Твитер ва Фейсбук дар Эрон боз ҳам масдуд шудааст
Дастрасии озоди эрониён ба Фейсбук ва Твитер дар Эрон бори дигар масдуд шудааст
Дар пайи гузоришҳо ҳокӣ аз ин ки корбарони эронӣ аз озодии дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоъӣ бархӯрдор шудаанд, рӯзи сешанбеи 17 сентябр манобеъи хабарӣ ва корбарони интернетӣ дар Эрон гуфтаанд, ки дастрасии мустақим ба Фейсбук ва Твитер бори дигар масдуд шуд.
Пештар хабаргузории "Меҳр" ба нақл аз Абдулсамад Хуррамободӣ, дабири кори гурӯҳи таъйини масодиқи муҳтавои маҳрамона - ниҳоди давлатии назорат бар сойтҳои интернетӣ - гузориш карда буд, ки озодии дастарасӣ ба Твитер ва Фейсбук эҳтимолан ношӣ аз бурузи мушкилоти фаннӣ дар бархе ISP-ҳо будааст.
Вай ҳушдор дода буд, ки агар ин вазъият боъис шуда бошад, то бархе ироадиҳандагони хадамоти интернетӣ муртакиби "қусур" шуда бошанд, боз ҳам тибқи қавонин дорои масъулияти кайфарӣ ҳастанд.
Хабари "дастрасии озод"-и эрониён ба Твитер ва Фейсбук дар бархе расонаҳои хориҷӣ инъикоси мусбат ёфт, ки аз он ба унвони нишонае эҳтимолӣ аз тағйири сиёсати Ҷумҳурии Исломӣ дар заминаи рафъи маҳдудияти озодии иртибототи шаҳрвандони ин кишвар ном бурданд.
Ҷумҳурии Исломӣ дар пайи тазоҳуроти эътирозӣ ба натиҷаи баҳсбарангези интихоботи даҳумини давраи раёсати ҷумҳурӣ дар соли 1388, дастрасӣ ба Фейсбук ва Твитерро мамнӯъ ва дастрасӣ ба онҳоро маҳдуд карда ва корбарони эронӣ ногузир будаанд бо истифода аз филтершикан аз имконоти шабакаҳои иҷтимоъӣ истифода кунанд.
