'Кушта шудани афсари укройнӣ' дар Криме

  • 19 Март, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Сарбозони бенишон дар Криме, ки ба бовари умумӣ ба Русия вобастаанд

Артиши Укройн мегӯяд як афсари ин кишвар дар ҳамлае ба як пойгоҳи низомӣ дар Криме кушта шудааст, ки аввалин марг аз замони тасхири ин нимҷазира тавассути нерӯҳои вафодор ба Русия аст.

Укройн акнун ба нерӯҳояш дастур дода дар сурати лузум дар дифоъ аз худ оташ бигушоянд.

Ин ҳамла пас аз он сурат гирифт, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва раҳбари Криме паймонеро барои инзимоми ин ноҳияи худмухтор ба Русия имзо карданд.

Криме бар асоси Қонуни асосии Укройн бахше аз ин кишвар аст ва нерӯҳои артиши Укройн дар он ҷо пойгоҳ доранд.

Аммо дар пайи нооромиҳои моҳи феврал, ки ба суқути давлати ҳаводори Маскав дар Укройн мунҷар шуд, нерӯҳои Русия Кримеро ишғол карданд.

Криме дар ҳамапурсии рӯзи якшанбе тасмим гирифт ба Русия мулҳақ шавад, аммо давлати Укройн ҳанӯз ин раъйгириро ба расмият нашнохта ва нерӯҳояшро аз Криме хориҷ накардааст.

Укройн ва бисёре аз кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки ин раъйгирӣ таҳти фишори низомии Русия анҷом шуда ва онро номашрӯъ ва беэътибор медонанд.

Қарор аст Гурӯҳи ҳафт ва Иттиҳодияи Урупо ҳафтаи оянда нишасте дар Лоҳа барои баҳс дар ин замина баргузор кунанд.

Буҳрони Укройн дар моҳи ноябр пас аз он шурӯъ шуд, ки Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳури вақти Укройн тасмим гирифт барои тақвияти равобит бо Маскав аз имзои паймоне иқтисодӣ бо Иттиҳодияи Урупо худдорӣ кунад. Ӯ дар пайи нооромиҳои умумӣ аз Укройн гурехт ва дар Русия паноҳанда шудааст.

Даргирӣ дар Криме

Як шоҳиди айнӣ ба Би-би-сӣ гуфт мардони мусаллаҳ дар ду василаи нақлияи бенишон ба як пойгоҳи низомии Укройн дар шаҳри Симферупул, маркази Криме, юриш бурданд ва иқдом ба тирандозӣ бо мусалсал карданд.

Давлати Укройн гуфт, ки як афсари пойинрутба, ки дар порке дар дохили пойгоҳ пос медод, кушта шуда ва як афсари дигар захмӣ шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, як сарбози дигар ҳам бо милаи оҳанӣ мазруб ва аз ноҳияи по дучори ҷароҳоте шудааст.

Давлати Укройн гуфт, ки фармондеҳи ин воҳиди низомӣ тавассути мардоне, ки унифурми низомии русӣ ба тан доштанд дастгир шуд.

Влодислов Селезнев, сухангӯйи вазорати дифоъи Укройн, ба "Руйтерз" гуфт, ки ҳамла тавассути "нерӯҳои ношинос ва комилан муҷаҳҳаз, ки сураташонро пӯшонда буданд, анҷом шуд"

Ӯ гуфт, ки кортҳои шиносоӣ, силоҳҳо ва пули нерӯҳои укройнӣ дар ин ҳамла мусодира шуд.

Орсений Ётсенюк, нахуствазири муваққати Укройн, дар як нишасти фавқулъодаи давлат гуфт: "Ин муноқиша аз як вазъияти сиёсӣ вориди як марҳилаи низомӣ мешавад."

Ӯ гуфт: "Сарбозони рус шурӯъ ба тирандозӣ ба сӯйи аъзои артиши Укройн кардаанд ва ин як ҷинояти ҷангӣ аст."

Аммо хабаргузории "Криминфур"-и Криме гузориш медиҳад, ки "як сарбози нерӯҳои дифоъии ҳаводори Русия ба зарби гулӯла кушта шудааст."

Ҳеҷ кадом аз ин ривоёт ба таври мустақил таъйид нашуда ва ҳатто қатъӣ нест, ки гузорише аз ҳамон ҳодиса бошад.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Симферупул мегӯяд то ин марҳила аз буҳрон фақат гулӯлаҳои ихтор шиллик шуда буд, аммо ба назар мерасад, ки ин таниш дар ҳоли авҷ гирифтан бошад ва бими даргириҳои бештар меравад.

Матолиби муртабит