Иҷрои тавофуқи Эрон бо Гурӯҳи 5+1 аз поёни даймоҳ шурӯъ мешавад

Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазири хориҷа ва музокиракунандаи атумии Эрон, эълом кард, ки мавориди ихтилоф бо қудратҳои ҷаҳонӣ бар сари ҷузъиёти тавофуқномаи Женев рафъ шуда ва иҷрои ин тавофуқ аз охирин рӯзи даймоҳ оғоз мешавад.
Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, ва Вилём Ҳейг, вазири хориҷаи Бритониё, ҳам ҳалли ихтилоф бо Эрон бар сари ин тавофуқномаро таъйид кардаанд.
Борок Убомо, раисҷумҳури Омрико, бо интишори баёнияе аз ин тавофуқ истиқбол кардааст. Ӯ тавофуқи ҷадидро як "пешрафти малмус" тавсиф кардааст.
Оқои Ароқчӣ рӯзи панҷшанбе дар Женев бо Ҳелго Ишмит, муъовини Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодиҷи Урупо, ва Вендӣ Шерман, муъовини вазири умури хориҷаи Омрико, дидор карда ва пас аз он гуфта буд, ки бо тарафи муқобил ба роҳиҳаллҳое даст ёфтааст, ки мебоист дар сутӯҳи болотар ва дар пойтахтҳо мавриди таъйид қарор бигирад.
Ӯ рӯзи якшанбеи 22 даймоҳ (12 январ) дар як кунферонси хабарӣ гуфт: "Мутталеъ шудем шаш кишвар бо роҳиҳаллҳои пешниҳодӣ мувофиқат карданд ва ин роҳиҳаллҳо дар Эрон ҳам аз сӯйи мароҷеъи зирабт баррасӣ шуд ва онҳо мувофиқати худро эълом карданд."
Бар асоси тавофуқномаи Женев, Эрон мутаъаҳҳид мешавад, ки дар шаш моҳи оянда барномаи ғанисозии урониюми худро маҳдуд кунад, таъсисоти ҳастаиии Арокро тавсеъа надиҳад ва имкони бозрасиҳои бештарро барои Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ фароҳам кунад.
Дар муқобил, Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як", шомили Омрико, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон, мутаъаҳҳид шудааст, ки таҳрими филиззоти гаронбаҳо, петрушимӣ ва санъати худравсозиро коҳиш бидиҳад, дар ин шаш моҳ таҳримҳои ҷадид вазъ накунад ва имкони дастрасии Эрон ба бахше аз манобеъи арзии ҳосил аз фурӯши нафтро фароҳам кунад.
Ду тараф дар тӯли ин шаш моҳ дар мавриди ҳаллу фасли ниҳоии ихтилофот ва нигарониҳои мавҷуд дар мавриди барномаи атумии Эрон гуфтугӯ хоҳанд кард.
Ба гуфтаи оқои Ароқчӣ, ҳамаи таҳримҳои зикршуда дар тавофуқномаи Женев аз рӯзи 30 даймоҳ (20 январ) тавассути қудратҳои ҷаҳонӣ "таълиқ" мешавад ва Эрон ҳам иҷрои тамоми таъаҳҳудоти худро оғоз мекунад. Танҳо истисно озод шудани 4,2 милёрд дулор дороии Эрон тавассути тарафи ғарбӣ ва "табдили маводди ғанишуда ба уксид ва рақиқсозии он" тавассути Эрон аст, ки батадриҷ ва дар як давраи шашмоҳа сурат мегирад.
Ӯ гуфт: "Маблағи 4,2 милёрд дулор қарор аст ба таври дақиқ дар ҳашт навбат пардохт шавад... Аз тарафи мо ҳам кори уксид кардани ниме аз урониюми 20 дарсад ғанишуда дар шаш моҳ ва дар шаш навбат анҷом хоҳад шуд ва кори рақиқ кардани ними дигар ҳам дар камтар аз шаш моҳ агҷом мешавад.
Оқои Ароқчӣ гуфт, ки рақиқ кардани урониюми мавриди ишора ба далоили фаннӣ тӯл мекашад.
Ӯ изҳори умедворӣ кард, ки музокира барои ҳаллу фасли ниҳоии ихтилофот ду ё се ҳафта пас аз таърихи ёдшуда (30 дай ё 20 январ) оғоз мешавад.
Ҳушдори Убомо ба Кунгре
Борок Убомо рӯзи якшанбе дар баёнияе навишт: "Тавофуқи имрӯз барои иҷрои тарҳи амали муштарак, ки ибтидо дар моҳи ноябр эълом шуда буд, ба ин маъност, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон барои аввалин бор тайи як даҳа бо иқдомоти мушаххас барои муъаллақ кардани пешрафти барномаи атумияш ва ақаб рондани бахшҳои калидии он барнома мувофиқат мекунад.
Оқои Убомо навишт, ки "таҳримҳои бесобиқа ва диплумосии шадид аз авомили овардани Эрон ба пойи мизи музокирот буд."
Ӯ хитоб ба Кунгреи Омрико гуфт, ки эъмоли таҳримҳои бештар дар ин мақтаъ хатари хунсо кардани талошҳои давлати ӯ барои ҳалли мусолиматомези ин масъаларо ба ҳамроҳ дорад ва ҳушдор дод ӯ ҳар мусаввабае барои афзоиши таҳримҳо дар тӯли музокиротро вету хоҳад кард.
Оқои Убомо ба илова гуфт, ки ҳеч таваҳҳуме дар бораи сахт будани даври баъдии музокирот барои расидан ба як тавофуқи ҷомеъ бо Эрон надорад.
Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ҳам дар баёнияе гуфт: "Ҳарчанд иҷрои 'тарҳи амали муштарак' як гоми муҳим аст, мо бахубӣ аз чолишҳои ҳатто бузургтар дар музокира барои расидан ба як тавофуқномаи ҷомеъ огоҳем. Медонем, ки музокироти сахте хоҳад буд."
Ӯ ҳам мисли раиси ҷумҳурии Омрико бар аҳаммияти диплумосӣ таъкид кард: "Музокирот душвор аст, аммо беҳтарин шонсе аст, ки дорем, то битавонем ин масъалаи муҳимми амнияти миллиро ба сурати сулҳомез ва пойдор ҳал кунем."
