Омрико мегӯяд ба ҳимоят аз ҳуқуқи башар дар Эрон идома медиҳад

Яке аз мушовирони раиси ҷумҳурии Омрико таъкид кардааст, ки бо вуҷуди тавофуқи аввалия бо Эрон дар Женев ва идомаи музокироти ҳастаӣ, Вошингтун ба ҳимоят аз ҳуқуқи башар ва дастрасии озод ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ дар Эрон идома хоҳад дод.
Сузон Ройс, намояндаи собиқи Омрико дар Созмони Милали Муттаҳид, ки ҳоло мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурӣ аст, бо интиқод аз вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон, гуфтааст Теҳрон бояд ба Аҳмад Шаҳид, гузоришгари вижаи Созмони Милал, иҷоза диҳад ба Эрон сафар кунад.
Ин аввалин бор аст, ки як мақоми аршади давлати Омрико баъд аз тавофуқи Эрон ва Гурӯҳи 5+1 дар бораи ҳимояти Омрико аз беҳбуди вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон суҳбат мекунад.
Хонуми Ройс, ки рӯзи чаҳоршанбеи 3 декабр, дар кунфронси ҳуқуқи башар дар Вошингтун суҳбат мекард, ноқизони ҳуқуқи башар дар Эронро аз бадтаринҳо дар ҷаҳон хонда ва дар заминаи нақзи ҳуқуқи башар, Эронро ҳамрадифи кишварҳое чун Эритре, Зимбобве, Судон, Сурия ва Куреи Шимолӣ баршумурдааст.
Ин мушовири амнияти миллии Борок Убомо, давлати ин кишварро муттаҳам кардааст, ки барои ҳифзи қудрати худ мардумро саркӯб мекунанд.
Сузон Ройс бидуни ин ки ишораи мустақиме ба номи раиси ҷумҳурӣ ва вазири умури хориҷаи Эрон кунад, гуфт мардуми Эрон ҳам ҳақ доранд монанди раҳбаронашон битавонанд рӯйи интернет ва шабакаҳои иҷтимоъӣ изҳори назар кунанд.
Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон ва Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷа, дар Твитер фаъъол ҳастанд. Оқои Зариф дар Фейсбук ҳам фаъолият дорад ва саҳфаи ӯ мавриди таваҷҷуҳи корбарони эронӣ будааст.
Шабакаҳои иҷтимоъии Твитер ва Фейсбук дар Эрон масдуд шудаанд ва корбарони интернетӣ фақат бо истифода аз абзорҳои давр задани филтринг метавонанд ба онҳо дастрасӣ пайдо кунанд.
Дуроҳии душвор "байни амнияти миллӣ ва ҳуқуқи башар"
Сузон Ройс дар айни ҳол гуфтааст, ки гоҳе барои тазмини амнияти миллии Омрико, гурезе аз "дуроҳиҳои душвор" нест.
Мушовири амнияти миллии Кохи Сафед гуфтааст: "Бояд содиқ бошем. Дар дуроҳиҳои душвор миёни дифоъ аз амнияти миллӣ ва тарҷеҳ додани пойбандӣ ба дифоъ аз демқукросӣ ва ҳуқуқи башар, гоҳе мо маҷбур ба канор омадан бо давлатҳо мешавем, аммо вақте ки ҳаққе зоеъ шавад, ба дифоъ аз он ва ҳимоят аз он идома медиҳем."
Намояндаи собиқи Иёлоти Муттаҳида дар Созмони Милал гуфтааст ҳамзамон, ки Омрико дар ҳоли озмуни масири диплумосӣ барои ҳалли мусолиматомези буҳрони ҳастаии Эрон аст, Эрон ҳам дар муқобили ин маҳак қарор гирифтааст, ки оё вазъияти ҳуқуқи башар дар ин кишвар беҳбуд хоҳад ёфт ё на.
Иёлоти Муттаҳидадар солҳои гузашта ҳамвора аз мунтақидони аслии вазъияти ҳуқуқи башар дар Эрон будааст.
Ду ҳафта пеш Кумитаи севуми Маҷмаъи Умумии СММ ба қатъномаи пешниҳодии Конодо дар маҳкумияти нақзи ҳуқуқи башар дар Эрон раъй дод.
Дар ҷараёни нишасти ин кумита дар мақарри Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йурк, намояндаи Конодо гуфт қатъномаи пешниҳодӣ зимни истиқбол аз таҳавуллоте ки дар пайи интихоби Ҳасани Рӯҳонӣ ба раёсати ҷумҳурӣ рух дода, идомаи нақзи ҳуқуқи башар дар Эронро маҳкум мекунанд.
Аҳмад Шаҳид, гузоришгари вижаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар умури Эрон, дар ҷаласаи ин кумита гузорише дар бораи Эрон ироа дод ва аз ҷумла ба маҳдудияти ҳуқуқи шаҳрвандии ақаллиятҳои қавмиву мазҳабӣ, маҳдудияти озодии баён, иттилоъот ва иҷтимоъ ва фишор бар рӯзноманигорон ишора кард.
Дар ҳамон ҷаласа намояндаи доимии Эрон дар СММ ин қатъномаро "ғайрисозанда" хонд.
Муҳаммад Хазоъӣ бо ишора ба интихоби давлати ҷадид дар Эрон гуфт кишвараш мутаъаҳҳид ба ҳамкорӣ бо созу корҳои Созмони Милал барои беҳбуди вазъияти ҳуқуқи башар аст.
Рӯзи чаҳоршанбе Содиқи Лориҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон, дар вокуниш ба қатъномаҳои созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ, ин қатъномаро "муғризона ва дурӯғ" хонд ва гуфт, ки ин созмонҳо иттилоъе аз мабонии "фиқҳӣ ва ҳуқуқӣ" надоранд.
