Оё диплумосии Туркия ба буҳрон мувоҷеҳ аст?

  • 18 Август, 2013
Image caption Бисёрӣ муътақиданд, ки гуфтугӯҳо барои пайвастани Туркия ба Иттиҳодияи Урупо ба ҳеҷ саранҷоме мунтаҳӣ нахоҳад шуд

Кудетои низомӣ дар Миср ҳалқаи охири як занҷира буд: ҳатто бархе вузарои кобина дар гуфтугӯи маҳрамона ва баъзе хабарнигорони тарафдори давлат дар сутунҳое аз диплумосии таҳти ҳидояти Аҳмади Довудуғлу интиқод карда ва хоҳони бознигарии куллӣ дар сиёсати хориҷии Туркия шудаанд.

Фаҳмӣ Куру, рӯзноманигори барҷастаи Туркия, ки дар рӯзномаи Дейли Истор сутуне барои худ дорад, навишт: "Ба назар мерасад интиқод аз сиёсати хориҷӣ баҷо бошад, чаро ки ин сиёсат қарор буд дар асли ‘мушкил надоштан бо ҳамсоягон’ хулоса шавад. Аммо воқеъият ин аст ки дигар ҳеҷ ҳамсояи бидуни мушкиле бароямон боқӣ намондааст."

Оқои Куру яке аз сарсахттарин мудофеъони ҳизби Адолат ва тавсеъа (ҳизби ҳокими Туркия) аст. Ӯ арзёбиаш аз доманаи нокомии сиёсати хориҷии Туркияро густариш дод ва инҳироф аз ҳадафи узвияти комил дар Иттиҳодияи Урупо ва уфули шарокати истротежики кишвар бо Омрикоро ҳам ҷузъе аз он донист.

Оқои Куру пурсид: "Оё роҳи хуруҷе аз ин вазъият ҳаст? " ва худаш ҷавоб дод: "Роҳи хуруҷ ин аст ки сиёсатҳои мутафовите иттихоз шаванд, ки бо авзоъи феълӣ ҳамхонӣ дошта бошанд ва сиёсатҳои феълӣ мавриди бознигарӣ қарор гиранд, дуруст мисли бисёре аз кишварҳои баландпарвози дигар."

Оқои Довудуғлу баъд аз ин ки солҳо мушовири сиёсати хориҷии Раҷаб Таййиб Эрдуғон (нахуствазири Туркия) ва Абдуллоҳ Гул (вазири хориҷаи собиқ ва раиси ҷумҳурии феълии Туркия) буд, аз моҳи майи 2009 раиси дастгоҳи диплумосии кишвар мансуб шуд ва идеяи маъруфаш, яъне "сиёсати надоштани ҳеҷ гуна масъала бо ҳамсоягон"ро ба иҷро гузошт.

Аммо дар шароити феълӣ ҳамонтур, ки оқои Куру мегӯяд, ба назар мерасад, ки Туркия дар Ховари Миёна комилан танҳо шуда ва саъй мекунад ҷилави густариши оташе, ки дар Сурия барпо шударо бигирад.

Ҳудуди ним миллиюн паноҳҷӯёни сӯрӣ дар хоки Туркия зиндагӣ мекунанд. Боло гирифтани танишҳо дар навоҳии марзӣ баъд аз даргириҳои ахири байни гурӯҳҳои мусаллаҳ ин нигарониро ба вуҷуд оварда, ки оташсӯзӣ ба Туркия ҳам сироят кунад .

Кудетои Миср танҳо муттаҳиди қобили эътимоди Туркия, яъне Муҳаммад Мурсиро ҳам сарнагун кард, ва ҳимояти чашмгири амирнишинҳои нафтӣ ва сарватманди араб аз кудеточиён ҳам ба давлати Туркия нишон дод, ки тарҳи иддаъои раҳбарии минтақа хушоянд аст, аммо дар шароити феълӣ ҷомаи амал пӯшнондан бар он кори душворест.

Як мақоми аршади вазорати хориҷа, ки нахост номаш фош шавад, гуфт: "Воқеъият ин аст ки минтақа дастхуши ошӯб аст ва сиёсати надоштани ҳеч гуна масаъла бо ҳамсоягон бо чолишҳо рӯбарӯ шудааст. Аммо ин рӯзҳо хоҳанд гузашт. Оё воқеъан фикр мекунед диктотуре, ки беш аз 100 ҳазор нафар аз мардуми кишварашро кушта, метавонад то абад дар қудрат боқӣ бимонад? Сиёсати хориҷии мо бар усуле мубтанист. Мо наметавонем чашмамонро рӯйи он чӣ дар Сурия мегузарад, бубандем ё наметавонем ба ҳамин соддагӣ вуқуъи кудето дар Мисрро бипазирем. Дар ғайри ин сурат дар оянда барои фарзандон ва наваҳо чӣ посухе хоҳем дошт?"

Гирифториии Туркия дар Ховари Миёна

Мунтақидони ин тарзи бархурд аз Оқои Довудуғлу ва давлати Туркия ба хотири фосила гирифтан аз илзомот ва воқеъиятҳои дунёи сиёсат ва фидо кардани манофеъи миллии кишвар ва ҳамчунин эҷоди мухотироти амниятии бештар барои Туркия интиқод мекунанд.

Равобити Туркия бо ҳамсояи нафтхезаш – Ироқ – тира шудааст. Хати марзии муштарак бо Сурия ҳар рӯз шоҳиди хушунатҳои бештарест ва фароянди оддисозии равобит бо Исроил муъаллақ мондааст. Ба кор гирифтани забон ва адабиёти тунд алайҳи давлати муваққати Миср ҳам мумкин аст равобити Онкоро ва Қоҳираро ба хатар биандозад ва нуктаи муҳими дигар ҳам ин ки ихтилофоти мутаъаддид бо Эрон Туркияро дар Ховари Миёна дар вазъияти аҷибе қарор додааст, онҳам дар ҳоле ки ин кишвар иддаъои раҳбарии ин минтақаро дорад. Мунозиъоти минтақаӣ ҳаҷми муносиботи тиҷорӣ бо кишварҳои ҳамсояро коҳиш дода ва кудетои Миср охирин гузинаи ширкатҳои ҳамлу нақл ва бозаргонони баландпарвози турк барои дастёбӣ ба бозорҳои Офриқо ва кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форсро ба хатар андохтааст.

Илова бар вазъияти равобит бо ҳамсоягон Қатар, Арабистони Саъӯдӣ, Кувайт ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ваъда додаанд, кумакҳои молӣ ва сиёсии саховатмандона ба Миср анҷом диҳанд ва ин амр норизоятии давлати Туркияро дар пай доштааст. Яке аз мақомоти вазорати хориҷаи Туркия таъкид кард: "Мо воқеъан аз иқдомоти онҳо норозӣ ҳастем, аммо мусалламан наметавонем ҳамеша бо ҳамаи кишварҳо ҳамназар бошем. Масалан Эронро дар назар бигиред; мо ҳамчунон равобити бисёр наздике бо ин кишвар дорем, ҳарчанд ки дар бисёре аз масоили муҳим бо ҳам ихтилофи назари асосӣ дорем."

Вазъияти ҷабҳаи ғарб ҳам чандон беҳтар нест

Image caption Эътирозоти порки Гезӣ боъиси бурузи танишҳои тозае миёни Туркия ва Иттиҳодияи Урупо шуд

Диплумосии Туркия дар ҷабҳаи ғарб ҳам - бахусус баъд аз эътирозоти порки Гезӣ - вазъи чандон беҳтаре надорад. Дар ин эътирозот, ки ба қиёми бузурге дар саросари кишвар мунтаҳӣ шуд, давлати Туркия бо тавассул ба зӯр муътаризонро саркӯб кард ва дар ҷараёни он панҷ нафар кушта шуданд.

Ин вақоеъ боиси бурузи танишҳои тоза миёни Туркия ва Иттиҳодияи Урупо шуд. Баъд аз тавҳини аъзои кобинаи Туркия ба Онгело Меркел, садри аъзами Олмон таҳдид кард, ки ҷилави баргузории гуфтугӯи марбут ба пайвастани Туркия ба ин иттиҳодияро хоҳад гирифт . Ин рӯйдод буҳрони бузурге миёни Онкоро ва Бруксел (мақари Иттиҳодияи Урупо) эҷод кард. Як диплумоти урупоӣ таъкид кард: "Гузоришҳои пешрафти кор, ки қарор аст дар моҳи октябр мунташир шавад, барои Туркия хушоянд нахоҳад буд. Баъд аз иттифоқоти порки Гезӣ мо маҷбур шудем пешнависи аввалияро ки дар моҳи май таҳия карда будем, комилан тағйир диҳем. Гушудани фасли марбут ба сиёсатҳои минтақаӣ чандон осон нахоҳад буд."

Аз замоне ки Туркия муваффақ нашуда фасли тозае аз музокироти марбут ба пайвастанаш ба Иттиҳодияи Урупоро боз кунад, се сол мегузарад.

Ба ин тартиб аз замони шуруъи гуфтугӯ дар соли 2006 то ба ҳол танҳо 13 фасл аз 35 фасли мавриди назар гушуда шудаанд. Дар Туркия ва Иттиҳодияи Урупо бисёре муътақиданд, ки ин гуфтугӯ ба ҳеҷ саранҷоме мунтаҳӣ нахоҳад шуд, аммо ҳеҷ як аз тарафайн шаҳомати қатъи гуфтугӯро надоранд . Афзоиши бархурд бо мухолифони давлат, фишори фазоянда бар расонаҳо, озор ва дастгирии афроди фаъол дар моҷарои порки Гезӣ, аз ҷумла хабарнигорон, пизишкон, ҳуқуқдонон ва муҳандисон авомили дигаре ҳастанд, ки фосилаи бештаре миёни Туркия ва Иттиҳодияи Урупо эҷод мекунанд.

Ин фазо ба равобити Туркия ва Омрико ҳам латма мезанад

Аммо ин фазо бар равобити миёни Туркия ва Омрико ҳам таъсир дорад. Вошингтун дастикам 18 баёния дар интиқод аз нақзи озодии баён ва озодии таҷаммуъот аз суи давлати Туркия содир карда ва саркӯби муътаризон бо истифода аз шадидтарин равишҳои мавҷудро маҳкум кардааст. Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико бо оқои Эрдуғон тамос гирифт то нигарониҳои Вошингтунро мустақиман бо ӯ матраҳ кунад ва аз давлати Туркия хост, ки аз худ хештандорӣ нишон диҳад. Албата ҳар ду тараф бар аҳамият ва тадовуми пайванди истротежикашон таъкид мекунанд, аммо инки онҳо бар сари масоиле назири кудетои Миср, равобит бо Исроил ва ё чигунагии поён додан ба буҳрони Сурия ихтилоф доранд, нишондиҳандаи осебе аст, ки ба асоси ин иттиҳоди беш аз 60 сола ворид шудааст.

Бознигарӣ дар сиёсати хориҷӣ як зарурат аст

Бо таваҷҷуҳ ба белони кори диплумосии Туркия ва раиси он аз диди бисёре бознигарии куллии сиёсати хориҷӣ як зарурат аст. Садот Эргин дар сутунаш дар рӯзномаи Ҳуррият навишт: "Вақте ҳамаи таҳаввулот дар ҳавзаи равобит бо кишварҳои минтақа ва кишварҳои ғарбиро канори ҳам мегузорем, тасвире ба даст меояд, ки нишондиҳандаи сабот дар масоили хориҷии Туркия нест. Он чӣ аз ин тасвир бармеояд, ниёзи ҷиддӣ ба бознигарии қонуни асосӣ аст." Дар ҳоле ки фазои кишвар бар сари хутути идеулужик ва сиёсӣ башиддат қутбӣ шуда ва дар натиҷаи он арсаи сиёсати дохилӣ доиман дучори таниш аст, ба назар мерасад, ки дар маҳофили тарафдор ва мухолифи давлат бар сари интиқод аз сиёсати хориҷӣ тавофуқ вуҷуд дорад. Нигаронии аслӣ ин аст ки дар сурати адами бознигарии бунёнҳои аслии сиёсати хориҷии Туркия, диплумосии ин кишвар бо буҳроне шадидтар мувоҷеҳ шавад.