Ароқчӣ: Наметавон ба пешрафти музокироти ҳастаӣ хушбин буд

  • 20 Феврал, 2014
Image copyrighticana.ir
Image caption Узви аршади тими музокироти ҳастаӣ мегӯяд гуфтугӯҳо дар фазои мусбате анҷом шудааст

Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазорати хориҷаи Эрон, мегӯяд кишварҳои 5+1 ва Эрон бар сари чорчӯби идомаи музокирот тавофуқ кардаанд, аммо ҳанӯз хушбинӣ ба ояндаи гуфтугӯҳо вуҷуд надорад.

Оқои Ароқчӣ, ки аз аъзои аршади тими музокироти ҳастаии Эрон аст, пеш аз поёни даври феълии музокироти Виен ба хабаргузории ИРНО гуфта, қарор аст даври баъдии музокирот охири исфандмоҳи ҷорӣ дар Виен баргузор шавад.

Ба гуфтаи оқои Ароқчӣ, ки дар музокироти Виен ҳузур дорад, "музокирот дар фазои мусбате сурат гирифта, аммо ҳанӯз наметавон ба пешрафти музокироти оянда хушбин буд."

Рӯзи панҷшанбеи 20 феврал севумин рӯзи музокироти Эрон ва Гурӯҳи 5+1 дар Виен аст

Қарор аст то зуҳри имрӯз бо баргузории мусоҳибаи матбуъотӣ натиҷаи ин даври музокирот эълом шавад.

Касро Ноҷӣ, хабарнигори Би-би-сӣ дар маҳалли музокирот, мегӯяд дар ин даври гуфтугӯҳо ихтилофҳое байни ду тараф дар бораи гунҷондани баъзе маворид дар дастури кор вуҷуд дорад.

Масъалаи мушакҳои болистик ва ҳамчунин баҳс бар сари идомаи кори таъсисоти Фарду ва аз ин маворид ихтилоф аст.

Ҷавод Зариф, вазири хориҷаи Эрон ва Котрин Аштун, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо шаби гузашта ҳам барои суҳбат дар бораи ихтилофи назарҳо гуфтугӯ карданд.

Таъйини абъоди ғанисозӣ ва маҳдуд кардани теъдоди сонтрифужҳо, коҳиши захираи урониюми ғанишуда, таваққуфи фаъъолияти таъсисоти ғанисозии Фарду ва реоктури оби сангини Арок аз масоиле аст, ки Ғарб мехоҳад мушаххас кунад. Аз тарафи дигар Эрон ҳам мехоҳад ҷадвали замонбандии бардоштани таҳримҳо зудтар мушаххас шавад.

Вандӣ Шерман, муъовини вазири хориҷаи Омрико, пештар гуфта буд Эрон барои фаъъолиятҳои сулҳомез ниёзе ба таъсисоти ғанисозии зерзаминӣ монанди сойти Фарду ва реоктури оби сангини Арок надорад

Аммо Аббоси Ароқчӣ, муъовини вазири умури хориҷаи Эрон, ҳам дар мусоҳибае телевизиюнӣ дар посух ба муъовини вазорати хориҷаи Омрико гуфта буд: "На ба хонуми Ҳерман, на ба ҳеҷ каси дигар иҷоза намедиҳем, ки барои Эрон ниёз таъйин кунанд."

Эрон ва Ғарб дар нишасти Женев бар сари як давраи шашмоҳаи маҳдуд кардани фаъъолиятҳои ғанисозӣ ва дар иваз, бардоштани баъзе таҳримҳо ба тавофуқ расиданд ва ҳоло машғули музокира барои таъйини чорчӯбҳои ҷомеъи куллии идомаи роҳ ҳастанд.

Музокираи серӯза дар ҳутеле дар маркази шаҳри Виен дар ҷараён аст.

Буҳрони Укройн бар музокироти Эрон ва кишварҳои "Панҷ ба иловаи як" соя андохтааст. Гуфта мешавад барои расидагии диплумотҳои урупоӣ ба масъалаи Укройн, нишасти Эрон ва шаш кишвари дигар то зуҳри имрӯз тамом мешавад.

Матолиби муртабит