Мувофиқати машрути Эътилофи миллии Сурия бо ҳузур дар конфаронси Женев

  • 11 Ноябр, 2013
Аъзои Эътилофи миллии Сурия
Image caption Аъзои Эътилофи миллии Сурия дар нишасте дар Истонбул ширкат карданд

Эътилофи миллии Сурия, муҳимтарин эътилофи мухолифони Башор Асад мегӯяд, ки агар шуморе аз шартҳо бароварда шавад, дар конфаронсе, ки бо ҳадафи хотима додан ба ҷанги дохилии он кишвар дар Женев баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико ҳам ҳузури мухолифони давлати Сурияро дар конфаронси Женев гоме муҳим тавсиф кардааст.

Ин эътилоф дар нахустин соъоти имрӯз (душанбеи 11 ноябр) гуфт дар сурате, ки тазмин дода шавад, ки созмонҳои имдодрасон иҷозаи дастрасӣ ба манотиқи таҳти муҳосираро доранд ва зиндониёни сиёсӣ ба хусус занон ва кӯдакон озод мешаванд, ҳозир аст дар ин музокирот ширкат кунад.

Ин эътилоф ҳамчунин бори дигар таъкид кард, ки Башор Асад, раиси ҷумҳур "набояд ҳеҷ нақше дар давраи интиқол" дошта бошад.

Ин дар ҳоле аст ки давлати Сурия ҳар гуна пешшартеро барои гуфтугӯи Женев рад кардааст.

Созмони Милал, Омрико ва Русия дар талошанд то ҷиноҳҳои даргир дар Сурияро ба ширкат дар нишасте дар Женев дар поёни моҳи ноябр мутақоъид кунанд.

Ахзар Иброҳимӣ, намояндаи Созмони Милал ва Иттиҳодияи Араб дар умури Сурия ҳафтаи гузашта аз эҳтимоли ба таъхир афтодани ин конфаронс хабар дод, ҳарчанд ки ӯ ҳамчунон дар талош аст то ин нишаст то поёни соли ҷории милодӣ баргузор шавад.

Эътилофи миллӣ пас аз ду рӯзи музокира дар Истонбул ба ин тавофуқ расид.

Дар баёнияе, ки ба ҳамин муносибат мунташир шуда ин эътилоф хостори канорагирии Башор Асад аз ҳузур дар ҳар гуна давлати интиқолӣ шудааст.

Эътилофи миллии Сурия эътилофе бо ширкати гурӯҳҳои мухталифи мухолифи Башор Асад аст.

Ин эътилоф поизи соли гузашта дар Дуҳаи Қатар ташкил шуд.

22 нафар аз 63 узви Эътилофи миллии Сурия аз аъзои Шурои миллии Сурия ҳастанд.

Бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс, Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, Бритониё ва Фаронса эътилофи миллии Сурияро ба расмият шинохтаанд.

Матолиби муртабит