Омону: Бозрасӣ аз Эрон вақт ва буҷет лозим дорад

Юкио Омону, мудири кулли Созмони Байналмилалии Энержии Атумӣ, мегӯяд барои ин ки ожонс битавонад таъйид кунад Эрон ба таъаҳҳудоташ дар тавофуқномаи ҳастаии Женев амал карда, ба замон ва буҷет ниёз дорад.
Оқои Омону рӯзи панҷшанбеи 27 ноябр ба хабарнигорон гуфт: "Мо бояд тавофуқнома (Женев)-ро мутолиъа кунем ва роҳҳоеро, ки ожонс метавонад мавориди марбутаро ба марҳилаи амал дароварад, шиносоӣ кунем."
"Ин кор вақт лозим дорад, чун коре печида аст ва мо барои анҷоми он бояд худро ба шакли муносибе омода кунем."
"Ман наметавонам бигӯям кай омода хоҳам буд."
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ, диплумотҳо дар Виен (мақарри ожонс) муътақиданд густариши бозрасиҳо дастикам то январ ва баъд аз таътилоти соли нав амалӣ нахоҳад шуд.
Мудири кулли ожонс гуфт барои ин бозрасиҳо ин созмон дар садади таъмини буҷет аст, чун ин кор "ба пул ва нерӯи инсонии қобили таваҷҷуҳе ниёз дорад."
"Буҷети ожонс бисёр маҳдуд аст. Фикр намекунам, мо худамон битавонем тамоми буҷети ин корро таъмин кунем."
Эрон ҳафтаи гузашта бо шаш қудрати ҷаҳонӣ ба тавофуқ расид, то бархе аз фаъъолиятҳои ҳастаиашро шаш моҳ кунд кунад ё мутаваққиф кунад ва дар иваз бахше аз таҳримҳо алайҳи ин кишвар сабук шавад; аз ҷумла ин ки дар ин муддат Эрон сӯхт ё оби сангин ба таъсисоти Арок нафиристад.
Таъйиди ин ки Эрон ба ин таъаҳҳудот амал карда ба уҳдаи ожонс гузошта шуда ва ин ба маънои густариши бозрасиҳои ин созмон аз таъсисоти ҳастаии Эрон аст.
Бинобар ин дар моҳҳои оянда бозрасони ожонс бояд аз нерӯгоҳҳои ҳастаии Эрон, аз ҷумла нерӯгоҳи сангини Арок боздид кунанд.
Бо ин ҳол, тавофуқ барои бозрасӣ аз ин нерӯгоҳ пеш аз тавофуқи Женев ва дар сафари оқои Омону ба Теҳрон сурат гирифтааст.
Оқои Омону ва Алиакбар Солеҳӣ, раиси Созмони энержии атумии Эрон тавофуқеро имзо карданд, ки "чорчӯби ҳамкорӣ" ном гирифтааст.
Дар ҳамон заон эълом шуд бозрасони ожонс барои бозрасӣ аз таъсисоти таъсисоти об сангини Арок ва маъдани Гачини Бандар Аббос ба Эрон хоҳанд омад, ин аввалин марҳила аз тавофуқи Эрон ва ожонс ба шумор меравад.
Ожонс бо вуҷуди дархостҳои мукаррар аз соли 2011 натавониста аз таъсисоти Арок боздид кунад.
Ғарб нигарон аст, ки Эрон дар Арок плутуниюми қобили истифода дар бумби атумӣ тавлид кунад, аммо Эрон мегӯяд ин таъсисот фақат барои масорифи пизишкӣ плутуниюм тавлид мекунад.
Рӯзи панҷшанбе гузориш шуд, ки бозрасони ожонс барои бозид аз таъсисоти Арок ба Эрон даъват шудаанд.
Ризо Наҷафӣ, намояндаи доими Эрон дар Ожонси Байналмилалии Энержии Атумӣ, рӯзи панҷшанбе таъкид кард: "Эрон сирфан дар чорчӯби тавофуқ бо ожонс аз бозрасон хоста то дар таърихи 8 декабр барои боздид аз таъсисоти тавлиди оби сангини Арок ба Эрон биёянд."
Ӯ таъкид кард, ин боздид дар чорчӯби тавофуқномаи Женев набудааст.
Оқои Омону ҳамчунин гуфт тасовири ҷадиди моҳвораӣ нигарониҳоеро дар бораи нерӯгоҳи Юнгбюни Куреи Шимолӣ ба вуҷуд овардааст.
Ғарб нигарон аст Куреи Шимолӣ дар ин нерӯгоҳ плутуниюми қобили истифода дар бумби атумӣ тавлид кунад.
Куреи Шимолӣ дар соли 2008 дар тавофуқе байналмилалӣ ин нерӯгоҳро таътил кард, аммо ҳудуди ҳафт моҳ пеш эълом крад онро дубора фаъъол хоҳад кард.
Ожонс имкони бозрасӣ аз ин нерӯгоҳро надошта ва ба гуфтаи оқои Омону "наметавон ба яқин гуфт оё нерӯгоҳ дубора фаъъол шудааст ё на."
