Оғози даври тозаи музокироти ҳастаӣ бо Эрон дар Виен

  • 18 Феврал, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Ванди Шерман, мақоми омрикоӣ, дар ҳоли тарки ҳутели худ дар Виен дар остонаи музокирот бо Эрон

Вазорати умури хориҷаи Омрико дар остонаи баргузории даври тозаи музокироти Эрон ва Гурӯҳи 5+1 як бори дигар бар печидагӣ ва тӯлонӣ будани музокирот бо Эрон таъкид кардааст.

Хабаргузории "Руйтерз" гузориш дода ба гуфтаи ин мақоми аршади вазорати хориҷаи Омрико, ки дар Виен бо хабарнигорон суҳбат карда "чанд рӯз пеширӯи оғози раванде печида душвор ва тӯлонӣ хоҳад буд. Ҷузъиёт бисёр муҳим аст ва дар чунин шароите анҷоми кор дар як рӯз ва як ҳафта ва ҳатто як моҳ мумкин нест."

Қарор аст имрӯз мақомоти музокиракунанда аз Эрон, Омрико, Чин, Русия, Олмон, Фаронса ва Бритониё аввалин даври музокироти худро барои расидан ба тавофуқе ҷомеъ бар сари фаъъолиятҳои ҳастаӣ бо ҳадафи маҳдуд кардани он дар муқобили лағви таҳримҳо алайҳи Эрон оғоз кунанд.

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, дар раъси ҳайъати музокиракунандаи эронӣ дар Виен аст ва дар остонаи гуфтугӯҳо дар зиёфати шоме бо Котрин Аштун, раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Урупо, ширкат кардааст.

Хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нақл аз вазири умури хориҷаи Эрон навишт: "Муътақидем мешавад ба натиҷа расид ва бо ин иродаи сиёсӣ омадаем, ки корро ба натиҷа бирасонем."

Ин дар ҳолест, ки камтар аз 24 соъат қабл раҳбари Эрон Оятуллоҳ Хоминаӣ дар суханронии худ пешбинӣ карда буд музокироти ҳастаӣ ба натиҷа нахоҳад расид.

Он гуна ки дар гузориши хабаргузории расмии Эрон омада, Муҳаммадҷавод Зариф ба суханони Оятуллоҳ Хоминаӣ низ ишорае карда ва гуфтааст: "Ҳама диданд эшон фармуданд мардум нисбат ба рафтор ва гуфтори омрикоиҳо хушнуд нестанд; лизо он чи зарурӣ аст, ки аз ин фурсат истифода шавад ва мо фардо баҳсро дар ин чорчӯб шурӯъ мекунем."

Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, як рӯз қабл аз оғози даври тозаи музокироти ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ гуфт: "Дар суханронии аввали сол ҳам гуфтам, ки ман ба музокира хушбин нестам ва ба ҷое намерасад, вале мухолифате ҳам надорам."

Бахши "Паёмак"-и сойти Оятуллоҳ Хоминаӣ, ки ба гузориши хабарҳои кӯтоҳ аз суханронии раҳбари Эрон мепардохт, аз қавли вай навишт: "Дар суханронии аввали сол ҳам гуфтам, ки ман ба музокира хушбин нестам ва ба ҷое намерасад ва дидед, ки ба ҷое нарасид; вале мухолифате ҳам надорам." Бо ин ҳол, иборати "дидед, ки ба ҷое нарасид", дар нусхаи баъдии хабар, ки рӯйи ин сойт мунташир шуд, вуҷуд надошт.

Муҳаммадҷавод Зариф гуфтааст қарор нест дар гуфтугӯҳое, ки рӯзи сешанбе оғоз мешавад, дар бораи матне тавофуқ шавад, вале рочеъ ба "чорчӯбҳо ва созу корҳо барои расидан ба тавофуқ" баҳс мешавад. Вазири умури хориҷаи Эрон пешбинӣ карда баъд аз як ё ду ҷаласаи дигар кори нигориши матни тавофуқи ҷомеъ миёни Эрон ва Гурӯҳи 5+1 оғоз шавад.

Вай таъкид кард: "Агар тарафайн бо иродаи хуб ва нияти сиёсӣ бо ҳадафи ҳалли масъала вориди музокирот шаванд, хоҳем тавонист ба натоиҷи мусбате бирасем. Ин албатта замон хоҳад бурд, зеро ниёзманди ин аст, ки ҳама бо ҳам ҳамкорӣ кунанд ва ба ҳамин хотир дар барномаи иқдоми муштарак чорчӯби замонӣ аз 6 моҳ то як сол барои дастёбӣ ба тавофуқи ниҳоӣ пешбинӣ шудааст."

Бо ин ҳама, ба гузориши хабаргузории "Руйтерз", яке аз аъзои ҳайъати музокиракунандаи Омрико ба хабарнигорон гуфтааст зарфи шаш моҳ ва шояд зудтар мушаххас хоҳад шуд, ки оё шонси расидан ба тавофуқи ҷомеъ бо Эрон бештар шудааст ё на, вале ҳадафи Омрико истифода аз фурсати шаш моҳи оянда барои расидан ба тавофуқ аст.

Матолиби муртабит