Инфиҷори маргбор дар сохтмони давлатӣ ва ҳумаи Димишқ
Гузоришҳо аз Сурия ҳокист, ки дар як бумбгузорӣ дар ҳаволии Димишқ 31 низомӣ, аз ҷумла чаҳор женерол, кушта шудаанд.
Гурӯҳи дидабони ҳуқуқи башари Сурия, ки ҷанги дохилии ин кишварро аз наздик дунбол мекунад, мегӯяд, ки инфиҷор дар як сохтмони давлатӣ дар шимоли шарқии пойтахт рух додааст.
Бино бар ин гузориш, сохтмони ёдшуда бо хок яксон шудааст. Гуфта мешавад, ки бумб дар зерзамини сохтмон мунфаҷир шуд. Давлати Сурия ҳанӯз расман ин хабарро таъйид накардааст.
Ромӣ Абдураҳмон, мудири гурӯҳи дидабони ҳуқуқи башари Сурия ба хабаргузории Руйтерз гуфтааст: "Фақат персуноли шабкор дар маҳал буданд, ки инфиҷор рух дод. Агар бумб як соъат зудтар мунфаҷир шуда буд, теъдоди куштаҳо метавонист то ҳудуди 200 нафар бошад."
Гуфта мекшавад шуморе низ захмӣ шудаанд.
Ромӣ Абдураҳмон гуфт бо тавҷҷуҳ ба шумори захмиҳо интизор меравад, ки теъдоди куштаҳо афзоиш ёбад.
Даргирии нерӯҳои шӯришӣ ва артиши Сурия батозагӣ дар ҳаволии Димишқ шиддат ёфтааст. Рӯзи панҷшанбеи гузашта се нафар дар наздикии бахши бостонии шаҳри Димишқ бар асари ҳамлаи хумпораӣ кушта шудаанд.
Рӯзи душанбе низ як ронандаи утубуси мадраса дар ҳамлае мушобеҳ кушта шуда буд.
Ҷанги дохилии Сурия то кунун беш аз яксадҳазор нафар кушта бар ҷой гузоштааст.
