Борок Убомо вазъияти изтирорӣ дар қиболи Эронро тамдид кард
Image copyrightGettyРаиси ҷумҳурии Омрико дар номае ба кунгреи кишвар хабар додааст, ки бо тамдиди вазъияти изтирорӣ дар қиболи Эрон, қонунеро, ки 19 сол пеш дар ин замина вазъ шуда буд, барои як соли дигар иҷроӣ нигаҳ медорад.
Қонуни вазъияти изтирорӣ дар қиболи Эрон дар моҳи марти 1995 вазъ шуд ва тибқи муфоди он баъд аз як сол худ ба худ мунқазӣ мешавад, магар ин ки 90 рӯз пеш аз таърихи инқизои яксола раиси ҷумҳурии Омрико дар номае ба кунгре аз тамдиди он хабар бидиҳад.
Қонуни вазъияти изтирорӣ дар қиболи Эрон 19 соли гузашта ба таври мутановиб тамдид шудааст, аммо ин аввалин тамдиди он баъд аз ҳусули тавофуқи муваққати ҳастаӣ дар Женев аст.
Раиси ҷумҳурии Омрико дар ин нома оварда, агарчи ин аввалин бор дар як даҳаи гузашта аст, ки "тавофуқи Женев ақибнишинӣ дар бахшҳои калидии барномаи ҳастаии Эронро мумкин кардааст," аз онҷо, ки бархе иқдомот ва сиёсатҳои давлати Эрон бо манофеъи Омрико дар минтақа мухолиф аст ва барои амнияти миллӣ, сиёсати хориҷӣ ва иқтисоди Омрико таҳдиде ғайримутаъориф ва ҷиддӣ аст, вазъияти изтирорӣ дар қиболи Эрон ва таҳримҳои ҷомеъ алайҳи ин кишвар идома хоҳад ёфт.
Вазъияти изтирорӣ ва таҳрими Эрон
"Қонуни ихтиёроти иқтисодии изтирории байналмилалӣ" дар соли 1977 ба тасвиби кунгре ва имзои раиси ҷумҳури вақти Омрико расид ва бар асоси он, ба раиси ҷумҳурӣ иҷоза дода шудааст, то бо эъломи вазъияти изтирории миллӣ дар Укройн ба "таҳдиди ғайримутаъориф ва фавқулъода нисбат ба амнияти Иёлоти Муттаҳида аз сӯйи манбаъи хориҷӣ "равобити тиҷории Омрико бо он манбаъро танзим кунад."
Фармони вазъияти изтирории миллӣ дар иртибот бо Эрон дар давраи раёсати ҷумҳурии Бил Клинтун содир шуд.
"Манбаъи таҳдиди" мавриди ишора дар ин қонун метавонад кулан дар хориҷ аз хоки Иёлоти Муттаҳида воқеъ ё бахше аз он дохилӣ ва бахше дигар хориҷӣ воқеъ шуда бошад. Иҷозаи "танзими равобити тиҷорӣ", аз ҷумла шомили таваққуфи муъомилот, масдуд кардани дороиҳо ва дар сурати ҳамлаи низомӣ ба хоки Омрико забти амволи тарафи мутахосим аст.
