфт: "Тавсияам ба масъулон ин аст, ки барои рафъи мушкилоти кишвар ба нерӯи дарунии кишвар таваҷҷуҳ кунанд. Умеди мо ба даруни кишвар бошад, ин аст, ки кишвари моро бима мекунад."
Ӯ таъкид кард, ки Эрон ба хотири таҳримҳо пойи музокирот нарафтааст, балки "мо қаблан ҳам эълом кардаем дар мавзӯъоти хос, ки маслаҳат бидонем, бо ин шайтон барои рафъи шарраш музокира мекунем."
Раҳбари Эрон дар ҳоле имрӯз аз "рӯшан шудани душмании Омрико дар музокирот" сухан гуфта, ки пеш аз ин, дар обонмоҳ ва пеш аз тавофуқи шашмоҳа бо кишварҳои "Панҷ ба иловаи як" пешбинӣ карда буд: "Ҳамон тур, ки дар Машҳад ҳам гуфтам, ба музокира хушбин нестам, вале ба изни Аллоҳ аз ин музокирот зараре ҳам намекунем ва ин таҷруба зарфияти фикрии миллати моро боло хоҳад бурд."
Ӯ дар оғози соли хуршедии ҷорӣ ҳам дар Машҳад гуфта буд: "Ман ба ин музокира хушбин нестам, аммо мухолифате ҳам бо он надорам."
Бо рӯйи кор омадани давлати Ҳасани Рӯҳонӣ сатҳи равобити Эрон ва Омрико ба таври чашмгире боло рафтааст, ба тартибе, ки руасои ҷумҳури ду кишвар пас аз даҳаҳо бо якдигар муколамаи телефунӣ доштанд ва вузарои хориҷа низ чанд давр дар музокироти мустақим дар бораи масъалаи ҳастаии Эрон ширкат карданд.
Албатта, хабаргузории Осушиэйтид Прес гузориш дода буд, ки Эрон ва Омрико аз чандин моҳ қабл, дар давраи раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод, ба таври сиррӣ музокироте бо якдигар доштаанд.
Гурӯҳе аз муҳофизакорони эронӣ аз сиёсати хориҷии давлати Ҳасани Рӯҳонӣ ва бавижа бархе ҷиҳатгириҳои Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷа, интиқод мекунанд.
Бо ин ҳол, Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ бадафаъот аз диплумотҳои эронӣ ҳимоят кардааст. Ӯ аз ҷумла дар обонмоҳ гуфт: "Ҳеч кас набояд маҷмӯъаи музокиракунандагони моро созишкор бидонад, инҳо бачаҳои худи мо ва бачаҳои инқилобанд. Як маъмурияти сахтеро бар уҳда доранд ва ҳеч кас набояд маъмуреро, ки машғули корест, тазъиф кунад."
