Сесаду панҷоҳ афсари пулис дар Туркия боздошт шуданд

  • 7 Январ, 2014
Раҷаб Таййиб Эрдуғон
Image caption Эрдуғон таҳқиқоти қазоӣ дар мавриди фасод дар давлати Туркияро "дасисаи касиф" хондааст

Расонаҳои Туркия мегӯянд, ки давлати ин кишвар шаби гузашта тайи фармоне сесаду панҷоҳ афсари пулисро дар Онкоро, пойтахти ин кишвар барканор кардааст.

Руасои воҳидҳои мубориза бо ҷароими иқтисодӣ, қочоқ ва ҷароими созмонёфта аз ҷумлаи афсароне ҳастанд, ки барканор шудаанд.

Ин барканориҳо тозатарин таҳаввулот дар парвандаи таҳқиқ дар мавриди фасод дар давлати Туркия аст.

Гуфта шуда, ки маъмурони пулисе аз хориҷи Онкоро ба ҷои ин афрод мансуб шудаанд.

Ин дар ҳоле аст ки Сиэнэн (CNN) - и Турк мегӯяд дастгоҳи қазоии Туркия дар идомаи таҳқиқоти худ 25 нафари дигарро дар иртибот бо парвандаи фасод боздошт кардааст.

Таҳқиқот дар мавриди фасод дар давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия то кунун ба истеъфои шуморе аз вузарои давлати ӯ ва боздошти наздикони онҳо мунҷар шудааст.

Теъдоде аз туҷҷор ва мақомоти наздик ба оқои Эрдуғон низ дар ҷараёни ин таҳқиқот боздошт шудаанд.

Оқои Эрдуғон таҳқиқоти қазоӣ дар ин мавридро "дасисаи касиф" хондааст.

Дар муқобил садҳо пулис низ дар ҷараёни ин таҳқиқот аз кор барканор ва ё барои хидмат ба ҷои дигаре мунтақил шудаанд.

Бисёре аз коршиносони мегӯянд, ки таҳқиқот дар мавриди фасод дар давлати Туркия ва гузоришҳои марбут ба барканории маъмурони пулис ба маънои даргирӣ миёни ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеъа ва Фатҳуллоҳ Гулен, шахсияти мазҳабии пурнуфузи Туркия аст, ки дар табъиди худхоста дар Омрико зиндагӣ мекунад.

Оқои Гулен аз соли 1999 дар Омрико ба сар мебарад. Ӯ дар он замон ба талош барои барномарезӣ алайҳи низоми секулори Туркия муттаҳам шуда буд.

Гуфта шуда ки оқои Гулен дар пулис ва додгустарии Туркия нуфузи қобили таваҷҷуҳе дорад.

Фатҳуллоҳ Гулен то ин авохир аз ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеъа ҳимоят мекард ва ҳимоятҳояш аз ин ҳизб ва оқои Эрдуғон дар се пирӯзии паёпайи онҳо дар интихобот муассир буд.

Матолиби муртабит