Ҳушдори Борок Убомо ба Кунгре дар мавриди Эрон

Борок Убомо зимни дифоъ аз идомаи музокироти ҳастаӣ бо Эрон бори дигар аз Кунгреи Омрико хостааст, ки аз вазъи таҳримҳои тоза алайҳи Эрон худдорӣ кунад.
Раисҷумҳури Оvрико рӯзи душанбеи 23 даймоҳ (13 январ) дар Кохи Сафед дар як нишасти хабарии муштарак бо Морёну Рохуй, нахуствазири Испониё, гуфт: "Ман сулҳ ва диплумосиро тарҷеҳ медиҳам ва ин яке аз далоилест, ки ба Кунгре паём додаам, ки алъон ваwти эъмоли таҳримҳои ҷадид нест."
Ӯ афзуд: "Алъон вақти он аст, ки ба диплумотҳо ва коршиносҳои фаннӣ иҷоза бидиҳем корашонро анҷом бидиҳанд.
Рӯзи душанбе эълом шуд, ки Эрон бо Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" (Омрико, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) ихтилофот дар мавриди ҷузъиёти тавофуқи Женевро ҳаллу фасл кардаанд ва ин тавофуқ аз поёни моҳи дай (20 январ) ба иҷро гузошта хоҳад шуд.
Ҳамзамон бо иҷрои таъаҳҳудоти ду тараф Эрон ва Гурӯҳи "Панҷ ба иловаи як" дар зарфи шаш моҳи оянда талош хоҳанд кард, ки барои ҳаллу фасли муноқишаи атумӣ ба як тавофуқи ниҳоӣ даст ёбанд.
Борок Убомо пешбинӣ кард, ки гуфтугӯҳо бо Эрон барои дастёбӣ ба як роҳи ҳалли ҷомеъ душвор хоҳад буд. Вай гуфт, ки агар Эрон ҳозир шавад аз фурсате, ки дар баробараш қарор гирифтааст, истифода кунад, ин иқдом ба суди Эрон ва мардуми ин кишвар хоҳад буд.
Оқои Убомо дар айни ҳол ҳушдор дод дар сурати шикасти музокирот Омрико ва муттаҳидонаш фишори таҳримҳо бар Эронро афзоиш хоҳанд дод.
Ҳушдор ба Русия
Давлати оқои Убомо рӯзи душанбе ҳамчунин аз гузоришҳои мабнӣ бар музокироти дуҷонибаи Эрон ва Русия барои "мубодилаи нафт бо коло" ибрози нигаронӣ кард.
Ба гуфтаи мақомҳои Кохи Сафед, Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, дар ин бора бо Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия, суҳбат кардааст, то маротиби нигаронии Вошингтунро ба Маскав мунтақил кунад.
Як сухангӯйи Шӯрои амнияти миллии Омрико ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин муъомила, ки ба гузориши хабаргузории Руйтерз арзиши он ҳудуди 1,5 милёрд дулор дар моҳ аст, нақзи тавофуқи Женев хоҳад буд ва эҳтимолан таҳримҳои Омрикоро дар пай хоҳад дошт.
Мақомҳои двлати Эрон ҳанӯз расман ба хабари музокирот бар сари мубодилаи нафт бо коло бо Русия вокуниш нишон надодаанд.
Ба назар мерасад, ки Омрико мубодилаи эҳтимолии нафт бо колоро машмули таҳримҳои нафтии худ медонад, ки бо вуҷуди тавофуқи Женев монанди таҳрими низоми бонкии Эрон ҳанӯз ба қуввати хуб боқист.
Кохи Сафед мегӯяд, ки таҳримҳои нафтию бонкиро алайҳи Эрон канор нагузоштааст, аммо бар ҷараёни музокирот бо вазъи таҳримҳои тозаи Кунгре алайҳи Эрон мухолиф аст.
Ҳамакнун нуҳ сенотури омрикоӣ пешнависи тарҳи таҳримҳои тозаеро алайҳи Эрон тадвин кардаанд ва мегӯянд, ки қасд доранд ба таври эҳтиётӣ онро ба тасвиб бирасонанд, то дар сурати шикасти музокирот, таҳримҳои шадидтар фавран алайҳи Эрон эъмол шавад.
Борок Убомо рӯзи якшанбе ҳушдор дода буд, ки мусаввабаи таҳриме эҳтимолиро вету хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки тарҳи ёдшуда ҳанӯз расман дар як кумитеи Сено матраҳ нашудааст ва рӯшан нест, ки дар ояндаи наздик барои раъйгирӣ ба саҳни Сено фиристода шавад.
Давлати оқои Убомо раванди музокироти Женевро фурсате бесобиқа барои ҳаллу фасли муноқишаи атумии Эрон медонад ва башиддат бо дахолати Кунгре дар ин раванд мухолиф аст.
Мақомҳои омрикоӣ мегӯянд, ки аз тариқи таълиқи ғанисозии 20-дарсадии урониюм монеъ аз пешрафти барномаи ҳастаии Эрон хоҳанд шуд ва бахшҳое аз онро ба ақаб боз хоҳанд гардонд.
