Дархости Ҷон Керрӣ аз Эрон барои ҳамкорӣ дар бозгардондани се шаҳрванди омрикоӣ

  • 29 Август, 2013

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, аз Эрон хостааст барои ёфтани Роберт Левинсун ва озодии Амир Ҳикматӣ ва Саъид Обидинӣ ҳамкорӣ кунад

Оқои Керрӣ дар баёнияи худ аз давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон "бо эҳтиром" хостаст барои бозгаштани ин се шаҳрванди омрикоии боздоштшуда ё гумшуда ҳамкорӣ кунад.

Вазири умури хориҷаи Омрико дар баёнияи худ ёдоварӣ карда, ки Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури ҷадиди Эрон, дар суханрониҳо ва мусоҳибаҳои худ дар моҳҳои ахир дар бораи беҳбуди равобити Эрон бо ҷаҳон ибрози умедворӣ кардааст.

Ҷон Керрӣ аз давлати Эрон хостааст Ҳикматӣ ва оқои Обидиниро, ки тобеъияти дугонаи эронӣ-омрикоӣ доранд, озод кунад ва ба Омрико кумак кунад оқои Левинсунро пайдо кунад, то ин се битавонанд ба Омрико бозгарданд.

Эрон ҳамвора дар бораи сарнавишти оқои Левинсун ибрози беиттилоъӣ кардааст.

Роберт Левинсун, маъмури бознишасти Эф-би-ой аст, ки гуфта мешавад шаш сол пеш дар марти 2007 дар ҷазираи Кеш дар Эрон нопадид шудааст.

Дар моҳи январи соли ҷории мелодӣ эълом шуд, ки як фойли видиюӣ ва тасовире аз Роберт Левинсун барои хонаводааш фиристода шуда, ки ӯро бо мӯ ва рише баланд дар либоси норинҷиранги шабеҳи зиндониёни Гуонтоному нишон медиҳад.

Мақомҳои омрикоии ношинос пештар созмонҳои иттилоъотии Эронро масъули таҳия ва ирсоли ин тасвир дониста буданд.

Эрон ҳамвора дар бораи сарнавишти Оқои Левинсун ибрози беиттилоъӣ кардааст.

Амири Ҳикматӣ шаҳрванде бо тобеъияти дугонаи эрониву омрикоӣ аст ва барои муддате дар нерӯи туфангдори дарёии Иёлоти Муттаҳида хидмат кардааст.

Ӯ ду сол пеш дар тобистони 2011 ҳангоме, ки ба Эрон сафар карда буд, боздошт шуд ва баъдан ба ҷосусӣ муттаҳам шуд.

Додгоҳи инқилоб ӯро ба эъдом маҳкум кард, вале ин ҳукм баъдан лағв ва гуфта шуд, ки Девони Олии Эрон ба муҳокимаи дубораи ӯ раъй додааст.

Баёнияи Ҷон Керрӣ дар солрӯзи боздошти оқои Ҳикматӣ мунташир шудааст.

Саъид Обидинӣ, дигар шаҳрванди эронӣ-омрикоӣ аст, ки дар ҳоли ҳозир дар Эрон дар ҳабс аст.

Тибқи гузоришҳо, ин кашиши навкеши масеҳӣ соли гузашта дар сентябри 2012 ба иттиҳоми ташкили калисоҳои хонагӣ ба қасди барҳам задани амнияти миллӣ дастгир шуд.

Ӯ дар додгоҳ ба ҳашт сол ҳабси таъзирӣ маҳкум шудааст.

Ҳамсари ин навкеш, ки акнун адр Омрико ба сар мебарад, дар рӯзҳои гузашта аз Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ба хотири сукут дар бораи вазъияти Саъид Обидинӣ интиқод карда буд.

Баёнияи Ҷон Керрӣ каме пас аз он мунташир шудааст, ки Султон Қобус, подшоҳи Уммон, аз сафар ба Теҳрон бозгаштааст.

Ҳамзамон бо ин сафар, ки аввалин сафари як мақоми хориҷӣ барои дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ дар Теҳрон буда, гумоназаниҳое дар ин бора матраҳ шудааст, ки Султон Қобус ҳомили паёме аз Омрико барои Эрон буда ё барои миёнҷигарии байни ин ду кишвар талош мекунад.

Матолиби муртабит