Шумори вазирони мустаъфии Туркия ба се нафар расид

  • 25 Декабр, 2013
Эрдуғон Байрақдор
Image caption Эрдуғон Байрақдор бо канорагирӣ аз давлат ба нахуствазир ҳам тавсия карда истеъфо кунад

Дар пайи истеъфои ду вазири давлати Туркия, як узви дигари кобина низ истеъфо карда ва ба нахуствазир ҳам тавсия кардааст аз симати худ канорагирӣ кунад.

Рӯзи чаҳоршанбе, (25 декабр) телевизиюни Туркия гузориш кард, ки Эрдуғон Байрақдор, вазири муҳити зист ва шаҳрсозӣ ва узви порлумони ин кишвар истеъфои худро таслими Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазир кардааст. Соъоте пеш аз он хабаргузории Онотулиё матни истеъфономаи Зафар Чоғлоён, вазири иқтисоди Туркия ва кӯтоҳмуддате пас аз он хабари истеъфои Муъаммар Гулер, вазири кишвари Туркияро мунташир карда буд.

Номи писарони ин се вазири мустаъфӣ дар иртибот бо таҳқиқот перомуни фасоди густарда дар ташкилот ва афроди муртабит бо давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон матраҳ шуда буд.

Рӯзи 18 декабр дар ҷараёни як ришта амалиёти пулис Коон Чоғлоён ва Бориш Гулер, фарзандони вазирони иқтисод ва кишвари Туркия, боздошт ва расман ба тахаллуфоти молӣ муттаҳам шуданд. Абдуллоҳ Уғуз, писари оқои Байрақдор низ дар иртибот бо ҳамин таҳқиқот дастгир шуд, аммо пулис баъдан бидуни эроди иттиҳоми расмӣ ва то идомаи баррасиҳои қазоӣ ӯро озод кард.

Ба гузориши хабаргузориҳои байналмилалӣ оқои Байрақдор бо эъломи канорагирии худ аз давлати Раҷаб Эрдуғон, аз нахуствазир ҳам хостааст "бахотири масолеҳи олияи кишвар" аз симати худ истеъфо кунад.

Оқои Чоғлоён дар истеъфономаи худ ин боздоштҳоро ба "тавтеъа алайҳи ҳизби Адолат ва Тавсеъа, давлат ва кишвари Туркия" нисбат дода ва афзудааст, ки барои хунсо кардани ин тавтеъа "ки ҳамкорони наздик ва фарзандамро низ бо он муртабит кардаанд ва барои рӯшан шудани воқеъият" аз симати худ истеъфо кардааст.

Матни истеъфономаи вазири кишвар мунташир нашуда, аммо оқои Гулер ба хабаргузории давлатии Анатолия гуфтааст, ки рӯзи 17 декабр истеъфои худро ба огоҳии нахуствазир расонд ва рӯзи чаҳоршанбе истеъфономаи катбии худро барои дафтари нахуствазир ирсол кард.

Image caption Чоғлоён (рост) ва Гулер ҳам ба хотири боздошти писаронашон истеъфо кардаанд

Манобеъи давлатии Туркия гуфтаанд, ки ин се нафар ба манзури муртафаъ кардани ҳар гуна шоибаи дахолати давлат дар раванди расидагии қазоӣ аз симатҳои худ канора гирифтаанд.

Дар парвандаи марбут ба фасоди давлатӣ номи шуморе аз мақомоти давлатӣ ва молии наздик ба давлат ба чашм мехӯрад, ки бархе аз онон бо иттиҳоми ришвахорӣ ва суиистифода аз қудрат ба нафъи хешовандон ва ошноён мувоҷеҳ ҳастанд. То кунун беш аз бист нафар дар иртибот бо ин парванда боздошт шуда ё мавриди бозҷӯӣ қарор гирифтаанд.

Ба назар мерасад, ки парвандаи фасоди давлатӣаҳамияти фаровоне дар саҳнаи сиёсии Туркия ёфтааст ва ба гузориши телевизиюни ин кишвар Абдуллоҳ Гул, раиси ҷумҳурӣ зимни таъкид бар пешрафтҳои иқтисодӣ ва сиёсии Туркия дар солҳои ахир гуфтааст, ки шароити кунунии ин кишвар бо гузашта тафовут карда ва давлат мусаммам ба мубориза бо фасод ва худ низ ин мавзуъро бо нахуствазир дар миён мегузорад.

"Тавтеъа" алайҳи давлати исломгаро

Ҳафтаи гузашта ва кӯтоҳмуддате пас аз боздошти писарони ду вазири кобина нахуствазири Туркия дастури барканорӣ ё тағйири симати теъдоде аз афсарони аршади пулисро содир кард. Ин афрод бо таҳқиқоти марбут ба фасоди давлатӣ иртибот доштанд. Тарафдорони давлат гуфта буданд афроде дар дастгоҳи амниятӣ дар тарҳи бадном кардани давлат даст доранд ва ба назар мерасад, ки ангезаи оқои Эрдуғон аз барканории ин гурӯҳ аз маъмурони пулис муқобала бо чунин тарҳе будааст.

Истеъфои ду вазири кобинаи оқои Эрдуғон танҳо соъоте пеш аз бозгашти нахуствазир аз сафари хориҷ эълом шуд ва интизор меравад, ки ӯ базудӣ кобинаи худро тармим кунад.

Нахуствазири Туркия вуҷуди фасоди густарда дар давлатро такзиб карда ва иттиҳомоти ахирро ба талоши мухолифон барои бадном кардани ҳизби Адолат ва тавсеъа дар остонаи интихоботи порлумонии ин кишвар нисбат додааст. Ӯ сафирони баъзе кишварҳои хориҷиро ҳам бо талош барои тазъифи давлати худ муртабит дониста ва ононро таҳдиди ихроҷ кардааст.

Image caption Эрдуғон иттиҳоми фасод дар давлати худро тавтеъае барои тазъифи мавқеъияти дохилӣ ва хориҷии Туркия донистааст

Қарор аст интихоботи Туркия ҳудуди се моҳи дигар баргузор шавад ва иттиҳомоти ахир алайҳи мақомоти давлатӣ метавонад мавқеъияти ҳизби ҳокимро тазъиф кунад.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон аз соли 2002 милодӣ раёсати як давлати исломгарои муҳофизакорро дар даст дошта, аммо тайи як соли ахир ин давлат бо чолишҳое мувоҷеҳ будааст. Дар моҳи июн тазоҳуроти эътирозӣ дар Истонбул ба хушунат гароид ва боъиси интиқод аз наҳваи бархурди пулис шуд. Иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи мақомоти аршад ва ҳомиёни давлат метавонад заминаи мусоъидеро барои тазоҳурот алайҳи оқои Эрдуғон фароҳам оварад.

Дар таҳқиқоти ахир перомуни фасоди идорӣ дар Туркия номи Ризо Зарроб, тоҷири эрониуласл, ки тобеъияти Туркия ва ҷумҳурии Озарбойҷонро ҳам дорад, матраҳ шуд ва расонаҳои Туркия гузориш карданд, ки оқои Зарроб дар иртибот бо ришва додан ба масъулони давлатӣ ба манзури фароҳам овардани имкони фурӯши "ғайриқонунии" тилло ба Эрон боздошт шудааст.

Дар пайи ташдиди таҳримҳои бонкӣ алайҳи барномаи ҳастаии Эрон ва душвории интиқоли арзи ҳосил аз содирот ба кишвар давлати Эрон бо ворид кардани мақодире тилло аз Туркия ба интиқоли бахше аз арзи содиротии худ мубодират кард ва зоҳиран оқои Зарроб бо пардохти ришва ба мақомот ва масъулони молии Туркия имкони интиқоли чанд милёрд дулор тилло ба Эронро фароҳам карда буд.

Бо кашфи амалиёти давлати Эрон барои интиқоли тилло аз Туркия Иёлоти Муттаҳида таҳрими интиқоли фулузоти қиматӣ ба Эронро низ ташдид кард.

Интишори хабарҳои марбут ба фасоди давлатӣ дар Туркия боъиси нигаронӣ дар мавриди саломати иқтисодии ин кишвар ҳам шуда ва дар муъомилоти бозори саҳҳоми Истонбул дар рӯзи чаҳоршанбе шохиси саҳҳом 3 дарсад коҳиш ёфт.

Матолиби муртабит