Эрон хостори тавзеҳи Омрико дар хусуси маъмурияти Левинсун шуд

  • 16 Декабр, 2013
Левинсун
Image caption Охирин тасвир аз оқои Левинсун, ки ду сол пеш мунташир шуд

Эрон аз Омрико хост, то дар хусуси маъмурияти Роберт Левинсун дар Эрон тавзеҳ бидиҳад.

Роберт Левинсун маъмури собиқи Эф-би-ой (Пулиси Федероли Омрико - FBI) буд, ки гуфта мешавад дар соли 2007 дар ҷазираи Кеш дар Эрон мафқуд (нопадид) шудааст.

Ҳафтаи гузашта Осушиэйтид Прес дар як гузориши таҳқиқӣ навишт, ки оқои Левинсун дар Эрон барои СИО (Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико - CIA) ба ҷамъоварии иттилоъот машғул буд.

Баъд аз он буд, ки дафтари намояндагии Эрон дар Созмони Милали Муттаҳид ба Осушиэйтид Прес номае навишт ва дар он таъкид кард, ки давлати Омрико "бояд дар бораи маъмурияти Левинсун дар хоки Эрон тавзеҳ бидиҳад. Онҳо масъул ҳастанд ва бояд посухгӯ бошанд."

Илова бар давлати Эрон, дар дохили Омрико ҳам ҳастанд касоне, ки мегӯянд аз далели ҳузури оқои Левинсун дар Эрон мутталеъ набуданд.

Сенотур Ҷон МакКейн, аз сенотурҳои пурнуфузи омрикоӣ, рӯзи якшанбе ба яке аз барномаҳои сиёсии ҳафтагӣ дар телевизиюни Си-эн-эн (CNN) гуфт, ки "СИО ба Кунгре воқеъиятро" дар бораи оқои Левинсун нагуфта буд.

Оқои МакКейн аз давлати Омрико дар ин хусус интиқод кард ва гуфт, ки шак надорад эрониҳо медонанд, ки Роберт Левинсун дар чи вазъе аст.

Аммо Эрон доштани ҳар гуна иттилоъоте дар бораи оқои Левинсунро рад мекунад.

Ҳам дафтари намояндагии Эрон дар Созмони Милал дар номааш инро навишта ва ҳам вазири хориҷаи Эрон чунин мегӯяд.

Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, рӯзи якшанбе дар барномаи сиёсии ҳафтагии телефизиюни Си-би-эс (CBS)-и Омрико ҳозир шуд ва дар посух ба ин суол, ки оё медонад оқои Левинсун куҷост, гуфт: "Наметавонам ҳадс бизинам, ки куҷо метавонад бошад."

Оқои Зариф гуфт, ки агар Эрон радде аз ин фард дошта бошад, ӯро пайдо хоҳад кард. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки Роберт Левинсун дар Эрон зиндонӣ нест.

Меҳмони дигари барномаҳои сиёсии ҳафтагии телевизиюнҳои Омрико рӯзи якшанбе Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, буд, ки ба телевизиюни Эй-би-сӣ (ABC) рафт, то аз талоши давлат барои бозгардондани Боб (Роберт) Левинсун ба кишвар сухан бигӯяд.

Оқои Керӣ гуфт, ки давлат ҳамаи талошашро дар ин бора карда ва мекунад.

Ӯ гуфт, ки мавзӯъ ва масъалаи марбут ба оқои Левинсунро на танҳо дар "сутӯҳи боло" матраҳ карда, балки онро бо касоне, ки байни Эрон ва Омрико восита ҳастанд, ҳам матраҳ кардааст.

Ба гуфтаи оқои Керӣ, дар ҳар дидоре, ки бо эрониҳо ва касоне, ки бо давлати Эрон дар тамос ҳастанд, доштаанд, масъалаи Роберт Левинсунро матраҳ кардаанд.

Омрико борҳо аз Эрон хостааст, ки ба озодии Роберт Левинсун кумак кунад, ки охирини онҳо пас аз имзои як тавофуқи муқаддамотӣ миёни Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" (шомили аъзои доими Шӯрои Амният ва Олмон) дар Женев дар иртибот бо барномаи атумии Эрон буд.

Давлати Омрико мегӯяд, ки дар замони дастгирӣ оқои Левинсун барои давлат кор намекардааст. Аммо он тур, ки дар гузориши Осушиэйтид Прес омада, ӯ ба сурати ғайрирасмӣ барои таҳлилгарони СИО кор мекардааст.

Дар гуфтугӯе бо хабаргузории Руйтерз вакили хонаводаи Левинсун гуфтааст, ки ӯ дар Эрон машғули таҳқиқ дар бораи эҳтимоли пулшӯйӣ тавассути давлати он кишвар буд.

Осушиэйтид Прес навишта, ки ба дунболи нопадид шудани оқои Левинсун се таҳлилгари куҳнакори СИО маҷбур ба истеъфо шуданд ва барои ҳафт нафари дигар тамҳидоти (тадобири) танбеҳӣ дар назар гирифта шуд.

Хонаводаи ӯ тасовире аз ӯ дар моҳи апрели 2011 дарёфт кард, ки ӯро дар як либоси норанҷӣ аз навъи зиндониёни Гуонтоному бо рише баланд ва чеҳрае наҳиф (лоғар) нишон медод.

Ҳамчунин, дар ноябри соли 2010 видиюе 54-сонияӣ барои хонаводаи Левинсун фиристода шуд, ки ӯ дар он таманно мекард: "Кумак кунед ба хона баргардам."

Дар гузориши таҳқиқии Осушиэйтид Прес омада, ки СИО барои он ки хонаводаи Левинсун аз ин созмон шикоят накунад, ба онҳо дуву ним милюн дулор пул додааст.

Матолиби муртабит