Панҷ пулиси маъмури таҳқиқ дар мавриди фасоди давлатӣ дар Туркия боздошт шуданд

  • 18 Декабр, 2013
Image caption Рӯзномаи Ҳуррият шумори боздоштшудагонро беш аз ҳаштод нафар хондааст

Гузоришҳо аз Туркия ҳокӣ аз он аст, ки панҷ кумисари пулис дар Истонбул, ки бар ҷараёни таҳқиқоти фасоди давлатӣ назорат доштанд, барканор шудаанд.

Гуфта шуда ки ин панҷ нафар бо таҳқиқоти марбут ба фасод дар давлат иртибот доштанд. Дар натиҷаи ин таҳқиқот то кунун беш аз бист нафар боздошт шудаанд.

Писарони се вазири давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон, нахуствазир ва як тоҷир, ки гуфта шуда ба оқои Эрдуғон наздик аст, дар миёни боздоштшудагон ҳастанд.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Истонбул мегӯяд таҳқиқот дар мавриди фасод дар давлат ва гузоришҳои марбут ба барканории руасои пулис нишонаи афзоиши даргирӣ миёни ҳизби ҳокими Адолат ва тавсеъа ва Фатҳуллоҳ Гулен, шахсияти мазҳабии пурнуфузи Туркия аст, ки дар табъиди худхонда дар Омрико зиндагӣ мекунад.

Оқои Гулен аз соли 1999 дар Омрико ба сар мебарад. Ӯ дар он замон муттаҳам ба талош барои барномарезӣ алайҳи низоми секулори Туркия шуда буд.

Гуфта шуда ки оқои Гулен дар пулис ва додгустарии Туркия нуфузи қобили таваҷҷӯҳе дорад.

Image caption Фатҳуллоҳ Гулен то ин авохир аз ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсеъа ҳимоят мекард

Боздоштҳои рӯзи гузашта дар Туркия бисёреро дар ин кишвар шигифтзада кард.

Гурӯҳе аз таҳлилгарон боздоштҳои дирӯзро иқдоме алайҳи Раҷаб Таййиб Эрдуғон донистаанд.

Оқои Эрдуғон дар вокуниш ба боздоштҳои ахир гуфтааст, ки дар муқобили ҳеҷ "таҳдид" ва ё "эътилофи касифе" ки ҳадафаш эҷоди шикоф дар суфуфи ҳизби ҳоким аст, сари фуруд нахоҳад овард.

Фатҳуллоҳ Гулен то ин авохир аз ҳизби ҳокими Адолат ва Тавсеъа ҳмоят мекард ва ҳимоятҳо аз ин ҳизб ва оқои Эрдуғон дар се пирӯзии паёпайи онҳо дар интихобот муассир буд.

Гуфта шуда ки ҳаводорони оқои Гулен дар ниҳодҳои таъсиргузоре чун пулис ва созмонҳои иттилоъотӣ ва додгустарӣ симатҳои муҳимме дар ихтиёр доранд.

Тайи моҳҳои ахир таниш миёни ҷунбиши Гулен ва оқои Эрдуғон афзоиш ёфта ва дар моҳи ноябри имсол давлат эълом кард, ки дар садади баррасии таътилии клоссҳои хусусӣ (дар Туркия маъруф ба дарсхона) аст, ки тавассути ин ҷунбиш идора мешаванд.

Барканориҳо

Панҷ кумисари пулис, ки барканор шудаанд, шомили руасои воҳиди ҷароими молӣ ва ҷароими созмонёфта ҳастанд, ки рӯзномаи Ҳуррият гуфта, ки дар боздоштҳои ахир даст доштанд.

Рӯзномаи Ҳуррият навиштааст, ки руасои идороти қочоқ, зидитерурисм ва амнияти умумӣ низ барканор шудаанд.

Хабаргузории Руйтерз мегӯяд ҳеҷ тавзеҳе дар бораи ин барканориҳо дода нашуда ва пулис низ дар ин маврид сукут кардааст.

Рӯзномаи Ҳуррият шумори боздоштшудагонро беш аз ҳаштод нафар гузориш кардааст. Ин афрод дар ҷараёни таҳқиқот дар бораи иттиҳомоти ришва дар ҷараёни муноқизоти давлатӣ боздошт шуданд.

Матолиби муртабит