Шикоф дар Сенои Омрико бар сари таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон

  • 23 Январ, 2014
КунгреImage copyrightGetty
Image caption Борок Убомо аз Кунгре хоста буд, ки аз вазъи таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон худдорӣ кунад

Бо эъломи мухолифати ду узви дигари Сенои Омрико бо тарҳи афзоиши таҳримҳо алайҳи Эрон акнун эҳтимоли канор гузошта шудани ин тарҳ бештар шудааст.

Рӯзи чаҳоршанбеи 2 баҳман (22 январ) рӯзномаи "Вошингтун Пуст" навишт, ки Патӣ Мурей ва Элизобет Ворен, ду сенотури барҷастаи Кунгреи Омрико, эълом кардаанд бо тарҳе, ки ба дунболи афзоиши таҳримҳо алайҳи барномаи ҳастаии Эрон аст, мухолифанд.

Хонуми Мурей яке аз саршиносони ҳизби демукрот дар Сенои Омрикост ва ба ҳамин иллат мухолифати ӯ метавонад баёнгари шикофе ҷиддӣ дар миёни демукротҳои Кунгреи Омрико бар сари ҳимоят аз ин тарҳ талаққӣ шавад.

Акнун Ҳарӣ Рейд, раҳбари демукротҳои маҷлиси Сено ба ҳамроҳи Патӣ Мурей ва Дик Дербин аз мухолифони саршиноси тасвиби таҳримҳои ҷадид алайҳи Эрон дар миёни демукротҳо ҳастанд ва ин метавонад эҳтимоли ба раъй гузошта шудани чунин тарҳеро башиддат коҳиш бидиҳад.

Хонуми Мурей дар номае, ки дар ҳамин робита мунташир карда, навишта: "Ман ҳам монанди шумо (сенотурҳо) нигарони барномаи ҳастаии Эрон ҳастам... Ва ба ҳамин иллат ҳам аз тавофуқ (-и Женев) хушҳол шудам..."

"Муътақидам ин тавофуқ ва барномаи шашмоҳа гоме муҳим аст ва бояд ба давлат фурсат дод, то дар пешбурд ва иҷрои ин тавофуқнома ба пеш биравад."

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, ҳафтаи гузашта зимни дифоъ аз музокироти ҳастаӣ бо Эрон бори дигар аз Кунгреи Омрико хоста буд, ки аз вазъи таҳримҳои тоза алайҳи Эрон худдорӣ кунад.

Ӯ рӯзи душанбеи 23 даймоҳ гуфта буд: "Акнун вақти он аст, ки ба диплумотҳо ва коршиносҳои фаннӣ иҷоза бидиҳем корашонро анҷом диҳанд."

Пеш аз ин эълом шуда буд, ки 59 сенотури омрикоӣ пешнависи тарҳи таҳрими тозаеро алайҳи Эрон тадвин кардаанд ва қасд доранд ба таври эҳтиётӣ онро ба тасвиб бирасонанд, то дар сурати шикасти музокирот бо Теҳрон таҳримҳои шадидтар фавран алайҳи Эрон эъмол шавад, аммо оқои Убомо ҳушдор дода буд, ки мусаввабаи таҳриме эҳтимолиро вету хоҳад кард.

Матолиби муртабит