'Левинсун дар Эрон барои СИО иттилоъ ҷамъ мекард'

  • 13 Декабр, 2013
Левинсун
Image caption Эрон ҳамвора дар бораи сарнавишти оқои Левинсун ибрози беиттилоъӣ кардааст

Хабаргузории Осушиэйтид Прес мегӯяд таҳқиқоташ нишон медиҳад, ки Роберт Левинсун, шаҳрванди Омрико, ки дар соли 2007 дар ҷазираи Кеш нопадид шуд, барои Созмони Иттилоъоти Марказии Омрико (СИО) ҷосусӣ мекардааст.

Давлати Борок Убомо аз интишори гузориши Осушиэйтид Прес ибрози таассуф кардааст.

Бино бар ин гузориш, маъмурияти Роберт Левинсун дар Эрон "таъйиднашуда" будааст ва як тими СИО, ки дар ин маврид ихтиёроти кофӣ надошта, ба Левинсун барои ҷамъоварии иттилоъот пул мепардохтааст.

Осушиэйтид Прес мегӯяд, ки чаҳор таҳлилгари СИО ба хотири парвандаи Левинсун ихроҷ (барканор) ва ҳафт нафар низ танбеҳи инзиботӣ (интизомӣ) шудаанд.

Рӯзномаи "Вошингтун Пуст" низ дар матлаби ҷудогонае ба иртиботи оқои Левинсун бо созмони СИО пардохта ва навиштааст, ки мақомоти СИО дар ҷаласоти маҳрамонаи худ ба аъзои Кунгре гуфта буданд, ки Роберт Левинсун аз тарафи СИО ба Эрон нарафта буд.

Ин рӯзнома ва низ хабаргузории Осушиэйтид Прес мегӯянд, ки Созмони Иттилоъоти Марказӣ саранҷом мувофиқат кардааст, ки ҳудуди дуву ним милюн дулор ба унвони ғаромат ба хонаводаи Левинсун бипардозад.

Хонводаи Левинсун аз таъйид ё такзиби ин гузориш худдорӣ карда, аммо тайи баёнияе хоҳони талоши музоъафи (ду баробари) давлати Омрико барои таъйини сарнавишти Роберт Левинсун шудааст.

Дар ин баёния омадааст: "Боб (Роберт) марди шуҷоъе аст, ки зиндагияшро сарфи хидмат ба давлати Омрико карда ва ҷонашро дар ин роҳ ба хатар андохтааст. Аммо двлати Омрико натавонистааст, ки наҷоти ин марди некро ба як авлавият табдил кунад, дар ҳоле ки бояд ин тур бошад."

Баёния меафзояд: "Баъзеҳо дар давлати Иёлоти Муттаҳида ҳастанд, ки вазифаашонро барои ёфтани Боб анҷом додаанд, аммо баъзеҳо низ ба ин вазифа амал накардаанд."

Тeд Эбиз, сухангӯйи СИО, дар вокуниш ба ин хабар гуфтааст, ки дар бораи иртиботи нисбатдодашудаи Роберт Левинсун ба ниҳодҳои давлатӣ изҳори назар намекунад.

Ба гуфтаи ин сухангӯ: "Давлати Омрико ҳамчунон ба бозгардондани басаломати ӯ ба Омрико ва хонаводааш мутаъаҳҳид аст."

Ибрози таассуфи Кохи Сафед

Кейтлин Ҳейден, сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Омрико дар Кохи Сафед, низ гуфт, ки давлати Борок Убомо мусиррона (устуворона) аз Осушиэйтид Прес хоста буд, ки ба хотири нигаронӣ аз ҷони Роберт Левинсун ин гузоришро мунташир накунад.

Image caption Хонаводаи Левинсун дастикам як бор барои дидор бо мақомоти эронӣ ба ин кишвар сафар кардаанд

Ӯ гуфт: "Мо мутаассифем, ки Осушиэйтид Прес гузоришеро мунташир кардааст, ки ба бозгардондани басаломати ӯ ба хона кумаке намекунад."

Бино бар ин гузориш, СИО дар завобит (дастурҳо) ва муқаррароташ дар мавриди кор кардан бо авомиле, ки бахше аз ин созмон нестанд, бозбинӣ кардааст, то аз такрори мавориди мушобеҳ дар оянда худдорӣ шавад.

Давлати Омрико дар чанд соли гузашта таъкид доштааст, ки оқои Левинсун ба унвони як шаҳрванди одӣ ба Эрон сафар карда буд ва барои ниҳодҳои давлатӣ кор намекард.

Оқои Левинсун дар гузашта маъмури пулиси федерол (Эф-би-ой ё FBI) буд, ки ба гуфтаи хонаводааш, ба унвони корогоҳи (детектив) хусусӣ барои таҳқиқ дар мавриди сигорҳои тақаллубӣ ба ҷазираи Кеш рафта буд.

Дар исфандмоҳи соли 1391 эълом шуд, ки як фойли видиюӣ ва тасовире аз Роберт Левинсун барои хонаводааш фиристода шуда, ки ӯро бо мӯ ва рише баланд дар либоси норанҷиранг шабеҳи зиндониёни Гуонтоному нишон медод.

Мақомҳои омрикоӣ, ки аз онҳо ном бурда нашуда, пештар созмонҳои иттилоъотии Эронро масъули таҳия ва ирсоли ин тасовир дониста буданд.

Эрон ҳамвора дар бораи сарнавишти оқои Левинсун ибрози беиттилоъӣ кардааст.

Матолиби муртабит