Эрон ва Туркия хостори оташбас дар Сурия шудаанд

Эрон ва Туркия дар як баёнияи муштарак хоҳони оташбас дар Сурия шудаанд.
Дархости оташбас дар Сурия аз суи Муҳаммад Ҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон ва Аҳмад Довудуғлу, ҳамтои турки ӯ дар як конфаронси хабарии муштарак дар Теҳрон, пойтахти Эрон, баён шудааст.
Вузарои хориҷаи Эрон ва Туркия дар ин конфаронси матбуъотӣ ҳамчунин таъкид кардаанд, ки ҳадафи муштараки ду кишвар поёни даргириҳо дар Сурия аст.
Изҳороти вузарои умури хориҷаи Эрон ва Туркия дар ҳоле эълом шудааст, ки пештар Созмони Милали Муттаҳид эълом кард, ки даври тозаи музокироти сулҳи Сурия рӯзи 22 январи 2014 дар Женев баргузор хоҳад шуд.
Ҳанӯз таркиби ҳайати ширкаткунандагони сурӣ ва байналмилалӣ дар ин конфаронс мушаххас нашудааст ва дар баёнияи расмии Созмони Милал низ ишора нашуда, ки оё Эрон ба унвони яке аз ҳомиёни аслии режими Башор Асад дар ин музокирот ҳузур хоҳад дошт ё на.
Аммо интизор меравад пас аз имзои тавофуқномаи ҳастаии Эрон ва кишварҳои гурӯҳи панҷ ба иловаи як Эрон низ ба унвони яке аз муҳимтарин ҳомиёни Башор Асад ба ин музокирот даъват шавад.
Туркия аз кишварҳое аст, ки ба мухолифони давлати Башор Асад наздик аст ва аз онҳо ҳимоят кардааст.
Дар ҳамин ҳол пештар женерол Салим Идрис, фармондеҳи Артиши озоди Сурия дар суханоне гуфт, ки гурӯҳи таҳти раҳбарии ӯ дар музокироти сулҳи Женев ширкат нахоҳад кард ва ба мубориза бо ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар идома хоҳад дод.
Женерол Идрис ба шабакаи хабарии Алҷазира гуфт, ки шароит барои баргузории музокироти сулҳи Женев дар авосити моҳи январ муносиб нест.
Фармондеҳи Артиши озоди Сурия гуфт, ки Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия аз фурсати музокира истифода карда ва ба ҷанг идома медиҳад.
Мухолифони ҳукумати Сурия ба ирсоли кумакҳои башардӯстона ба манотиқи муҳосирашуда тавассути нерӯҳои давлатӣ ва таваққуфи гулулаборони шаҳрҳо ва манотиқ ва озодии зиндониёни ҷангӣ пеш аз ин музокирот таъкид доранд.
Эътилофи миллии Сурия, муҳимтарин гурӯҳи мухолифи давлати Башор Асад низ гуфтааст, ки агар шуморе аз шартҳои онҳо бароварда шавад, дар ин конфаронс ширкат мекунад.
Ин эътилоф гуфта буд дар сурате ки тазмин дода шавад, ки созмонҳои имдодрасон иҷозаи дастрасӣ ба манотиқи таҳти муҳосираро доранд ва зиндониёни сиёсӣ ба хусус занон ва кӯдакон озод мешаванд, ҳозир аст дар ин музокирот ширкат кунад.
Ин эътилоф ҳамчунин бори дигар таъкид кард, ки Башор Асад, раиси ҷумҳур набояд ҳеҷ нақше дар давраи интиқол дошта бошад.
Аммо давлати Сурия ҳар гуна пешшартеро барои гуфтугӯҳои Женев рад кардааст ва гуфта, ки дар ин музокирот ширкат мекунад, аммо таъкид карда, ки дар хусуси интиқоли қудрат гуфтугӯ нахоҳад кард.
