Созмони Милал: 40 дарсад аз суриҳо муҳтоҷи кумак ҳастанд

Баландпоятарин мақоми Созмони Милал дар умури башардӯстона эълом кард 9 милюну сесадҳазор нафар аз мардуми Сурия (ҳудуди 40 дарсад аз ҷамъияти ин кишвар) ба кумакҳои хориҷӣ эҳтиёҷ доранд.
Аз сентябр (ҳудуди ду моҳ пеш) ба ин сӯ дуву ним милюн нафар ба ин омор афзуда шудаанд.
Волерӣ Омус, раиси бахши умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаласае бо Шӯрои Амнияти СММ гуфт, ки буҳрони Сурия "басуръат ва ба таври иҷтинобнопазире рӯ ба вахомат меравад."
Хонуми Омус гуфт, ки Шӯрои Амният бояд "тамоми қавои сиёсии худро ба кор бибандад, то ҳам ҳукумат ва ҳам мухолифон" роҳро барои кумакрасонон ҳамвор кунанд.
Сухангӯйи хонуми Омус гуфт, ки ӯ мехоҳад ҳамчунон ба фишор бар аъзои Шӯрои Амният идома диҳад, то аз нуфузи худ бар тарафайн истифода кунанд, то ғайринизомиён ва таъсисоти ғайринизомӣ садама набинад.
Ӯ ҳамчунин мехоҳад то роҳ барои кумакҳои пизишкӣ ва имдодрасонон бозу эмин бошад.
Беш аз ниме аз касоне, ки ба кумак эҳтиёҷ доранд, суриҳое ҳастанд, ки ба хотири даргириҳо маҷбур ба муҳоҷирати даруни марзҳои кишварашон шудаанд.
Теъдоди касоне, ки дар дохили Сурия маҷбур ба тарки хонаҳояшон шудаанд, аз чаҳор милюну дувист ҳазор нафар дар моҳи июн ба шашу ним милюн нафар расидааст.
Моҳи гузашта буд, ки Созмони Милал хоҳони беҳбуди авзоъи башардӯстона дар Сурия шуд.
Созмони Милал ҳамчунин мегӯяд, ки ҳудуди дуву ним милюн нафар аз суриҳо дар манотиқи дуруфтода ё таҳти муҳосира зиндагӣ мекунанд ва дастрасӣ ба ғизо, нерӯи барқ ва ҳатто имконоти пизишкӣ ва беҳдоштӣ надоранд.
Созмонҳои кумакрасон аз давлати ин кишвар шикоят мекунанд, ки ба коркунонашон визо намедиҳад ва саъй мекунад то теъдоди гурӯҳҳои кумакрасон даруни кишварро маҳдуд кунад.
Аз сӯйи дигар, кишварҳои ҳамсояи Сурия мисли Урдун ҳушдор додаанд, ки тавони расидан ба ин теъдод аз паноҳҷӯёни суриро надоранд.
Созмони Милал теъдоди паноҳҷӯёни суриро, ки баъд аз шурӯъи эътирозҳо дар соли 2011 кишварро тарк карданд, ҳудуди ду милюну ҳаштсад ҳазор нафар тахмин мезанад.
Бештари ин афрод дар кишварҳои Урдун, Лубнон, Туркия, Ироқ ва Миср паноҳ гирифтаанд.
Омори Созмони Милал ҳамчунин нишон медиҳад, ки бо та ҳол даргириҳо ба кушта шудани беш аз яксад ҳазор нафар дар Сурия мунҷар шудааст.
