Парвандаи фасоди Туркия: Эрдуғон 10 вазири ҷадид муъаррифӣ кард

  • 26 Декабр, 2013
Эътирозҳои мардумӣ
Image caption Эътирозҳои мардумӣ ҳамзамон бо эъломи асомии вузарои ҷадид

Нахуствазири Туркия барои 10 вазоратхонаи ин кишвар вузарои ҷадид муъаррифӣ кард.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон пас аз он даст ба ин тағйири густарда дар кобинааш зад, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбе се вазир дар ҷараёни таҳқиқ дар бораи як парвандаи фасоди идорӣ аз симатҳояшон истеъфо карданд.

Баъд аз дидоре, ки ӯ бо Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳурии Туркия дошт, тасмими худ мабнӣ бар тағйири тақрибан ниме аз афроди кобинаро эълом кард.

Вазири муҳити зист ва шаҳрсозии Туркия яке аз вузарои мустаъфӣ буд, ки ба нахуствазир ҳам пешниҳод дод то аз қудрат канорагирӣ кунад.

Писарони ҳар се вазире, ки дар рӯзи чаҳоршанбе аз симатҳо канор кашиданд, дар ҷараёни таҳқиқ дар бораи пружеҳои умронӣ боздошт шуданд.

Писари вазири муҳити зист ва шаҳрсозӣ аммо баъдан озод шуд, то таҳқиқот комил шавад.

Нахуствазири Туркия, ки илова бар таҳқиқи пулис бо эътирозҳои хиёбонӣ ҳам рӯбарӯст, кулли ин таҳқиқро ба як "бозии касиф" ташбеҳ кард, ки аз тарафи нерӯҳои низомии Туркия ва кишварҳои хориҷӣ барномарезӣ шудааст.

Пештар дар ин ҳафта оқои Эрдуғон суфарои хориҷиро ба ихроҷ аз кишвар таҳдид карда буд.

Нозирон дар Туркия мегӯянд ин тағйир дар кобина талоше аз ҷониби Раҷаб Таййиб Эрдуғон барои нишон додани қудрати худ аст.

Дар Истонбул гурӯҳе аз мардуми мӯътариз ба хиёбонҳо рехтанд ва он тавр, ки гузориш шуда дар ҷоҳое бо пулиси зидишӯриш даргир шуданд.

Оқои Эрдуғон шаби чаҳоршанбе дар як паёми телевизиюнӣ тағироти мавриди назар дар кобинаашро эълом кард.

Аз ҷумла касоне, ки дар ҷараёни тағирот дар кобинаи Туркия шуғлашро аз даст дод, Эгеман Бош, вазири умури Иттиҳодияи Урупо буд, ки муттаҳам ба фасод аст ва оқои Эрдуғон ӯро аз симати худ канор гузошт.

Ӯ ҳанӯз ба сурати расмӣ тафҳими иттиҳом нашуда ва дар боздошт ба сар намебарад.

Image caption Оқои Эрдуғон таҳқиқи пулисро як "бозии касиф” хонд

Эрдуғон Байрақдор, вазири пешини муҳити зист ва шаҳрсозӣ пас аз истеъфо гуфт, ки бисёре аз пружеҳои сохтимониро нахуствазир таъйид кардааст ва ба ҳамин далел натиҷа гирифта, ки ӯ ҳам бояд аз симати худ канор бикашад.

Дар рӯйдоде дигар, ки чандон барои нахуствазир хушоянд нахоҳад буд, вазири пешини кишвар Идрис Наим Шоҳин, ки ҳамакнун намояндаи порлумон аст, ҳам аз узвият дар ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсеъа канорагирӣ кардааст.

Пул дар ҷаъбаи кафш

Писари Зафар Чоғлоён, вазири иқтисоди Туркия ва писари Муъаммар Гулер, вазири кишвари Туркия ба ҳамроҳи раиси бонки Халқ аз ҷумлаи 24 нафаре ҳастанд, ки дар ҷараёни таҳқиқ дар бораи ришва боздошт шудаанд.

Расонаҳои Туркия навиштаанд, ки пулис дар хонаи раиси бонки Халқ чаҳору ним миллиюн дулор пули нақд дар ҷаъбаи кафш пайдо карда буд.

Беш аз як миллиюн дулор пули нақд ҳам дар хонаи писари оқои Гулер пайдо шудааст.

Нозирон мегӯянд парвандаи фасоди давлат ба хотири даъвои қудрат байни Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазири Туркия ва як мубаллиғи мазҳабӣ, муқими Омрико ба номи Фатҳуллоҳ Гулен рӯ шудааст.

Гузориш шуда, ки оқои Гулен, тарафдорони зиёде дар системи қазоӣ ва пулиси Туркия дорад.

Оқои Гулен ҳаргуна даст доштан дар ин таҳқиқро рад кардааст.

Ӯ дар соли 1999 мелодӣ аз суӣ давлати вақти Туркия муттаҳам шуд, ки дар ҳоли барномарезӣ барои ба по кардани ҳукумати исломӣ дар кишвар аст.

Оқои Гулен кишварро дар он сол тарк кард ва баъдан аз ин иттиҳом мубарро шуд, аммо дигар ба кишвараш бознагашт ва ҳоло дар иёлати Пенсилвониёи Омрико зиндагӣ мекунад.

Давлат даҳҳо нафар аз мақомҳои пулисро ба хотири он ки дар ин таҳқиқ даст доштаанд, ё занни он мерафта, ки бо оқои Гулен дар иртибот ҳастандро аз кор барканор кардааст.

Баъд аз он ки хабарҳое мабнӣ бар қасди давлат барои ҷилавгирӣ аз ин таҳқиқот мунташир шуд, аз вуруди хабарнигорон ба сохтмонҳои пулис ҷилавгирӣ шуд.

Матолиби муртабит