Кушта шудани яке аз фармондеҳони аршади шӯришиёни мухолифи давлати Сурия

  • 18 Ноябр, 2013
Абдулқодир Солеҳ
Image caption Давлати Сурия барои дастгирӣ ва ё куштани Абдулқодир Солеҳ, фармондеҳи "Тайпи Тавҳид" дувист ҳазор дулор ҷоиза таъин карда буд

Ба гуфтаи фаъолон яке аз фармондеҳони аршади шӯришиёни мухолифи давлати Сурия ба далели шиддати ҷароҳоти ношӣ аз бумборони ҳавоии яке аз пойгоҳҳои ҳавоии мухолифон дар бемористоне дар Туркия даргузашт.

Абдулқодир Солеҳ, фармондеҳи "Тайпи Ваҳдат", аз гурӯҳҳои шӯришии мустақар дар шаҳри Ҳалаб буд.

Тайпи Тавҳид дар соли 2012 мелодӣ бо ҳадафи муттаҳид кардан гурӯҳҳои пайкорҷӯи мухолиф, ки дар ҳумаи шаҳри Ҳалаб алайҳи режими Башор Асад, раиси ҷумҳур меҷангиданд, ташкил шуд.

Ин гурӯҳ як моҳ пас аз ташкил шудан амалиётеро дар Ҳалаб анҷом дод.

Гузориш шуда ки ин гурӯҳ аз ҳимояти Қатар бархӯрдор аст.

Дар январи соли ҷорӣ ин гурӯҳ ба Ҷабҳаи озодибахши исломии Сурия, ки аз муттаҳидони гурӯҳҳои шӯришии исломгаро аст, пайваст.

Ин фармондеҳи аршад дар ҷараёни ҳамлаи нерӯҳои давлатӣ ба пойгоҳи онҳо дар дохили хоки Сурия дар ҳафтаи гузашта маҷруҳ шуд.

Гуфта шуда, ки давлати Сурия барои дастгирӣ ва ё куштани ӯ дувист ҳазор дулор ҷоиза таъин карда буд.

Ҷанги дохилии Сурия то кунун беш аз яксад ҳазор нафар кушта барҷой гузоштааст.

Матолиби муртабит