Назарот: Сукути Тоҷикистон дар бораи илҳоқи Криме ба Русия
Image copyrightGettyМаҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо судури қатъномае ғайриилзомовар ҳамапурсии Криме ва илҳоқи ин минтақа ба Русияро ғайриқонунӣ хонд.
Яксад кишвар ба ҳимоят аз ин қатънома раъй доданд, 58 кишвар рафъи мумтанеъ доданд ва 11 кишвар, бо шумули худи Русия, раъйи мухолиф доданд. Тоҷикистон аз додани раъй худдорӣ кард.
Ин мавзӯъ ба баҳсҳое дар афкори умумӣ доман зада ва бисёриҳо аз давлати Тоҷикистон барои мушаххас накардани мавзеъаш интиқод кардаанд. Аммо бархе мегӯянд, ки сукути Тоҷикистон дар ин масъалаи ҳассоси байналмилалӣ барои ҳифзи равобити ҳасанааш бо ҳамаи тарафҳо муфид аст.
Бархе аз коршиносон ва намояндагони давлат ва аҳзоби сиёсӣ низ дар суҳбат бо Би-би-сӣ аз шарҳи ин ки чиро Тоҷикистон дар қиболи ин қазия ҳанӯз ҳеч вокунише накарда, худдорӣ карданд, аммо назароти бархе дигар, ки омода шуданд бо мо суҳбатк унанд, аз ин қарор аст:
Усмон Солеҳ, аз фаъъолони ҳизби халқи демукрот:
"Ба ақидаи ман, ин қатънома хоссияти ҳатмӣ (илзомӣ) надорад ва ин иродаи раҳбарияти кишвари мо аст, ки ба ҳамин шакл мавзеъи худро дар бораи ин қатънома мушаххас ва муъайян кунад. Ба фикри ман, вақт дар оянда муъайян мекунад, ки то куҷо ин чиз воқеъияти қобили қабул ҳаст ё не.
Ва ин ки ин иттифоқ рух дод, яъне “совершивший факт” ё амали анҷом шуда, ки мегӯянд, яъне воқеъиятест, ки сурат гирифтааст ва иродаи мардуми Кримеро низ намешавад ба инобат нагирифт.
Аз ҷониби дигар, дар миёни раҳбарони кунунии Укройн доираҳое нуфуз пайдо кардаанд, ки онҳо миллатгаро ҳастанд, ин ҳам мӯҷиби ташвиши ҷониби Русия шуда метавонад, ки дар оянда инкишоф наёбад.
Ҳамин мавзеъи бетарафиро гирифтани кишвари мо, ман фикр мекунам, ки барои халалдор накардани муносибатҳо бо кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, ва бо дигар кишварҳое, ки Тоҷикистон муносиботи қавии диплумотик дорад, хуб аст. Ба фикри ман, ҳамин мавзеъ дар айни замон дуруст аст ва вақт низ муъайян мекунад, ки дар оянда чи хоҳад шуд."
Муҳаммадалӣ Ҳайит, муъовинин раҳбари ҲНИТ:
"Аввал ин ки хомӯшии давлати Тоҷикитон ва раъй надодан дар Маҷмаъи Умумии СММ роҷеъ ба тасарруфи Криме аз сӯйи Русия баёнгари тарсест аз сӯйи давлати Тоҷикистон, ки фардо як чунин бало метавонад ба сари худаш низ биёяд.
Ва на танҳо ба сари давлати Тоҷикистон, балки ба сари Мулдовӣ ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ низ, ки дар он ҷо Русия нуфуз, қудрату тавон ва пойгоҳҳои низомии худро дорад. Ва эҳтимол ҳам дорад, ки дар оянда зери фишори Русия ҳукумати Тоҷикистон Кримеро ба расмият бишносад.
Аз нигоҳи қонунӣ, он коре, ки Русия кард, ғайриқонунӣ аст. Русия Кримеро забт кард ва ба тасарруфи худ даровард ва тавонист бо баргузории ҳамапурсӣ онро соҳибӣ кунад. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё Маҷмаъи Умумии СММ ва кишварҳое, ки имрӯз дар қиболи Русия сангар гирифтаанд, метавонанд болои он фишори зиёде биёранд, ки Русия аз он иқдоме, ки анҷом дод, даст кашад?
Ва ин ки мардуми Криме гӯё дар ҳамапурсӣ ширкат карданд ва ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба Русия раъй доданд, оё метавонанд аз он сарфи назар кунанд ё кадом фишоре ворид шаваду укройниҳо Кримеро бозпас гирифта тавонанд, ин масъалаи дигар аст.
Баъд аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ дар ҷаҳон чунин иттифоқе рӯй надодааст, ки қисмате аз як кишвар берун рафта ва ба кишвари дигаре пайваста бошад. Вале кишварҳое озод шуданд, худро мустақил эълом карданд, тавре ки дар Югусловии собиқ ин кор сурат гирифт. Ва ман метавонам бигӯям, ки ин намуна намунаи хеле хатарбор барои кишварҳои ҷаҳон ва бавижа барои ҷамоҳири шӯравии собиқ аст."
Фирӯз Саидов, коршиносои мустақил:
"Фикр мекунам, қатъномае, ки Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар қиболи Укройн ва Криме қабул кард, бештар тавсия аст ва таъсири ҷиддие дар ин ки Криме ба Русия пайваст нахоҳад дошт.
Ин тавсия танҳо барои муъайян кардани ақидаи кишварҳо дар қиболи қазияи Укройн буда ва таъсири он дар оянда дар қиболи воқеъоти Укройн ва Криме он қадар сахт нахоҳад буд.
Ҳамчунин, бахши аъзаме аз кишаварҳое, ки нуфузи зиёд доранд, дар қиболи ин қазия аз худ бетарафӣ нишон доданд ва ин тасмими хусусии ин давлатҳо буд.
Ба ақидаи шахсии ман, Тоҷикистон бояд, ки бетарафиро дар қиболи ин қазия ихтиёр кунад. Зеро Тоҷикистон кишвари хурд аст ва ҳам ба Русия, ки муҳоҷирони зиёде он ҷо дорад, ва ҳам ба кишварҳои дигар вобастагии зиёде дорад.
Сиёсате, ки ҳоло давлат дар қиболи қазияи Криме ва Укройин дорад, дурсат аст, зеро пеш аз ҳама давлати Тоҷикистон бояд дар ҳоли ҳозир бештар фикри мардум ва тавсеъаи иқтисоди худро кунад. Ва бетарафии Тоҷикистон дар ин замина хуб аст.
Аммо Арманистон ва Белорус, ки аз Русия ҷонибдорӣ карданд, ин кори онҳо аст ва онҳо ба истилоҳ бо Русия дар як киштӣ ҳастанд."
Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот:
"Азбаски ин қатъномаро Қазоқистон, Афғонистон ва Узбакистон, кишварҳои атрофи Тоҷикистон, эътироф карданд, онҳо раҳбарии Тоҷикистонро дар вазъияти ногуворе қарор доданд. Ва азбаски раҳбарияти Тоҷикистон имрӯз то он дараҷа мустақил нест, онҳо намедонанд, ки дар кадом мавқеъ қарор бигиранд.
Замоне ҳам ки Талбак Назаров вазири умури хориҷа буданд, он кас низ ҳамеша мавқеъи ба гуфтаи русҳо “выжидательный” ё “дар интизорӣ”-ро пеша мекарданд ва дар охир медиданд, ки оқибаташ чи кор мешавад. Умуман ман фикр мекунам, ки дар воқеъаи феълӣ низ Тоҷикистон ҳамин сиёсатро пеша кардааст.
Сиёсати давлати Тоҷикистон ва ҷомеъаи он имрӯз аз ҳамин иборат аст, ки дар ягон масъалаҳои байналмилалӣ ва жеупулитикӣ ибтикор нишон дода наметавонанд ва ин маромро пеша кардаанд, ки "канӣ бинем, ки чи мешавад ва мо пас аз он мебинем, ки чи мавқеъро мегирем."
Аммо ба назари ман, ҳамапурсӣ дар Криме ғайриқонунӣ буд, зеро қонуни асосии он кишвар баргузории ҳамапурсии маҳаллиро муъайян накардааст. Дар ҷумҳурии худмухтори Криме танҳо тоторҳо метавонанд масъалаи баргузории ҳамапурсиро матраҳ куанд, зеро ин кишвар маҳз бо номи онҳо ба ҷумҳурии худмухтор табдил ёфта буд. Ва пешниҳоди онҳоро метавонистанд ба як чорчӯби қонунӣ ва ё ҳуқуқӣ дохил кунанд.
Ҳарчанд мақомоти Русия бо баҳонаи нақзи ҳуқуқи русҳо дар Криме ба ин кор даст заданд, аммо Русия ба ҳеҷ ваҳҷ наметавонад ин иддаъои худро исбот кунад. Зеро дар Криме русҳо аксарият буданд ва ҳатто коргузорӣ дар он ҷо ба забони русӣ анҷом меуд ва дар шаҳрҳо ва навоҳии он забони укройнӣ банудрат садо медод.
Аз сӯйи дигар, Криме аз ҳама вазъи муътадил дар Укройнро дошт ва дар ин ҳолат ба баргузории ҳамапурсӣ дар ин минтақа ниёзе набуд. Вале Русия бо ин кор ҳам худ ва ҳам Укройнро бо мушкилоти зиёде рӯбарӯ кард ва ин қазия душориҳое зиёдеро низ дар пай хоҳад дошт."
