Фармондеҳи Артиши озоди Сурия: Дар музокироти Женев ширкат намекунем

  • 26 Ноябр, 2013
Салим Идрис
Image caption Сартип Салим Идрис, фармондеҳии Артиши озоди Сурияро дар даст дорад

Женерол Салим Идрис, фармондеҳи Артиши озоди Сурия гуфтааст, ки гурӯҳи таҳти раҳбарии ӯ дар музокироти сулҳи Женев ширкат нахоҳад кард ва ба мубориза бо ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳурии ин кишвар идома хоҳад дод.

Созмони Милал эълом карда, ки музокироти сулҳи Сурия авосити январи соли 2014 дар Женев баргузор хоҳад шуд.

Женерол Идрис ба шабакаи хабарии Алҷазира гуфт, ки шароит барои баргузории музокироти сулҳи Женев дар авосити моҳи январ муносиб нест.

Фармондеҳи Артиши озоди Сурия гуфт, ки Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия аз фурсати музокира истифода карда ва ба ҷанг идома медиҳад.

Мухолифони ҳукумати Сурия ба ирсоли кумакҳои башардӯстона ба манотиқи муҳосирашуда тавассути нерӯҳои давлатӣ ва таваққуфи гулулаборони шаҳрҳо ва манотиқ ва озодии зиндониёни ҷангӣ пеш аз ин музокирот таъкид доранд.

Созмони Милали Муттаҳид эълом кардааст, ки даври тозаи музокироти сулҳи Сурия рӯзи 22 январи 2014 дар Женев баргузор хоҳад шуд. Ҳанӯз таркиби ҳайатҳои ширкаткунандаи сурӣ ва байналмилалӣ мушаххас нашудааст.

Интизор меравад пас аз имзои тавофуқномаи ҳастаии Эрон ва кишварҳои гурӯҳи панҷ ба иловаи як Эрон низ ба унвони яке аз муҳимтарин ҳомиёни Башор Асад ба ин музокирот даъват шавад.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико гуфтааст, ки конфаронси сулҳи Женев барои Сурия беҳтарин фурсат барои ташкили як давлати интиқолӣ дар Сурия аст.

Эътилофи миллии Сурия, муҳимтарин гурӯҳи мухолифи давлати Башор Асади ҳушдор дода, ки раиси ҷумҳурии Сурия набояд ҳеҷ нақше дар даврони интиқолӣ ба уҳда дошта бошад.

Матолиби муртабит