Занги Путин ба Убомо барои баррасии буҳрони Укройн
Image copyrightAPВладимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар тамосе телефунӣ бо Борок Убомо дар бораи буҳрони Криме ва Укройн бо раиси ҷумҳурии Омрико гуфтугӯ кардааст.
Кохи Сафед рӯзи ҷумъаи ҳаштуми фарвардин (28 март) хабар дод, ки оқои Путин ба оқои Убомо занг зада ва хостори баррасии пешниҳоди Омрико барои ҳалли буҳрони Укройн аз роҳи диплумотик шудааст.
Ин пешниҳодро қаблан Ҷон Керӣ, вазири хориҷаи Омрико, ба Сергей Лавров, ҳамтои русаш, таҳвил дода буд.
Ин пешниҳод аз ақабнишинии сарбозони таҳти ҳимояти Русия аз Криме, гуфтугӯи мустақими давлатмардони Укройн ва Русия бо ҳимоят ва назорати ҷомеъаи байналмилалӣ, истиқрори нозирони байналмилалӣ дар Укройн ва Криме ва тасҳили (осонсозии) раванди ислоҳот дар Укройн ва баргузории интихоботи риёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар иборат аст.
Сухангӯи оқои Убомо эълом карда, ки раиси ҷумҳурии Омрико дар ин тамоси телефунӣ ба оқои Путин гуфта, ки Русия посухҳои мушаххаси худ ба ин пешниҳодро "ба таври мактуб (хаттӣ)" ироа кунад ва вузарои хориҷаи ду кишвар ба гуфтугӯҳо дар ин бора идома хоҳанд дод.
Оқои Убомо ҳамчунин дар ин тамоси телефунӣ таъкид кардааст, ки давлати Укройн рӯйкарди хештандорӣ дар қиболи буҳронро пеша карда ва ба ислоҳоти қонуни асосӣ ва интихоботи демукротик идома хоҳад дод.
Раиси ҷумҳурии Омрико аз Русия хоста, ки аз ин раванд ҳимоят кунад ва аз идомаи таҳрик ва таҳаррукоти низомияш, аз ҷумла анбоштани нерӯҳояш дар марз бо Укройн, бипарҳезад.
Оқои Убомо ҳамчунин гӯшзад карда, ки Омрико аз ҳалли диплумотики буҳрон бо мушорикати давлати Укройн ва аз мардуми ин кишвар ҳимоят мекунад. Аммо ин амр дар сурате имконпазир аст, ки "Русия нерӯҳои худро ақаб кашад ва ҳеч иқдоми дигаре барои нақзи тамомияти арзии Укройн накунад."
Вай гуфтааст Омрико бо иқдомоте, ки Русия то ҳол дар ҷиҳати "нақзи ҳокимият ва тамомияти арзии Укройн" анҷом дода, қатъан мухолиф аст. Аммо ин нукот дар баёнияи хабарии Кремлин зикр нашудааст.
Дар ин баёния омада, ки раиси ҷумҳурии Русия хостори иқдомоти муштараки байналмилалӣ барои мусоъидат ба беҳбуди вазъият дар Укройн шудааст: "Ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар ояндаи наздик абъоди мушаххаси ҳамкорӣ дар ин замина аз сӯйи вузарои хориҷаи Русия ва Омрико баррасӣ хоҳад шуд."
Ҳамзамон, ба навиштаи Кремлин, оқои Путин ба раисҷумҳури Омрико "аз аъмоли ваҳшатноки ифротгароён дар Укройн нисбат ба сокинон, сохторҳои давлатӣ, ниҳодҳои интизомӣ дар манотиқи мухталиф ва дар шаҳри Киев" иттилоъ додааст.
Дар баёнияи Кремлин ҳамчунин омада, ки оқои Путин дар гуфтугӯ бо оқои Убомо дар мавриди дар "муҳосираи воқеъӣ" қарор гирифтани Дниестр, минтақаи руснишини Мулдовӣ, ки шароити зисти мардумонашро душвор сохта ва аз тараддуд ва тиҷорати озод монеъ мешавад, ибрози нигаронӣ кардааст.
Борок Убомо тамоси телефунии Владимир Путинро дар ҳоле ҷавоб дод, ки барои дидор бо подшоҳи Арабистони Саъудӣ ба ин кишвар сафар кардааст. Ӯ пеш аз сафар ба Ховари Миёна дар Урупо бо муттаҳидони худ дар ин қорра дар бораи буҳрони Укройн дидор ва гуфтугӯ кард.
Дар пайи ҳамапурсии рӯзи шонздаҳуми март дар шибҳиҷазираи Криме, ки ба илҳоқи ин минтақа ба Русия анҷомид, равобити кишварҳои ғарбӣ ва Маскав дучори танише камсобиқа шудааст.
Рӯзи ҷумъа оқои Убомо дар гуфтугӯи телевизиюнии худ бо Си-би-эс Нюз, ки пеш аз тарки Урупо забт шуда буд, гуфт Владимир Путин "набояд иқдомотеро такрор кунад, ки дар тӯли ҷанги сард мутадовил буд."
Ӯ аз Русия хост "нерӯҳои худро аз марзи Укройн ақаб бикашад ва танишҳоро коҳиш диҳад."
Ҳамзамон бо гуфтугӯи телефунии руасои ҷумҳурии Омрико ва Русия аз Ню-Йурк хабар мерасад, ки Бон Ки-мун, дабири кулли Сохзмони Милали Муттаҳид, ки батозагӣ аз Маскав бозгашта, гуфтааст Владимир Путин ба ӯ итминон дода, ки артиши Русия ҳеч гуна тасмиме барои иқдоми низомӣ надорад.
Бо вуҷуди ин, НОТУ таҳаррукоти низомии артиши Русия дар марзҳои шарқии Укройнро "истиқрори васеъу ҷиддии нерӯҳои низомӣ" арзёбӣ кардааст. Иқдоме, ки Омрико ва муттаҳидони урупоияшро нисбат ба қасди Маскав ва барномаҳои ояндаи Кремлин нигарон кардааст.
