Сипоҳи посдорони Эрон: Ҳавопаймои бидуни сарнишини Омрикоро шикор кардем

Сипоҳи посдорони Эрон эълом карда як ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоиро "дар ихтиёр" гирифтааст, аммо манобеъи омрикоӣ ин хабарро такзиб кардаанд.
Рӯзи сешанбеи 4 декабр шабакаи родию телевизиюни давлатии Эрон гузориш кард, ки як фарванд ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоиро, ки дар чанд рӯзи гузашта машғули анҷоми маъмурияти шиносоӣ ва ҷамъоварии иттилоъот дар минтақаи умумии халиҷи Форс буд, вориди ҳарими фазоии Эрон шуд ва фавран "дар тӯри ягонҳои падофандӣ ва сомонаҳои кунтрулии нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гирифтор ва дар ихтиёр гирифта шуд."
Бар асоси гузориш дарёдор Посдор Алӣ Фадавӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ин паҳпод (парандаи ҳидоятпазир аз роҳи дур) - ро аз навъи Скан Игл (ScanEagle) муаъаррифӣ карда ва гуфтааст, ки ин навъи ҳавопаймои бидуни сарнишин маъмулан аз рӯи новҳои бузург ба парвоз дармеояд.
Фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳ бо ишора ба даргириии соли 1366 (1987) байни шиноварҳои нерӯи дарёии тозатаъсиси Сипоҳи посдорон ва новчаҳои омрикоӣ гуфт "душманони мо аз авввали фарвардини соли 1366 ҳузури нерӯи дарёии Сипоҳ дар халиҷи Форс ва он чӣ, ки дар як солу ними охири ҷанги байни мо ба онҳо иттифоқ уфтодро дидаанд" ва афзуд "мусалламан вазъи имрӯзи мо бо он замон қобили қиёс нест."
Ҳамчунин телевизиюни моҳвораии арабзабони Алъолам, мутааллиқ ба давлати Эрон тасвиреро аз як фарванд ҳавопаймои бидуни сарнишини Скан Иглро дар баробари нақшае аз халиҷи Форс нишон дода ва гуфтааст, ки ин ба дасти нерӯҳои эронӣ уфтодааст.
Хабаргузории Форс ҳам дар хабаре дар ҳамин замина ёдовар шуда, ки ҳодисаи "ба дом уфтодани" паҳбоди омрикоӣ аз навъи Скан Игл дар солгарди шикори паҳподи ҷосусии омрикоӣ дар шарқи Эрон рӯй медиҳад ва афзудааст, ки "ин чандумин бор аст, ки ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоӣ иқдом ба ҷамъоварии иттилоъот аз марзҳои Эрон мекунанд ва нерӯҳои мусаллаҳ ба муқобала бо онҳо мехезанд."
Соъоте пас аз интишори хабари сарнагунии паҳподи омрикоӣ хабаргузориҳои Рейтер ва Ассошиэйтед Пресс ба нақл аз манобеъи маркази фармондеҳии Новгони панҷуми Иёдоти муттаҳида, мустақар дар Баҳрайн гуфтанд, ки нерӯҳои омрикоии мустақар дар минтақаи халиҷи Форс ахиран ҳиҷ паҳподи омрикоиро аз даст надодаанд.
Дар сурате ки изҳороти фармондеҳи нерӯи дарёии Сипоҳи посдорон сиҳҳат дошта бошад, ин саввумин бор тайи як соли гузашта аст, ки ахборе дар мавриди бархурди нерӯҳои эронӣ ва ҳавопаймои бидуни сарнишини омрикоӣ мунташир мешавад.
Моҳи гузашта манобеъи хабарии Ҷумҳурии Исломӣ гузориш карданд, ки ҳавопаймоҳои нерӯи ҳавоии Сипоҳи посдорон ба суи як фарванд паҳподи ҷосусии омрикоӣ аз навъи Предейтар (Predator), ки ба ҳарими ҳавоии Эрон наздик шуда буд, шиллик карда ва ҳавопаймо маҷбур шудааст, минтақаро тарк кунад.
Вазорати дифоъи Омрико тирандозӣ ба суи ин ҳавопаймои бидуни сарнишинро таъйид кард, аммо афзуд, ки ин ҳодиса замоне рӯй дод, ки паҳподи омрикоӣ бар фарози обҳои байналмилалӣ парвоз мекард ва дар ин ҳодиса ба ин ҳавопаймои бидуни сарнишин осебе нарасид.
Ҳамчунин соли гузашта манобеъи эронӣ эълом карданд, ки як фарванд паҳподи ҷосусии мутааллиқ ба Созмони Марказии Иттилоъоти Омрико (СИО) - ро, ки аз марзи шарқии Эрон вориди ин кишвар шуда буд, ҳадаф қарор гирифтаанд. Гузоришҳои баъдӣ ҳокӣ аз он буд, ки Эрон тавонистааст ин ҳавопайморо бо андаке хисорат ба замин биншонад ва бо баррасии он сохти ҳавопаймоҳои мушобеҳ имконпазир хоҳад буд.
Мақомоти эронӣ гуфтанд, ки паҳподи сарнагуншуда дар шарқи Эрон аз навъи родоргурез буд ва мақомоти омрикоӣ бо таъйиди ин ки ин ҳавопаймо ба манзури анҷоми маъмурияти шиносоӣ дар мавриди фаъъолиятҳои ҳастаии Ҷумҳурии Исломӣ вориди фазои Эрон шуда буд, хостори бозгардондани он шуданд.
