Мухолифати беш аз сад узви кунгреи Омрико бо вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Эрон
Image copyrightReutersБеш аз як сад узви маҷлиси намояндагони Омрико дар нома ба Борок Убомо аз рӯйкарди диплумотики ӯ дар бораи муноқишаи ҳастии Эрон ҳимоят кардаанд. Онон аз дигар аъзои кунгре хостаанд таҳримҳои бештаре алайҳи Эрон вазъ накунанд, ки музокироти феълиро таҳдид кунад.
Ин номаро 104 узви кунгреи Омрико имзо кардаанд, ки чаҳор нафар аз онон аз ҳизби ҷумҳурихоҳ ва бақия аз демукротҳо ҳастанд.
Ин гурӯҳ аз намояндагони омрикоӣ аз кунгре хостаанд, ки ба диплумосӣ дар қиболи Эрон фурсат бидиҳад.
Дар ин нома омадааст: "Агар мусаввабае, ки хатари аз ҳам пошидани ҳамбастагии байналмилалиро дар пай дошта бошад ё бадтар аз он аз эътибори мо дар музокироти пеши рӯ бикоҳад ва пешрафти сахт ба дастомада барои дастёбӣ ба як тавофуқи ниҳоии қобили таъйидро таҳдид кунад, бояд аз он парҳез кард."
Мақомоти давлатии Омрико ба вазъи ҳар гуна таҳримҳои бештар алайҳи Эрон башиддат мухолифат кардаанд.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида, борҳо таъкид кардааст, ки агар кунгреи Омрико дар муҳлати шашмоҳи таъйиншуда дар тавофуқи Женев қонуне барои ташдиди таҳрими Эрон тасвиб кунад, онро вету хоҳад кард.
Мухолифати раиси Созмони Иттилоъоти Миллии Омрико бо ташдиди таҳрим
Ҷеймз Клеппер, мудири Созмони Иттилоъоти Миллии Омрико, як рӯз пеш дар ҷаласаи кумитаӣ дар сено бо вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Эрон мухолифат кард ва гуфт, ки метавонад бар музокироти ҷорӣ таъсири манфӣ бигузорад.
Оқои Клеппер дар ин бора дар нишасти кумитаи нерӯҳои мусаллаҳи сенои Иёлоти Муттаҳида суҳбат мекард.
Бо пофишории давлати Омрико ва бо оғози иҷрои тавофуқи Женев байни Эрон ва кишварҳои 5+1, аз талошҳои ҳомиёни шиддати амал алайҳи Эрон коста шудааст.
Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ дар ин тавофуқ, ки бо ҳузури вузарои хориҷаи ин ҳафт кишвар ба даст омад, ба роҳи ҳалле шашмоҳа барои коҳиши ихтилофот даст пайдо карданд
Эрон ва кишварҳои 5+1 рӯзи 24 ноябр бо ҳузури вузарои ҳориҷаи ҳар ҳафт кившар дар бораи як тавофуқи шашмоҳа барои коҳиши ихтилофот ба иттифоқи назар расиданд.
Интизори ду тараф ин будааст, ки дар ин шаш моҳ шароит барои дастёбӣ ба тавофуқ бар сари ҳаллу фасли доимии парвандаи атумии Эрон фароҳам шавад.
Тибқи тавофуқи Женев Эрон аз 20 январ ғанисозии 20-дарсадии урониюмро мутаваққиф кард ва дар иваз бахше аз таҳримҳои ин кишвар ба ҳолати таълиқ даромад.
Музокирот барои дастёбӣ ба як тавофуқи ниҳоӣ қарор аст ҳафтаи оянда дар мақарри Созмони Милал дар Виен, пойтахти Утриш, оғоз шавад.
