Конфаронси Женев дар бораи авзоъи Сурия дар моҳи январ баргузор мешавад

Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал гуфтааст, ки даври тозаи музокирот дар мавриди авзоъи Сурия рӯзи 22 январи соли ояндаи милодӣ (2014), ҳудуди ду моҳи дигар дар Женев баргузор хоҳад шуд.
Қарор аст дар ин давр аз музокирот намояндагоне аз давлат ва мухолифони ҳукумати Сурия барои аввалин бор аз замони оғози даргириҳо дар 32 моҳи гузашта дар он кишвар ҳузур дошта бошанд.
Дар баёнияи расмии созмони Милал ишора нашуда, ки оё Эрон ба унвони яке аз ҳомиёни аслии режими Башор Асад дар ин музокирот ҳузур хоҳад дошт ё хайр.
Моҳҳо аст, ки Омрико ва Русия барои баргузории ин нишаст, ки идомаи нишасти қаблӣ дар Женев аст, талош мекунанд.
Дар конфаронси қаблӣ ширкаткунандагон хостори эҷоди давлате интиқолӣ дар Сурия шуданд.
Пештар Эътилофи миллии Сурия, муҳимтарин эътилофи мухолифони Башор Асад гуфта буд, ки агар шуморе аз шартҳои онҳо бароварда шавад, дар ин конфаронс ширкат мекунад.
Ин эътилоф гуфта буд дар сурате ки тазмин дода шавад, ки созмонҳои имдодрасон иҷозаи дастрасӣ ба манотиқи таҳти муҳосираро доранд ва зиндониёни сиёсӣ ба хусус занон ва кӯдакон озод мешаванд, ҳозир аст дар ин музокирот ширкат кунад.
Ин эътилоф ҳамчунин бори дигар таъкид кард, ки Башор Асад, раиси ҷумҳур набояд ҳеҷ нақше дар давраи интиқол дошта бошад.
Аммо давлати Сурия ҳар гуна пешшартеро барои гуфтугӯҳои Женев рад кардааст .
