Нахуствазири Туркия бо Рӯҳонӣ мулоқот кард
Image copyrightISNAНахуствазири Туркия бо раиси ҷумҳурии Эрон дидору гуфтугӯ кардааст.
Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 29 январ Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, ки шомгоҳи гузашта барои дидоре дурӯза вориди Теҳрон шудааст, бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон дар муҷтамаъи Кохи Саъдобод дидору гуфтугӯ кард.
Пештар Исҳоқ Ҷаҳонгирӣ, муъовини аввали раиси ҷумҳурии Эрон, тайи маросиме дар маҷмуъаи Кохи Саъдободи Теҳрон аз Раҷаб Тайиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия, истиқболи расмӣ ба амал оварда буд.
Аз назари ташрифотӣ муъовини аввали раиси ҷумҳурии Эрон муъодили нахуствазир дар кишварҳои дигар маҳсуб мешавад ва дидори нахуствазири Туркия ба даъвати оқои Ҷаҳонгирӣ сурат мегирад. Дидори расмии оқои Эрдуғон аз Эрон баъд аз зуҳри чаҳоршанбе поён меёбад.
Шомгоҳи гузашта оқои Эрдуғон ҳамроҳ бо ҳайъате аз мақомоти олирутбаи Туркия, аз ҷумла вазирони умури хориҷа, энержӣ, фарҳангу иқтисоди он кишвар, барои дидоре расмӣ вориди Теҳрон шуд.
Дар маросими истиқбол аз ҳайъати Туркия, Муҳаммадҷавод Зариф, Бежани Зангана, ва Маҳмуд Воъизӣ, вазирони умури хориҷа, нафт ва иртибототу фановарии иттилоъоти Эрон низ ҳузур доштанд.
Рӯзи гузашта Марзия Афхам, сухангӯйи вазорати умури хориҷа, гуфт, ки оқои Эрдуғон дар тӯли иқомат дар Теҳрон бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурӣ, дидор ва гуфтугӯ мекунад ва мулоқот бо Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари ҷумҳурии Исломӣ, ҳам дар барномаи ӯ пешбинӣ шудааст.
Ба гузориши хабаргузории давлатии Эрон - ИРНО - дар ҷараёни ин сафар, кумиссиюни муштараки иқтисодии Эрон ва Туркия пас аз ду сол вақфа баргузор хоҳад шуд ва қарор аст нахуствазири Туркия бо ҳузур дар дафтари мутолиъоти сиёсӣ ва байналмилалии вазорати умури хориҷаи Эрон, дар мавриди равобити дуҷониба ва авзоъи минтақа суханронӣ кунад.
Сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Эрон сафари оқои Эрдуғонро аз назари мулоқотҳо ва мувофиқатномаҳое, ки қарор аст имзо шавад, муҳим тавсиф кард ва ИРНО ба нақл аз расонаҳои минтақа зимни таъкид бар аҳаммияти ин дидор аз эҳтимоли имзои тавофуқномаи ҳамкориҳои истротежики байни ду кишвар хабар додааст.
Бо таваҷҷуҳ ба ҳузури вазири нафту энержии ду кишвар дар музокироти дуҷониба, бархе гуфтугӯ ва ҳатто дастёбӣ ба тавофуқҳое дар мавриди афзоиши содироти гози Эрон ба Туркияро бахши муҳимме аз музокироти ду тараф донистаанд.
